Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати ғарбӣ: Арзиши Русияро барои Тоҷикистон набояд кам гирифт


Дипломати як кишвари ғарбӣ дар вокуниш ба суханронии рӯзи 23 апрели президент Раҳмон гуфт, барои Тоҷикистон идомаи сиёсати бисёрсамта ҳамоно муҳим боқӣ мемонад

Як дипломати ғарбӣ, ки нахост мақом ва исмаш бурда шавад, баъди ширкат дар нишасте, ки дар он суханронии президент Эмомалӣ Раҳмон садо дод, бардоштҳои худро аз шунидааш бо радиои «Озодӣ” дар миён гузошт. Вай гуфт, президент Раҳмон дар суханрониаш ба аҳамияти равобити байналмилалӣ таъкид кард.

“Барои Тоҷикистон идомаи сиёсати бисёрсамта ҳамоно муҳим боқӣ мемонад. Ин ба он маъност, ки Тоҷикистон мехоҳад равобити некашро бо кишварҳои ҳамсояаш дар Осиёи Марказӣ ҳифз кунад. Русия шарики стратегии ин кишвар ном бурда шуд. Чин – як ҳамкори муҳими Тоҷикистон ном бурда шуд. Ӯ ҳамчунин ИМА ва Иттиҳоди Аврупоро ҳам дар самти ҳамкорҳои иқтисодӣ, пешрафтҳои технологӣ, навсозии кишвар ва дар соҳаи мубориза бо терроризм ишора кард”, гуфт ӯ.

Ба саволи радиои “Озодӣ” оид ба ин ки барои бисёр шунавандаҳо суханронии имрӯзаи Раҳмон “нав набуд” ва баёнгари вобастагии ояндаи Тоҷикистон аз Русия дар пасманзари ҳаводиси Украина будааст, дипломати ғарбӣ чунин посух дод: “Ин ҳарфи нав нест. Соли гузашта ҳам вай ба нақши муҳими Русия ба унвони як давлати геостратегии Тоҷикистон таъкид дошт. Ва инро рад карда намешавад.

Баъди 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ аксари сокинони Тоҷикистон ҳамоно ба забони русӣ хеле хуб сӯҳбат мекунанд. 1,5 миллион тоҷик дар Русия кор мекунад ва беш аз нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ҳаминҳо таъмин мекунанд. Ин нишондиҳанда хеле бузург аст. Ва ҳамин чиз ҳам нақши Русияро хеле бориз мекунад”.


Cӯҳроб Шарифов: "Паёми президент мавқеи муайяни ҳукуматро рушан кард"

Вакили порлумон ва собиқ раиси Маркази мутолеоти стратегӣ мегӯяд, "паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон, мавқеи муайяни ҳукумати кишвар дар соҳаҳои мухталифро рӯшан кард."
Сӯҳроб Шарифов, рӯзи чоршанбе, 23-юми апрел дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, ки паёми имсолаи раиси ҷумҳур ба парлумон, фарогири ҳама самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буд ва барои дурнамо нигаронида шудааст.

Ба таъкиди ҷаноби Шарифов, "дар сиёсати дохилӣ, таваҷҷӯҳи аслӣ бештар ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст, равона гардида ва раиси ҷумҳур низ ба манзури расидан ба ҳадафҳои стартегӣ ва иҷрои дастуру супоришҳо, масъулони вазорату идораҳоро муваззаф сохт."

Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, сиёсати хориҷии кишвар дар паём бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони имрӯз барномарезӣ шудааст ва муҳим он аст, ки "сиёсати дарҳои боз" равобиту ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳонро густаришу тақвият мебахшад.

Вай гуфт, "президент бори дигар таъкид кард, ки мо "сиёсати дарҳои боз дорем ва онро ҳеҷ гоҳ дигар иваз намекунем. Он давлатҳое, ки бо мо дустӣ ва аз рӯи манфиатҳои прогматикӣ мехоҳанд муносибат кунанд, мо бо онҳо низ нияти муносибат дорем."

Ҳамзамон Сӯҳроб Шарифов, фарогир будани паёми президент ва бахусус, барои ҳафт соли ояндаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таваҷҷуҳ кардани вайро муассир медонад ва мегӯяд, "мо бояд дурбинӣ дошта бошем ва барои даҳсолаҳо стратегияи рушди кишварро таҳия кунем. Кур - курона ба оянда назар накунем, балки кушиш кунем, ки ҳама нақшаву барномаҳои мо ба даҳ солаҳо баробар бошанд, валекин дар асоси дигаргуниҳо ва навовариҳои ҷаҳони имрӯз истифода кунем."

Кабирӣ: "Ё мақомот сухани президентро намешунавад ё..."

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар паёми ироакардаи раиси ҷумҳур ба парлумон вижагии хосе ба назар нарасид.

Муҳиддин Кабирӣ, рӯзи чоршанбеи 23-юми апрел пас аз ироаи паёми президент ба парлумон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки "ҳарчанд интизор доштем, ки паёми имсолаи президент аз паёмҳои солҳои қабл фарқи куллӣ хоҳад кард, аммо ин тавр нашуд."

Ҷаноби Кабирӣ афзуд, ки "интизории мо ин буд, ки бо таваҷҷӯҳ ба иқдомоти ахир зидди ҳизбу ҳаракатҳо ва ҳамчунин соҳибкорон, президент ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи амиқ мекунад ва ба ниҳодҳои зирабти давлатӣ дастур медиҳад, то ҷилави чунин корҳо гирфта шавад, аммо ҳеҷ дигаргуние дар паём дида нашуд."

Ҳарчанд ба таъкиди раҳбари ҲНИТ, раиси ҷумҳур дар маврид рушди соҳибкорӣ ва эҷоди фазои муносиб барои тоҷирон, ба хусус кам кардани санҷишу тафтишот ва ҳамин тавр андозбандиҳо сӯҳбат кард, аммо суоли матраҳ ин аст,
ки то куҷо ин ҳарфҳо воқеан дар амал иҷро хоҳанд шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, дар ин авохир яке бозорҳои муҳим (манзури Кабирӣ - бозори "Саховат" дар шаҳри Турсунзода аст") тавассути ниҳодҳои давлатӣ кашида гирифта шуд.

Дар ҳоле, ки ҷаноби Кабирӣ, мегӯяд, ин бозор муддати 15 соли ахир барои ҳудуди 700 тоҷир ҷои корӣ буд ва ҳамакнун сарнавишти онҳо ва хонаводаҳояшон онҳо, ки рӯзиашон аз ин бозор буд, зери суол рафтааст. Бо таваҷҷӯуҳ ба ин, раҳбари ҲНИТ аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки "ё мақомот сухани раиси ҷумҳурро намешунаванд, ё воқеият ҳамин тавр аст."

УСМОН СОЛЕҲ: "ДАР ПАЁМ МАСОИЛИ МУҲИМИ ҶОМЕА МАТРАҲ ШУД"

Масъулони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд, вижагии паёми раиси ҷумҳур ин буд, ки барои ҳафт соли оянда дурнамои сиёсати ҳукумати кишвар дар бахшҳои мухталиф, ба хусус рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мушаххас гардид.

Усмон Солеҳ, намояндаи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 23 апрел дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки "паёми имсолаи президент дар муқоиса ба солҳои пеш пурмӯҳтавотар буд. Чун раиси ҷумҳур ба таври васеъ масоили мубрами ҷомеаро матраҳ карданд, дар маврид корҳои карда шуда гузориш доданд ва дурнамо ва вазифаҳоеро, ки барои оянда аст, ба таври муфассал мушаххас намуданд."


Ҳатто ба гуфтаи ҷаноби Солеҳ, муносиботу ҳамкории Тоҷикистон бо абарқудратҳо, назири Русия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳо дар паёми раиси ҷумҳур матраҳ гардид ва ин ҳама далели он аст, ки Тоҷикистон сиёсати дурусти хориҷӣ дар пеш дорад ва барои тақвияти равобит бо кишварҳои ҷаҳон талош мекунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ироаи самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ аз сӯи раиси ҷумҳур, Усмон Солеҳ ба ин назар аст, ки паём раҳнамоест дар ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва имкон медиҳад, то мақомот дар партави дастуру ҳидоятҳои президент ҷиҳати беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва ҳамин тавр ҷомеаи Тоҷикистон иқдом кунанд.

ШОКИРҶОН ҲАКИМОВ: "ПАЁМ ҶАНБАИ ҲИСОБОТДИҲӢ ДОШТ"

Муовини раҳбари Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон аз он изҳори таассуф кард, ки паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон бештар ҷанбаи ҳисоботдиҳиро дошт.

Шокирҷон Ҳакимов рӯзи чоршанбеи 23-юми апрел дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки "мояи таассуф аст, ки ҳукуматдорон, ба хусус масъулони дастгоҳи иҷроияи президент ҳанӯз ба тафовути паём ва ҳисоботдиҳӣ нарафтаанд ва паёме, ки раиси ҷумҳур ба порлумон ироа кард, бештар ҳисоботдиҳӣ буд."
Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҷаноби Ҳакимов, ҳукумат ниҳодест, ки бояд дар назди раиси ҷумҳур ҳисобот диҳад ва раиси ҷумҳур дар паём бояд дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷиро мушаххас баён намояд. Ба таъкиди Шокирҷон Ҳакимов, "замони ироаи паём низ тӯлонӣ буд ва раиси ҷумҳурро мебоист, ки дар суханронии худ, ду - се масъалаи мубрами сиёсати дохилӣ ва ҳамин тавр сиёсати хориҷиро матраҳ мекард ва самтҳои муҳимро барояи як соли оянда мушаххас менамуд."

Хусусан ба таъкиди Шокирҷон Ҳакимов, он чӣ дар паём дарҷ ёфт, аз паёмҳои пешин фарқи зиёде надошт ва бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Тоҷикистон дар ростои таҷлили 20 - солагии қабули Қонуни асосӣ ва ҳамин тавр интихоботи порлумонӣ қарор дорад, бояд, таваҷҷӯҳ ба эҷоди шароит барои рушди ниҳодҳои демократӣ ва риояти ҳуқуқи башар, озодии баён бештар дода мешуд ва тасмимҳое низ гирифта мешуд.

Ҳамчунин муовини раҳбари Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон аз он низ изҳори нигаронӣ кард, ки чун солҳои гузашта афроди дорои назару андешаи мустақил ва намояндагони аҳзоби мухолиф ба паём роҳ наёфтанд ва асосан намояндагони аҳзобе дар толор буданд, ки бештар ҳукуматгаро ҳастанд.

Ба назари Шокирҷон Ҳакимов, ҳукумат, ба хусус дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ бояд шиори "ба худиву бегона тақсим карданро" бас кунад ва ба ҳама ақшори ҷомеа бо як чашм назар андозад.

ҲАМА БА ШУНИДАНИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ. ҲАТТО ДАРСҲО ЛАҒВ ШУДАНД

Ин субҳи донишҷӯёни тамоми мактабҳои олӣ ҳам мисли мақомдорон бо шунидани паёми раисиҷумҳур шуруъ шуд. Онҳо мегӯянд, омӯзгорон тамоми соатҳои дарсиро лағв карда, тамоми донишомӯзонро ба шунидани паёми раиси ҷуҳмур маҷбур карданд. Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 23-уми апрел президент Раҳмон бо паёми солона ба порлумон ва мардум муроҷиат кард ва дар зимн соҳаи марофиро барои дониши "хасакӣ"-и ҷавонон мавриди танқид қарор дод.

Толиб, донишҷӯи Донишгоҳи омузгории Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷойи дарсомӯзи устодҳо ҷавононро дар як толор ҷамъ оварданд, то паёми раисиҷумҳурро бишнаванд. Ба назари Толиб, аксари донишҷӯён, ки дар толор буданд, аз ин паём чизеро намефаҳманд, зеро аксаран ё бо ҳам сӯҳбат мекарданд ё хоб буданд. Қабл аз ин суханронӣ омӯзгорон ба донишомӯзон таъкид карда буданд, ки дар сурати ҳузур наёфтан дар толор, муҷозот хоҳанд шуд. ,

Дар ҳамин ҳол, Абдукарим Каримов, донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии яке аз донишгоҳҳои олӣ кишвар бо нигаронӣ аз ин амалӣ омӯзгорони муассисаҳои олии кишвар ба радиои «Озодӣ» гуфт: «Мутобиқи меъёрҳои амалкунандаи қонунгузори Тоҷикистон, президент дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, инчунин аъзои ҳукумат, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои кишвар, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон паёми худро иро мекунад. аз ин рӯ, донишҷӯён вазифадор нестанд, ки вақти дарсро барои шунидани паёми президент сарф кунанд."- гуфт Абдукарим Каримов.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG