Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 700 маҳбуси тоҷикистонӣ дар зиндонҳои Русия


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, солона танҳо 50-100 нафар аз ин теъдоди бузургро метавонад барои идомаи адои ҳукм ба ватан баргардонад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шумори маҳбусони тоҷикистонӣ дар зиндонҳои Русия ба 7700 нафар мерасад, вале Душанбе солона танҳо 50-100 нафар аз ин теъдоди бузургро метавонад барои идомаи адои ҳукм ба ватан баргардонад.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 20 май дар баробари вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони кишвар гуфт, дар ҳоли ҳозир, дар зиндонҳои Русия 7700 шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Юсуф Раҳмон гуфт, бо вуҷуди созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи интиқоли маҳбусон ва Паймони Минск аз соли 1993, Тоҷикистон наметавонад тамоми зиндониёнашро аз маҳбасҳои Русия барои идомаи адои ҳукмашон баргардонад.

Тибқи Паймони Минск, кишварҳои пасошӯравӣ тааҳҳуд супурдаанд, ки ба хотири риояи масоили башарӣ ва адои ҳукми зиндониён дар шароити барояшон муносибтар маҳбусонро ба кишварҳои зодгоҳашон интиқол диҳанд. Аммо додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Душанбе дар як сол танҳо ба баргардондани аз 50 то 100 маҳбуси тоҷикистонӣ аз зиндонҳои Русия муваффақ мешавад.

Шаҳрвандони тоҷик дар Русия маъмулан бо иттиҳомоте, чун қочоқи маводи мухаддир, тақаллуби аснод, дуздӣ, авбошӣ ва амсоли ин маҳкум ба зиндон мешаванд.

Бино ба оморе, ки нашрияҳои Русия, аз ҷумла сомонаи интернетии рӯзномаи “Известия” дар моҳи феврали соли ҷорӣ нашр карданд, аз ҷамъи маҳбусони хориҷӣ дар зиндонҳои Русия беш аз чорякаш, яъне 7786 нафарашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар ҷои дувум баъд аз тоҷикистониҳо маҳбусон аз Узбакистон будаанд, ки 6786 нафараш дар зиндонҳои Русия адои ҳукм мекунанд. Украина бо 2 964 зиндонӣ ва Озарбойҷон бо 2846 маҳбус дар зиндонҳои Русия дар ду ҷои баъдианд, вале аз маҳбусон аз Тоҷикистону Узбакистон хеле ақиб мемонанд.

Академияи ФСИН – Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия – се моҳ пеш барои бори аввал омори расмӣ дар бораи шумори маҳбусони хориҷӣ дар зиндонҳои Русияро нашр кард. Бино бар омори ин ниҳоди таҳқиқотии мақараш дар шаҳри Рязан, дар соли 2013 ҷамъи маҳбусони хориҷӣ дар зиндонҳои Русия 26 600 нафар ва дар соли 2014 аллакай 2 ҳазор бештар, дақиқтараш 28 496 нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб танҳо 384 маҳбус аз кишварҳои ба истилоҳ “хориҷаи дур” ва бақия ҳама аз паҳнои Шӯравии собиқ, яъне кишварҳои СНГ будаанд.

Пешсафии муҳоҷирони тоҷик аз нигоҳи шумора дар зиндонҳои Русия дар ҳолест, ки ҷамъи муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Русия беш аз 1 миллион ва аз Узбакистон, бино ба ҳисобҳо, аз 3 то 5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Шумори муҳоҷирон аз Украинаро то 4-4,5 миллион нафар ва теъдоди зодагони Озарбойҷонро ҳам дар Русия аз 2 то 2,5 миллион нафар рақам мезананд.

Ба сурати умум, тақрибан 28,5 ҳазор маҳбуси хориҷӣ танҳо чизе дар ҳудуди 5 дарсад аз тақрибан 564 ҳазор ҷамъи зиндониёни Русияро ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG