Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори СММ аз пайомади сиёсатҳои зидди муҳоҷират дар Аврупо


Як мақоми умури паноҳандагон дар Созмони Милал гуфт, агар пас аз интихоботи Порлумони Аврупо сиёсатҳои зидди муҳоҷират дар кишварҳои аврупоӣ бештар шавад, ин тамоюл ба давлатҳои дигари ҷаҳон, ки муҳоҷирпазир ҳастанд, таъсири манфӣ мерасонад ва нобасомонӣ эҷод хоҳад кард.

Винсент Кошетел, фиристодаи Дафтари вижаи умури паноҳандагони СММ дар марказ ва ғарби ҳавзаи Миёназамин, рӯзи 4-уми июн гуфт, "шеваи бархӯрди Аврупо бо паноҳҷӯён зери заррабин аст. Агар арзишҳои Аврупо дар заминаи муҳофизат аз паноҳандагон аз байн биравад, ҳамин раванд дар нуқтаҳои дигари ҷаҳон низ рух хоҳад дод."

Вай ҳушдор дод, ки чунин тағйир дар сиёсати Аврупо ба "душвортар шудани мудирияти муҳоҷират на фақат ба сӯи Аврупо, балки дар тамоми масирҳои дигаре боис хоҳад шуд".

Ин нигаронӣ дар шароите баён мешавад, ки аксар назарсанҷиҳо пешбинӣ мекунанд, ки ҳизбҳои рости ифротии зидди муҳоҷират ва миллатгароҳои тундрав дар интихоботи Порлумони Аврупо шумораи курсиҳои худро дар ин ниҳод бештар хоҳанд кард. Интихоботи Порлумони Аврупо рӯзҳои наздик баргузор мешавад.

Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ аз ҳудуди як даҳа пеш сиёсатҳои муҳоҷиратии худро сахттар кардаанд ва ҳузури фаъоли ҳизбҳои рости ифротӣ дар Порлумони Аврупо бешак рӯи бархӯрди ин Иттиҳод бо муҳоҷирон ва паноҳандагон таъсир хоҳад гузошт.

Винсент Кошетел таъкид кард, ки бояд ба раъйдиҳандагони аврупоӣ тавзеҳ дод, ки шумори муҳоҷирон ва паноҳандагоне, ки дар ҳоли ҳозир вориди Иттиҳоди Аврупо мешаванд, "назоратшаванда" аст.

Ӯ ёддоварӣ кард, ки кишварҳои аврупоӣ муҳоҷирати ногаҳонии миллионҳо шаҳрвандони Украинаро, ки пас аз ҳамлаи Русия аз он кишвар гурехтанд, "бе пеш омадани ҳеҷ мушкили ҷиддӣ" контрол карданд.

Фиристодаи вижаи Дафтари умури паноҳҷӯёни СММ дар марказ ва ғарби ҳавзаи Миёназамин таъкид кард, ки аксари оворагон, паноҳҷӯён ва муҳоҷирони ҷаҳон ба Аврупо намеоянд.

Вай аз ниёзҳои асосии муҳоҷирон ва хатарҳое, ки онҳо дар масирҳои асосии муҳоҷират дар Африқо ва гӯшаҳои дигар бо он рӯбарӯ мешаванд, гузориши нав ироа кард.

Винсент Кошетел гуфт, "хатарҳо ва шароити сахте, ки муҳоҷирон ва паноҳҷӯн дар ин масирҳо бо он рӯбарӯ мешаванд, боварнокарданӣ аст".

Ӯ дархост кард, ки пуррафтуомадтарин ва хатарноктарин масирҳои муҳоҷиратӣ шиносоӣ шуда ва барои ҳифозат аз муҳоҷирон ва пешниҳоди ҳама гуна хадамоти аввалӣ ба онҳо, чораҳои лозим анҷом шавад.

XS
SM
MD
LG