Пайвандҳои дастрасӣ

"Некӣ мекунем" -- дар Русия фонди кӯмак ба муҳоҷирони тоҷик таъсис ёфт


Ситора Шодавлат, раҳбари Бунёди "Некӣ мекунем".

Барои кӯмак ба муҳоҷирони тоҷик ва хонаводаҳои онҳо дар Русия як бунёди хайриявӣ ба кор оғоз кард. Бунёди "Некӣ мекунем" аз ҷониби Ситора Шодавлат, як тоҷики муқими Русия ва гурӯҳе аз ихтиёриён дар Маскав, таъсис ёфтааст.

Талоши кӯмак ба муҳоҷироне, ки дар Русия бо душвориҳои мухталиф ба вижа молӣ, ҳуқуқӣ ва ё ҳодисаҳои нохуши дигар рӯ ба рӯ мешаванд, ин гурӯҳро, ки аксарият корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ ва тоҷикони муқими Русия ҳастанд, зери як созмон муттаҳид кард. Ситора Шоҳдавлат, раҳбари Бунёди "Некӣ мекунем" рӯзи 4-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, самти фаъолияти бунёди онҳо маҳдуд нест.

Масъулини бунёди "Некӣ мекунем" ҳоло тасмим доранд, ки бо ҳадафи мусоидат дар интиқоли беморон аз Душанбе ба Русия, намояндагии худро фаъол кунанд.

"Фаъолияти мо гуногунҷабҳа аст. Метавонем кӯмаки иҷтимоӣ ва тиббӣ расонем. Мо дар "Вотсап" як гурӯҳи худро дорем ва мо ба кӯдакони зиёди бемор ва онҳое, ки дар боздоштгоҳҳо буданд ё мушкили санад доштанд, кӯмак расонидаем. Масалан, чанде пеш як духтари тоҷикро ихроҷ карданд ва 3 кӯдакашро ба беморхонаи махсус бурданд. Мо ин духтарро аз боздоштгоҳи махсус ва кӯдаконро аз беморхона гирифтем. Маълум шуд, ки кӯдаки хурдиаш бемории дил дорад. Кӯдакро духтур бурдем, ҳоло табобат мегирад. Ман кӯшиш мекунам, беморонеро, ки ба ӯҳда мегирам то охирин лаҳза ҳамроҳашон бошам ва шифо ёбанд."

Ситора мегӯяд, онҳо қаблан дар шакли як гурӯҳи ихтиёриён ба афроди ниёзманд кӯмак мекарданд ва чун диданд, ки талабот ба ин кор ва муроҷиат аз сӯйи муҳоҷирон хеле зиёд аст, тасмим гирифтанд бунёди хайриявиро расман сабти ном кунанд, то имкони дастгири ниёзмандон бештар шавад.

Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷик аст.
Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷик аст.

"Мардуми мо дар ин ҷо ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ ва ҳав тиббӣ воқеан ҳоли бад доранд ва ба кӯмак ниёз доранд. Барои ҳамин ҳам тасмим гирифтем, фондро таъсис диҳем. Ҳоло мо метавонем ба беморхонаву дигар ниҳодҳо ҳам расман муроҷиат кунем. Бо ин роҳ мо метавонем бо дигар созмонҳо ҳам ҳамкорӣ кунему ва пули бештар ҷамъ оварда, ба одамон кӯмак расонем."

Ба гуфтаи Ситора Шодавлат, дар гурӯҳи ихтиёриёниӯ тоҷирони муваффақу табибону ҳуқуқшиносони қавии тоҷик ҳам ҷамъ омадаанд, ки дар Русия кору зиндагӣ доранд. Онҳо аз нигоҳи молӣ ва ё тахассусӣ ба афроди бемор кӯмак мерасонанд.

Масъулини бунёди "Некӣ мекунем" ҳоло тасмим доранд, ки бо ҳадафи мусоидат дар интиқоли беморон аз Душанбе ба Русия, намояндагии худро фаъол кунанд.

Ситора Шодавлат, раҳбари бунёди хайриявии "Некӣ мекунем" мегӯяд, бунёди онҳо на танҳо муҳоҷирону хонаводаҳои онҳо аз Тоҷикистонро фаро мегирад, балки омодааст ба нафарони дигар, аз ҷумла худи мардуми рус ҳам дасти кӯмак дароз кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG