Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеаи ҷаҳонӣ кушторҳои Мисрро маҳкум кард


Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамлаи хунини нерӯҳои аниятии Миср ба эътирозгарони ҳаводори Муҳаммад Мурсиро маҳкум кард.

Эрон, Туркия, Қатар, Амрико ва Дабири кулли СММ аз он ҷумлаанд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷи Амрико гуфтааст, ончӣ дар Миср рух медиҳад, ваҳшатнок аст ва ҳама тарафҳо бояд аз хушунат дурӣ карда ва ба роҳи ҳалли сиёсӣ рӯ биёваранд.

Амрико аз кудато хондани рухдодҳои пешини Миср низ дурӣ карда буд ва ба кӯмакҳои худ ба артиши он кишвар идома додааст. Бо ин ҳама хабаргузории Ройтерз ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ, ки нахостанд номашон фош шавад, гуфта, мумкин аст Амрико размоиши муштараки худро бо Миср лағв кунад.

Амрико дар айни ҳол бо эъломи вазъияти фавқулодда дар Миср мухолифат кардааст. Давлати Миср рӯзи чаҳоршанбе баъди саркӯби тазоҳурот, дар шаҳри Қоҳира ва 10 вилояти дигар вазъи фавқуллода ва қуюди шабгардӣ эълом кард.

Эдуардо дел Буи, сухангӯи дабири кулли Созмони Милал, рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Нюй Йорк ба хабарнигорон гуфт, ки Бан Ки Мун истифодаи зӯр аз тарафи нерӯҳои амниятии Мисрро маҳкум кардааст: "Дабири кулли Созмони Милал истифодаи зӯр ҳангоми пароканда кардани тазоҳургарон дар Қоҳираро қотеъона маҳкум мекунад."

Муҳаммад ал-Бародаӣ, муовини раиси ҷумҳури муваққат баъди ин таҳавуллот аз мақомаш истеъфо кард. Ӯ бо таъкид бар ин мавзӯъ, ки роҳҳои «мусолиматомезе» барои поён додани эътирозҳо вуҷуд дошт, навиштааст, «ман наметавонам бори масъулияти як қатра хуни рехташударо таҳаммул кунам.»

Ҳозим Беловӣ, нахуствазири давлати муваққат низ дар телевизиони давлатии Миср гуфт, аз рухдодҳои хунини чаҳоршанбе мутаассиф аст, аммо таъкид кардааст, ки амалиёти нерӯҳои амниятӣ барои эҷоди амният анҷом шудааст.

Як рӯзи хунини Қоҳира
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:31 0:00
Линки мустақим


Рӯзи чаҳоршанбе нерӯҳои амниятии Миср, тазоҳургарони тарафдори Муҳаммад Мурсӣ раиси ҷумҳури барканоршударо аз ду майдони шаҳри Қоҳира пароканда карда ва урдӯгоҳҳои онҳоро барчиданд. Бино ба гуфтаи мақомот, дар ҷараёни поксозӣ, дасти кам 149 нафар кушта шудаанд, аммо созмони Ихвонулмуслимин мегӯяд, теъдоди қурбониён аз 2 ҳазор нафар ҳам бештар аст. Вазорати умури дохилии Миср эълон кардааст, ки дар ҷараёни ин даргириҳо 43 маъмури пулис низ кушта шудаанд.

Ба гузориши телевизиони давлатии Миср бузургтарин урдугоҳи тазоҳургарон дар назди масҷиди Робия ал-Адавия баъди муноқишаи якрӯза бо тарафдорони Мурсӣ холӣ карда шуд. Хаймаҳои тазоҳургарон дар урдӯгоҳи хурдтари дигарро субҳи чаҳоршанбе барчиданд.

XS
SM
MD
LG