Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cӯҳроб Шарифов: "Украина қурбони бозиҳо шуд, мо нашавем" (ВИДЕО)


Cӯҳроб Шарифов.
Cӯҳроб Шарифов.

Сӯҳроб Шарифов, вакили порлумони Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистону Қирғизистон бояд масоили марзиашонро бидуни миёнрав ҳал кунанд, то "аз шарри кишварҳову гурӯҳҳои ҷоҳталаб" эмин бимонанд.

Сӯҳроб Шарифов, вакили порлумони Тоҷикистон бо ишора ба дигаргуниҳои босуръати геополитикӣ дар ҷаҳон аз фаъол шудани кишварҳо ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар Осиёи Марказӣ ҳушдор дод. Оқои Шарифов, ки рӯзи 14-уми май дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар масъалаи ташаннуҷи авзоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфт, "мушкили аслии ба созиш нарасидани ҷонибҳо зуд-зуд иваз шудани элитаҳои сиёсӣ дар Қирғизистон аст."

Ба ақидаи Сӯҳроб Шарифов, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар минтақа аз стратегияи монанд пайгирӣ мекунанд ва ҳеҷ яке ҷонибдори печида шудани авзоъ нест. Аммо ба бовари ӯ, "кишварҳои манфиатдор ҳастанд, ки мехоҳанд ин корро печидатар кунанд. Гурӯҳҳое ҳастанд, ки вориди бозии сиёсӣ шудаанд ва баъзе аз онҳо мақсадҳои ғаразнок ҳам доранд."

Сӯҳроб Шарифов дар ин сӯҳбат дар бораи бӯҳрони Украина ва азми Русия барои эҳёи империяи собиқаш низ сӯҳбат кард. Оқои Шарипов аз ҷумла гуфт, Русия бо рафтораш дар Украина метавонад дар паҳнои пасошӯравӣ танҳо бимонад.

Радиои Озодӣ: Агар аз таҳаввули ахир - музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон шурӯъ кунем, аз назари шумо, мушкил дар чист? Чаро кишвари хамсояи мо Қирғизистон, ки то кунун бо мо равобити хубу дӯстона ва ҳатто бародарона дошт, ҳоло чунин танишҳое дар муносибот пеш меояд?

Сӯҳроб Шарифов: Бояд бигӯям, ки ҳоло кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ амалӣ шуда истодаанд ва мо мебинем, ки моҳҳои охир онҳо хело ҳам зич бо ҳам алоқамандӣ доранду гоҳ дар Бишкеку гоҳ дар Душанбе ин масъалаҳо ҳалли худро ёфта истодаанд. Роҳи ҳалли мушкилоти марзӣ аз мушкилтарин проблемаи давлатсозии имрӯзаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва инро дар як шабу як рӯз ягон қувваи сиёсӣ ҳал карда наметавонад. Мо бояд дар ин ҷо сабр кунем ва бубинем, ки ин масъала дар сатҳи ҳукуматҳо чӣ гуна ҳал мешавад. Дуюм, мушкилӣ ин аст, ки дар Қирғизистон элитаҳои сиёсӣ зуд-зуд иваз мешаванд, низоми ноустувории порлумонӣ вуҷуд дорад ва ин омил таъсири манфӣ ва зарари худро барои гуфтушунид, фаҳмиш ва вазъияти худи минтақа мерасонад. Чунки роҳбарони минтақавӣ ба раҳбарони марказӣ гӯш намеандозанд. Пас бо кӣ мо бояд гап занем? Дар Тоҷикистон режими мустаҳками давлатдорӣ вуҷуд дорад, президент сардори давлат аст ва сарвари ҳукумат аст ва ҳамаи он қарорҳое, ки президент имзо мекунад ва ё мебарорад, дар ин чаҳорчӯба амалӣ мешавад. Аммо агар ҷиддӣ назар кунем, мо бо қирғизҳо ҳеҷ гоҳ ягон проблемаи ҷиддӣ надоштем, дар минтақа маромҳои стратегии ягона дорем ва мавқеи мо қариб дар ҳама масъалаҳо наздик аст. Аз ин нигоҳ бояд ин мушкилотро қадам ба қадам ҳал кунем. Ва як омили дигари хеле ҳам манфӣ, ки таъсиргузор аст, омили давлатҳои сеюм мебошад, яъне структураҳои ҷосусие, ки дар он ҷо кору миёнаравӣ мекунанд, шӯр меандозанд. Ин низ бояд ба назар гирифта шавад ва сохторҳои амниятии Тоҷикистон бояд дар он ҷо фаъолтар кор кунанд, то "миёнравҳо" ошкор шаванд.

Радиои Озодӣ: Метавонед рӯшантар бигӯед, ки он кишварҳои сеюм кадомҳоянд?

Сӯҳроб Шарифов: Он кишварҳое, ки манфиатдоранд, то дар минтақа ноустуворӣ ба вуҷуд ояд, ягон ҷанг, инқилобу ошӯб ба амал ояд. Якчанд кишварҳои бузург ва хурду миёна ҳастанд. Ном бурдани ин давлатҳо ҳоҷат надорад, зеро ҳар нафаре, ки дар ин мавзӯъ дахил аст, худ мефаҳмад, ки манзури ман чист.

Радиои Озодӣ: Аммо бубинед, дар ин ҳаводис бештар ҷониби Тоҷикистонро ба истилоҳ санг мезананд ва мақомоти қиргиз ошкоро Тоҷикистонро гунаҳкор медонанд ва ҳатто бо расонаҳо сӯҳбат мекунанд, аммо ҷониби Тоҷикистон бештар хомӯширо ихтиёр кардааст. Чаро дар Душанбе ҳаққи худро талаб намекунад?

Сӯҳроб Шарифов: Тоҷикистон ҳаққи худро талаб мекунад, лекин дар иттиллот ҳаққи худро ҳимоя карда намешавад. Албатта, дар баъзе мавридҳо мо шояд рақобати иттилоотиро бой диҳем, лекин сатҳи фаҳмиши давлатдорӣ дар Қирғизистон аз сатҳи структураи давлатдорӣ ва фаҳмиши ин масъала дар Тоҷикистон фарқ дорад. Масалан, ягона сарҳаде, ки мо то имрӯз таъину аломатгузорӣ кардем, марзи Тоҷикистону Чин аст, ки ин дастоварди бузурги кишвари мост. Ва бо дигар давлатҳо - Афғонистон, Қирғизистон ва Узбакистон - мо ин корро то ҳол пурра анҷом надодаем. Вале бояд бигӯям, ки бозиҳои ҷиддии сиёсӣ, гурӯҳҳои зиёде, ки дар сиёсати Қирғизистон имрӯз амал мекунанд, ки манфиатҳои ҳархела доранд. Ба ин гуна гурӯҳҳо чӣ аз ҳама муҳим аст? Тезтар расонидани итиллоот ба рӯзноманигорон ва ҳақиқати худро исбот кардан. Дар Тоҷикистон ин гуна равандҳо нест, зеро низоми сиёсии мо дигар аст. Яъне ин системаи устувор ва ҷиддиву сахти президентӣ аст ва дар ин ҷо низоми муайяни давлатдорӣ мустаҳкам мебошад. Барои ҳамин ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд мавқеъи худро роҳат бигӯянд, аммо мо давлати ноустувори порлумонӣ нестем. Мавқеъи давлати моро танҳо президент изҳор мекунад. Ҳоло он ки дар Қирғизистон мавқеъи давлатро метавонад вакил, масъулин ё намояндаи ҳукумат дар маҳал низ изҳор намояд ва муайян кардани он, ки кадомаш ҳақ аст, мушкили ҷиддист.

Радиои Озодӣ: Яъне ба назари шумо, ҳоло ихтиёр кардани хомӯшӣ ба манфиати Тоҷикистон аст?

Сӯҳроб Шарифов: Масъалаҳое вуҷуд доранд, ки ҳалли худро тавассути иттиллооту дар нашрияҳо намеёбанд. Бо навиштани журналистон мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳал намешавад. Барои ҳамин ҳам беҳтараш сабру таҳаммул кунем ва бубинем, ки кори комиссия чӣ натиҷа медиҳад. Зеро ин проблемаи як ё ду соли ахир нест, солҳост давом мекунад. Агар ҳар яки мо дар алоҳидагӣ ҳаққ будани худро исбот карданӣ шавем, митингу кашмакашиҳо ташкил кунем, вазъ тағйир наемёбад. Ин масъала танҳо дар утоқҳои масъулин метавонад ҳал гардад, дар комиссияҳои давлатӣ, дар иртибот бо манфиатҳои миллӣ ва бо исботи ҳақиқати худ. Афсӯс ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамин гуна сохтори ноустувори сарҳадиро ба мо мерос гузошт.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Шарифов, қазияи ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳолест, ки таҳаввулоти Украина дар "ҷӯш" аст. Минтақаи Қрим дар пайи референдум тобеи Русия шуд ва ҳоло дигар минтақаҳои Украина низ даъвои мустақилият доранд ва зери ливои Русия баромад мекунанд. Аввал аз ҳама назари шумо ба тасарруфи Қрим аз сӯи Русия чист?

Сӯҳроб Шарифов, дар бораи ҳодисаҳои Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Сӯҳроб Шарифов: Аз назари ман, Русия Қримро анексия кардааст. Созишномаҳоеро, ки соли 1994 дар Будапешт имзо шуда буд, поймол кардааст ва дар ҳодисаҳои Украина, албатта, таъсири Русия ҳаст. Бозӣ инҷо асосан байни Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Русия идома дорад. Украина ба ҳоли худ мондааст. Албатта, гурӯҳҳои манфиатдори Амрико ва Ғарб дар Киев фаъолият доранд ва ҳамин тавр гурӯҳҳои манфиатдори Русия дар шарқи Украина фаъоланд. Ин бозиҳои геополитикие ҳастанд, ки Украинаро ба ғалбер андохта ва абарқудратҳои имрӯзаи ҷаҳон ин кишварро ҳамчун бозича истифода мебаранд. Ин албатта, мояи таассуф аст. Ман фикр мекунам, ки ин проблемаи худи Русия ва Ғарб аст, ки бояд ҳал шавад. Аммо мардуми Украина масъалаи худашро худаш ҳал кунад. Яъне оё роҳи федеративиро пеш мегирад ё роҳи унитариро, ин бояд кори Украина ва мардуми он бояд бошад. Русия дар ин масъала бояд ягон дахолате надошта бошад. Чун соҳибихтиёрии давлат, аз ҳуқуқҳои дахлнопазирии байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Русия чунин ӯҳдадориро чанд маротиба, аз ҷумла дар сатҳи ИДМ соли 1992 дар Алмаато ва ҳам дар Будапешт дар соли 1993 гирифта буд ва мустақилияти Украина борҳо тасдиқ кардааст.

Радиои Озодӣ: Пас чӣ шуд, ки Русия бо Украина чунин рафтор кард?

Сӯҳроб Шарифов: Русия ва сиёсатмадорони рус ҳамеша хобу хаёли Қримро доштанд, Чун Юрий Лужков, собиқ шаҳрдори Маскав аз соли 1990 изҳорот медод, ки имрӯз ё фардо Қрим аз Русия хоҳад шуд. На танҳо ҷаноби Лужков, балки чандин сиёсатмадори Русия низ ин мавзӯъро матраҳ мекарданд ва дар ниҳоят ҳамин тавр низ шуд. Ба ин далел, ин сиёсати нави империализми Русия аст ва ин кишвар архитектураи давлатсозии баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро тамоман аз нав дода истодааст ва ин албатта барои ҳама кишварҳо хатар аст. Ба ин далел мо бояд дар ин масъала бо дигар кишварҳо ҳамроҳи Русия нишаста маслиҳати ҷиддӣ кунем. Чун бубинем, ки Русия чӣ назар дорад ва агар ки тааҳудоти байналмилаиашро, яъне он созишномаҳоеро, ки дар ин замина бастааст, поймол карданист, пас чӣ гуна созишнома бандем, то аз сӯи Русия нақз нашавад.

Дуввум, албатта Амрико ва Ғарб дар мавриди Украина хатогиҳои ҷиддӣ карданд ва таъсири манфӣ ба ҳодисаҳо дар ин кишвар расониданд ва натавонистанд ки гурӯҳҳои маҳалгароӣ - фашистиро зери назорат бигиранд. Ин буд, ки ин гурӯҳҳо аз назорат берун шуданд ва мебинем, ки ҳодисаҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал мешаванд.

Ман фикр мекунам, ки то он вақте ки мавқеи Ғарб, Амрико бо Русия дар масъалаи Украина ҳамоҳанг нашавад, сулҳ дар ин кишвар барқарор намешавад. Чун ҳоло ин масъала аз ҳамдигарфаҳмӣ дур аст.

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон дар ие масъала бояд чӣ мавзеъ бигирад? Чун назарҳо., тавре мебинем, хеле мухталифанд...

Сӯҳроб Шарифов: Изҳороти баъзе сиёсатмадорон ва рӯҳониёни тоҷик, ки мо ҳам ҳамроҳ шавем ё нируи сулҳпарвар ворид кунем, ин фикри хоме ҳастанд. Албатта дар ин гуна ҳодисаҳо, мавқеи кишварҳои собиқ шӯравӣ маъмулан хомушӣ аст. Ҳатто Аляксандр Лукашенка, раиси ҷумҳури Белорус гуфт, ки ман ҳеҷ гоҳ миёнарав намешавам, ин проблемаи ман нест. Ин проблемаи Русия ва Украина аст ва онҳо ҳал кунанд. Аз ин нуқтаи назар, боз як проблемаи аҷоиб пайдо мешавад. Амрико ҳамроҳаш Ғарб аст, аммо Русия дар ин рузҳои вазнин танҳо аст. Амрико кадом инқилоберо, ки накунад, ҳамеша дар паҳлуяш Британия, Италия. Фаронса дар паҳлуяш аст ва оҳиста - оҳиста ҳамаи кишварҳои Ғарб ҳамроҳ мешаванд ва дастгирӣ мекунанд. Новобаста ба он ки мардумашон мухолифат доранд. Аммо Русия танҳо аст. Чаро? Ин савол ба худи Русия бояд дахл дошта бошад. Чӣ гуна сиёсатро бо кишварҳои шарикаш мебарад, ки ягон кишвар дар паҳлӯяш дар ин рӯзҳои вазинин буданро изҳор намекунад. Агар сиёсат дар муносибат дигар мешуд, сиёсат боз мебуд, шаффофу ошкор мебуд, дурӯягӣ ва серӯягиву дуруғу таҳқир нест мешуд, имрӯз Тоҷикистон мумкин аст, ки дар паҳлӯи Русия мебуд. Лекин хеле мояи таассуф аст, ки дар Русия ин суолро ба худ матраҳ намекунанд. Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯз, рақобати байни абарқудратҳо ба мусобиқа табдил шудааст. Абарқудратҳо чӣ тавре, ки мехоҳанд, ба ихтиёри худ амал мекунанд.

Радиои Озодӣ: Пас барои Тоҷикистон дар қиболи ҳаводиси Украина беҳтар аст, то аз бетарафӣ кор бигирад, оре?

Сӯҳроб Шарифов: Ҳамаи кишварҳо ин мавқеъро дорад, яъне бетараф ҳастанд. Мо метавонем насиҳат кунем. Президент дар саммити ғайрирасмӣ дар Маскав насиҳат карда буд. Вай гуфт, ҷанги шаҳрвандӣ паёмади бад дорад ва ба хунрезӣ ва куштор меорад. Русия метавонад нигаронии моро қабул кунад ё метавонад инкор кунад. Медонед, дар ин бозии абарқудратҳо бозича шудан яктина гап аст. Вақте бозии абарқудратҳоаст ва дар ин миёне кишваре субъекти бозӣ қарор мегирад, ин кишвар аз харитаи ҷаҳон нест мешавад ё заъиф мешавад ё ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида мешавад. Он вақте, ки манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо ҳамоҳанг мешаванд, вой бар ҳоли мардуми оддӣ. дар иин сурат сохторҳои гуманитарӣ дар Украина бояд фаъолтар бошанд ва ба мардум кумак кунанд.

Радиои Озодӣ: Ба назар мерасад, ки дар ин авохир Русия дар талоши таъсиси Империяи Бузург”-е аст ва дар ин сурат мавқеи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон чӣ буда метавонад, Онҳо бояд ба ин империя шомил шаванд ваё дар алоҳидагӣ бояд бошанд?

Сӯҳроб Шарифов: Албатта, Русия амбитсияҳои империявӣ дорад. Аммо ман бар инам, ки Иттиҳоди Шуравӣ ҳеҷ гоҳ дар он шакле, ки буд ба вуҷуд намеояд. Чун Иттиҳоди Шуравӣ идеологияи дигар, идеологияи сотсиалистӣ, дустии миллатҳо ва иддеологияи хело ҳам адолатпарвар дошт. Аммо Русияи имрӯз чӣ дорад? Русияи имрӯза империалистӣ аст, империявӣ аст, шовинистӣ аст, миллатгароӣ аст ва ғайраву ғайраҳо...
Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ бояд бошад ва зери таъсири Русия низ бояд бошад, аммо дар ин ҷода бояд гуфтушунид сурат бигирад. Албатта манфиатҳои миллӣ ва давлатии мо ҳимоя гардад.

Радиои Озодӣ: Пас ҷаноби Шарифов, дар қиболи бозиҳои геополитикии ахир Тоҷикистотн низ осебпазир аст?

Сӯҳроб Шарифов: Албатта, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон ва ҳамаи кишварҳое, ки дар ин минтақа ҳастанд, онҳо метавонанд, ки бозичаи дасти абарқудратҳо бошанд. Шумо Афғонистонро бубинед. Проблема ё зиддиятҳои абарқудратҳо, аз ҷумла Чин, Амрико ва боз ҳам Русия, ҳатто Ҳинд, Эрон низ ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Лекин муносибатҳои байналмилалӣ дар як бӯҳрони ҷиддӣ ба вуҷуд омада истодааст. Ё мо бармегардем ба ҳамон принсипҳои ҳамзистие, ки дар ҷанги сард дар асри 20 буд, ё инки низоми нави муносибатҳои байналмилалиро дар асри 21 ба вуҷуд меорем.
XS
SM
MD
LG