Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон ҷоизаи хидмат дар рушди демократияро таъсис дод


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҷоизае бо исми "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" таъсис ёфт. Ин ҷоиза барои сокинони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ, ки дар рушди демократия саҳми хос доштанд, тақдим мешавад.

  • Қарори рақами 1001 дар мавриди таъсиси чунин як ҷоизаро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-юми феврали имсол имзо кардааст.
Тибқи фармон ҷоизаи мазкур дар тӯли се сол як дафъа тақдим хоҳад шуд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, рӯзи 15-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фармони мазкур “дар Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ баррасӣ мешавад. Пас аз тасвиб мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт”.

Маъмулан дар Тоҷикистон фармонҳои президент ба ҷуз аз таъйиноти кадрӣ дар порлумон баррасӣ намешаванд. Аммо Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, чун ин ҷоизаи давлатӣ аст қонунгузорӣ талаб мекунанд, ки он аз сӯи Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ баррасӣ шавад.

Се шарти асосӣ барои дарёфти ҷоиза

Абдуҷаббор Раҳмонзода
Абдуҷаббор Раҳмонзода

Дар фармони президент дар робита ба таъсиси ҷоизаи “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” гуфта мешавад, ин мукофот барои “саҳми хос дар рушди демократия”, “барои устувор кардани сулҳу субот дар ҷомеа” ва “барои рушди дӯстӣ миёни халқҳо” тақдим мешавад.

Зимнан, таъсиси ин ҷоиза яке аз муқаррароти қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” аст. Ин қонуни конститутсионӣ дар баробари ин ҷоиза таъсиси ордени “Пешвои миллат”-ро пешбинӣ мекунад. Қонуни мазкур ҳамчунон таъсиси Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди осорхона, китобхона ва бойгонии Пешвои миллатро дар назар дорад.

Қарори мазкур як замимаеро ҳам дар бар мегирад, ки дар он чигунагии шакли ҷоиза ва ҳаҷми мукофоти молии он шарҳ дода мешавад. Ҷоизаи давлатии “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” аз нишони фахрӣ ва мукофоти пулӣ иборат хоҳад буд.

Ҳалқаи тиллоӣ ва 14 ҳазор доллар

Нишони фахрӣ доирашакл буда, дар миёнаи он акси бо оби тилло ҳаккокишудаи Эмомалӣ Раҳмон ҷой дода хоҳад шуд. Акси Эмомалӣ Раҳмон бо ҳалқаи тиллоӣ аз атроф оро дода мешавад.

Дар қисмати боло ва поёни акс навиштаи “Пешвои миллат” ва дар поёни он “Эмомалӣ Раҳмон” ҷой дода хоҳад шуд. Дар тасвири ин нишони фахрии тиллоӣ гуфта мешавад андозаи он 45 милиметр хоҳад буд.

Қисмати дувуми ҷоизаи давлатӣ аз мукофоти пулӣ иборат хоҳад буд. Ҳаҷми ҷоизаи пулӣ 2500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шудааст, ки айни замон ба 125 ҳазор сомонӣ (беш аз 14 ҳазор доллар) муайян шудааст. Харҷи таҳия ва тақдими мукофоти пулии ҷоиза ва ордени Пешвои миллат мувофиқи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” аз ҳисоби буҷети давлат пардохт мешавад. Ҳарчанд ҳанӯз маълум нест, таҳияи нишони фахрии тилоии “Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон” чӣ миқдор маблағро талаб мекунад.

Дар се сол - як бор

Дар замимаи фармон гуфта мешавад, номзадҳо барои гирифтани ҷоизаи “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” аз сӯи вазоратҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ тибқи тартиби муқарраршуда метавонанд пешбарӣ кунанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раиси ҷумҳур, мегӯяд, дар соли ҷорӣ ин ҷоиза тақдим намешавад. Бар тибқи фармон ҷоизаи мазкур дар тӯли се сол як дафъа тақдим хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG