Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имом-хатиби масҷиди "Оромӣ": Аъзои ДИИШ бояд қатл шаванд


Шермурод Тоғай, имом-хатиби масҷиди "Тинҷлик"-и шаҳри Тошканд
Шермурод Тоғай, имом-хатиби масҷиди "Тинҷлик"-и шаҳри Тошканд

Шермурод Тоғай, имом-хатиби масҷиди "Тинҷилик" (Оромӣ)-и шаҳри Тошканд, пешниҳод кард, ки аъзои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва пайравони ҳизби мамнӯи "Таҳрир" ба ҳукми қатл маҳкум шаванд. Тоғай дар гузашта бо пешниҳоду изҳороти баҳсбарангезаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф буд.

Ин андешаи шахсии ман аст. Онро набояд ҳамчун фатво қабул кард. Дар кишвари мо фатворо муфтӣ медиҳад. Ман танҳо назари худамро гуфтам. Баъзеҳо ҳарфи моро нодуруст мефаҳманд

Пешниҳоди ахири Шермурод Тоғай низ рӯзи 28-уми ноябр дар саҳифаи Фейсбук нашр шуд. Вай 29-уми ноябр дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пешниҳодашро ба хотири оромии кишвар ироа кардааст.

Ӯ гуфт, "нисбат ба онҳо бояд аз ҷазое кор гирифт, ки дар кишварҳои исломӣ ҷорист. Набояд ба душманони дину мардум, ки монеи рушд ҳастанд, раҳм кард. Онҳо ба зиндони бепул, ғизои бепул ва шароити бепул одат кардаанд. Аз онҳо ҳеч фоида нест."

Шермурод Тоғай гуфт, "мо мебинем, ки дар дунё чӣ мегузарад. Онҳо масҷидеро дар нимҷазираи Синои Миср тарконданд. Ман ин пешниҳодро ба хотири оромии мардум кардам. Намедонам, кӣ чӣ гуна андешаи маро мепазирад. Аммо ҳарфи ниҳоиро дар ин маврид раҳбарияти кишвар мегӯяд."

Масҷиди "Минор" дар Тошканд
Масҷиди "Минор" дар Тошканд

Ин имом-хатиб ҳамзамон гуфт, ҳар чизе, ки ӯ дар ин бора дар Фейсбук навишт, фатво нест, балки нуқтаи назари шахси ӯст. "Ин андешаи шахсии ман аст. Онро набояд ҳамчун фатво қабул кард. Дар кишвари мо фатворо муфтӣ медиҳад. Ман танҳо назари худамро гуфтам. Баъзеҳо ҳарфи моро нодуруст мефаҳманд", - афзуд ӯ.

Дар бисёре аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла Узбакистон, "Ҳизби Таҳрир" созмони террористиву экстримистӣ шинохта шудааст. Афроди гумонбар дар узвият ба ин созмон ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ мешаванд.

Бино ба иттилои ҳуқуқдонҳои маҳаллӣ, дар ҳоли ҳозир ҳазорҳо шаҳрванди Узбакистон ба ҷурми узвият дар "Ҳизби Таҳрир", "Нурдҷулар", "Ҷиҳодиҳо" ва “Давлати исломӣ” дар зиндонҳои ин кишвар адои ҷазо мекунанд.

Мӯниса Ризоева
Мӯниса Ризоева

Имоми масҷиди “Тинҷлик”-и шаҳри Тошканд Шермурод Тағой бо изҳоротҳои баҳсбарангезаш маъруф аст. Қаблан Тағой журналистонро “интиқодгарҳо” номида, Мӯниса Ризоева, овозхони маъруфи эстрадаи Узбакистонро “шарманда” хонда буд.

Пешниҳоди як имом-хатиби Узбакистон дар бораи ҳукми қатли аъзои гуруҳи "Давлати исломӣ" дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар ду соли ахир бар зидди ақидаҳои ифротӣ ва ҳам пайвастани шаҳрвандон ба сафи ин гурӯҳ муборизаро шадид кардаанд. Онҳо мегӯянд, на кам аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» ҳамроҳ шудаанд.

Қонунҳои Тоҷикистон барои баргаштаҳои пушаймоншуда - афв ва барои зархаридону мубаллиғон – мӯҳлати тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG