Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон Фонди "Пешвои миллат" таъсис ёфт


Дар Тоҷикистон Фонди "Пешвои миллат" таъсис ёфт, ки баъди аз қудрат рафтани президент Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз мекунад ва аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлат сармоягузорӣ мешавад. Ин тарҳро порлумон рӯзи 19-уми апрел тасвиб кард.

Вакилони Маҷлиси намояндагон гуфтанд, ки бар асоси ислоҳи қонуни молия, баъди аз мақомаш рафтани раиси ҷумҳур ҳамасола ба Фонди "Пешвои миллат" 0,2 дарсади пули буҷет равона хоҳад шуд. Барои намуна, имсол буҷети Тоҷикистон тақрибан дуюним миллиард доллар (21 миллиард сомонӣ) таъйин шудааст. Пас, бояд солона ба фонди "Пешвои миллат" беш аз 4 миллион доллар интиқол ёбад. Ин рақам вобаста ба ҳаҷми буҷет каму беш хоҳад шуд.

Маблағи Фонди “Пешвои миллат” барои корҳои хайриявӣ харҷ хоҳад шуд. Фонди “Пешвои миллат” танҳо ба Пешвои миллат тааллуқ дорад.

Соли 2016 қонун дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” қабул шуд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, барои як умр шахси аввали Тоҷикистон бимонад.

Қаблан вакилони Маҷлиси намояндагон гуфтанд, ки Фонди “Пешвои миллат” бар асоси тарҳи нави қонуни конститутсионии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" таъсис меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Моҳи декабри соли 2015 порлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро тасвиб карда ва онро раиси ҷумҳур рӯзи 25-уми декабри ҳамон сол имзо гузошт.

Ин қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст ва вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG