Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ҷавони мусулмон бо иттиҳоми "говдуздӣ"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти пулис дар аёлати Раҷастани Ҳинд мегӯянд, издиҳоми хашмгини мардуми ҳинду як марди мусулмонро бо иттиҳоми дуздидани гов латӯкуб карда куштаанд.

Ба гуфтаи мақомот, гуруҳе аз сокинони ноҳияи Алвор дар Раҷастан, Акбархон ҷавони 28-солаи мусулмон ва як марди дигарро шаби 21-уми июл дар як ҷангалзоре пайдо карда ва гуфтаанд, ки гӯё онҳо ба дуздидан говҳои онҳо омадаанд.

Ба гуфтаи пулис, сокинон ҳарду нафарро иҳота карда ва гуфтаанд, ки “шумо мехоҳед, говҳои моро дуздида ба рустои ҳамсоя Колгаон, ба аёлати Ҳаряна баред.

Ба гуфтаи пулис, издиҳом аввал ҳардуро зери мушту лагад гирифта, сипас калтаккӯб кардаанд. Ба марди дигар муяссар шудааст, ки аз дасти издиҳом худро раҳо карда, бигурезад. Акбархон то расидан ба шифохона ҳалок шудааст.

Пулиси Ҳинд гуфт, ки дар робита ба марги ҷавони мусулмон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва дар ҳоли маълум кардани онҳоест, ки дар қатл даст доранд.

Ба гуфтаи мақомот, ҳоло маълум нест, ки дар воқеъ ду нафар барои дуздии гов рафтаанд, ё не. Як сол пештар аз дар ноҳияи Алвор як говпарвар бо номи Паҳлухонро ҳангоми интиқоли гов дар мошин аз тарафи ба қавли пулис “муҳофизони гов” кушта шуд.

Гов дар мазҳаби ҳиндуҳо ҷонвари муқаддас ба ҳисоб меравад. Ҳамлаҳо ба мардуми мусулмон, ки аққалият ба ҳисоб мераванд, баъди ба сари қудрат омадани ҳизби миллигарои Бҳратия Ҷаната дар соли 2014 авҷ гирифт.

XS
SM
MD
LG