Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: Тоҷикистон бояд равобиташро бо Русия мустаҳкам кунад


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба тақвияти равобити сиёсиву иқтисодӣ бо Русия таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар паёми худ ба парлумон ва сокинони кишвар ба зарурати тақвияти равобити сиёсиву иқтисодӣ бо Русия таъкид кард. Вай Русияро шарики асосии стратегии Тоҷикистон номид ва гуфт, ҳамкориҳои сиёсӣ ва низомии кишварашро бо Русия на танҳо "прагматизми иқтисодӣ", балки пайвандҳои қавии таърихӣ ва фарҳангӣ тақозо мекунанд. Инчунин ҷаноби Раҳмон ба тавсеаи ҳамкориҳо бо "ҳамсояи бузурги Тоҷикистон дар Шарқ" -- Чин, кишварҳои Уқёнусия ва ИМА даъват кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон эҷоди камарбанди амниятиро вазифаи муҳимтарини сиёсии кишвараш хонд. Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солона ба парлумони Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш дар муносибат бо кишварҳои ҳаммарз, ҷонибдори ҳалли масоили баҳснок аз роҳи гуфтугӯ ҳаст. Президент Раҳмон аз ҷумла афзуд, ки кишварҳои Осиёи Миёна метавонанд дар якҷоягӣ дар баробари ҳар гуна таҳдидҳои берунӣ муқовимат кунанд. Ӯ афзуд, ки ӯ ҷонибдори рафъи низоми раводид миёни кишварҳои минтақа аст.


"Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем!"

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳушёрии сиёсии бештари мардуми ин кишвар таъкид кард. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, "бо таваҷҷӯҳ ба тағйиротҳои нав дар сиёсати ҷаҳонӣ ва равандҳои геополиткӣ аз мо зиракии сиёсии бештаре талаб мешавад."

Ҷаноби Раҳмон паёми имсолааш ба порлумонро дар 20-солагии қабули Қонуни Асосии кишвар фоли нек арзёбӣ кард ва гуфт, ки "Қонуни Асосӣ дар барқарории сулҳу субот дар кишвар, ки дар ҳоли парокандагӣ қарор дошт, нақши бузург бозидааст". Ин аст, ки ба таъкиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон "дар он давра, Қонуни асосӣ имкон дод, то давлати ҷавони тоҷик аз парокандагӣ ва нобудӣ наҷот дода шавад."

Зимнан, Конститутсия ё Қонуни Асосии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул гардид ва имсол ба муносибати 20-солагии ин сана таҷлили бошукӯҳи он дар қаламрави кишвар дар назар аст.

Телефонҳои мобил, харҷҳои беҳуда ва рақобати носолими табибон

Ба мисли паёмҳои гузаштаи худ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол низ харҷи аҳолӣ барои телефонҳои ҳамроҳ, мошинҳои сабукрав ва ашёи ғайри хӯроквориро аломати беҳбуди зиндагии мардум номид. Вай гуфт, аҳолӣ барои тамосҳои телефонӣ ва хариди телефонҳои нав дар соли гузашта қариб 3 миллиард сомонӣ ё тахминан 415 миллион доллар сарф кардааст ва ин дар ҳолест, ки соли 2001 наздик ба 84 дарсади даромади мардум танҳо барои харидани озуқа харҷ мешуд. Боз 350 миллион доллари дигар барои хариди мошинҳои сабукрав сарф шудааст.

Аммо раисиҷумҳур ишора накард, ки музди миёнаи кор дар кишвар 171 долларро ташкил дода, бақияи даромади аҳолӣ аз ҳисоби 1 миллиону 200 ҳазор муҳоҷирест, ки дар Русия кор мекунанд. Вай афзуд, ки дар ин муддат маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон якуним баробар ва даромади аҳолӣ 1,7 баробар афзудааст. Бо вуҷуди таъкиди ин пешрафт, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, наметавон ин нишондиҳандаҳоро қонеъкунанда номид. Вай бори дигар ба вижагии иҷтимоии буҷаи давлат ишора намуд ва гуфт, сармоягузориҳои ҳукумат ба ин бахш то ҳафт соли оянда беш аз 70 миллиард сомонӣ ё муодили 13 миллион долларро ташкил хоҳад кард.

Ҷаноби Раҳмон бо ишора ба он ки рушди иқтисодии кишвар ба сатҳи дониши хатмкунандаҳои донишгоҳҳо бастагӣ дорад, бо боварии комил гуфт, ки дар ояндаи наздик таҳсил дар кишар ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ хоҳад расид: «Муассиcаҳои таҳсилоти олии касбиро муҳим аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву-мухобиротиро дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнату таҳсилот мутобиқ гардонанд ва то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилтро таъмин намоянд. »

Дар баробари ин раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сатҳи касбии кормандони тиб ва рақоботи носолими онҳо изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, тӯли чанд соли ахир таҷҳизоти зиёди пурарзиши тиббӣ бинобар истифодаи нодуруст корношоям шудаанд ва ҳамчунин беморони зиёде низ аз дасти пизишкони бетаҷриба «зарар дидаанд.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди ҷаноби Раҳмон дар тӯли 15 соли ахир барои рушди бахши тандурустӣ 4,3 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо ва барои 7 соли оянда 14 миллиард сомонӣ ихтисос дода мешавад. Ӯ гуфт, «насли калонсолтари табибон бояд дарк кунанд, ки табибони ҷавонро имрӯз мебояд тайёр кард, на ин ки бо онҳо рақобат намуд. Ҷавонон ба андӯхтани донишҳои нав майл доранд, онҳо омӯхтан мехоҳанд ва онҳоро мебояд омӯхт. Мо марказҳои хуб бунёд сохта, таҷҳизоти беҳтарин дастрас мекунем, вале мутахассисони қобили дар онҳо коркунанда надорем. Худро нишон медиҳанд, ки гӯё кор карда метавонанд, таҷҳизотеро, ки 1,5-2 миллион доллари ИМА арзиш дорад, корношоям мекунанд ва сипас он вайроншуда ё бекор мехобад.»

Яке аз бахшҳои дигари паёми имсолаи ҷаноби Раҳмон ба дастгирии соҳибкорон дар дар ҳафт соли оянда дахл дошт. Ҷаноби Раҳмон ваъда дод, ки дар ин замина аз ҳисоби буҷа 1 миллиард сомонӣ тахсис меёбад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки андоз аз фоида дар Тоҷикистон аз соли оянда кам карда мешавад ва аз соли 2017 онро комилан аз байн хоҳанд бурд.

Бо он ки паёми дусоатаи раиси ҷумҳур шабеҳи суханрониҳои маъмулии вай ҳангоми баргузории нишасту маҳфилҳо ва сафарҳои кориаш ба навоҳии кишвар буд, ширкатдорон дар толори Кохи Ваҳдат борҳо аз ҷой бархоста бо кафкӯбиҳои бардавом аз раиси ҷумҳур истиқбол ва пуштибонӣ намуданд. Барои шунидани паёми солонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон садҳо нафар аз раҳбарону кормандони давлатӣ, вакилони ҳарду палатаи порлумон, фаъолону зиёиён ва намояндагони дафтару сафоратҳои хориҷӣ дар Кохи Ваҳдат гирд омада буданд.



Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо паёми навбатии худ ба парлумони кишвар корҳои то ҳол анҷомёфта ва вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои оянда муайяну мушаххас менамояд. Ин нахустин муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба парлумон дар давраи чоруми президентии ӯ мебошад.

Аксҳои вакилон қабл аз паёми раиси ҷумҳур:

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG