Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Путин дар бораи фиристодани аслиҳаи ғарбӣ ба Украина барои ҳамла ба Русия


Владимир Путин.
Владимир Путин.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 5-уми июн ба кишварҳои ғарбӣ дар бораи вокуниши Маскав ба фиристодани таслиҳоти дурпарвоз ба Украина барои ҳамла ба хоки Русия, ҳушдор дод.

Раиси ҷумҳури Русия дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони хориҷӣ дар Санкт-Петербург таъкид кард, вақте кишварҳои ғарбӣ мушакҳои дурпарвоз дар ихтиёри Украина қарор медиҳанд, то ба умқи хоки Русия ҳамла кунад, Русия низ метавонад чунин аслиҳаеро дар ихтиёри кишварҳои душмани онҳо қарор диҳад.

Президент Путин гуфт, "агар касоне фикр мекунанд, ки метавонанд чунин силоҳҳоеро ба минтақаи ҷангӣ (Украина) бифиристанд, то ба хоки мо ҳамла кунад ва барои мо мушкил эҷод кунанд, чаро мо ҳақ надорем ҳамин гуна аслиҳаро ба минтақаҳое аз ҷаҳон содир кунем, ки аз онҷо имконоти ҳассоси он кишварҳои ғарбиро ҳадаф қарор диҳанд".

Вай дар идома афзуд, "ин як посухи нобаробар аст. Аммо мо ба он фикр мекунем".

Ҳафтаи гузашта хабаргузории "Ройтерз" гузориш дод, ки Амрико ва Олмон ба Украина иҷозат доданд аз аслиҳае, ки онҳо дар ихтиёри ин кишвар қарор додаанд, барои ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои низомӣ дар дохили хоки Русия истифода кунад.

"Ройтерз" ба нақл аз чаҳор мақоми амрикоӣ гузориш дода буд, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури ИМА бесару садо ба Киев иҷоза додааст, ки аз аслиҳаи низомии Амрико дар ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои низомии Русия дар дохили ин кишвар, ки аз онҷо шаҳри Киев ҳадаф қарор мегирад, истифода кунад.

Ин хабаргузорӣ дар идома навишта буд, чунин тасмиме ҳикоят аз тағйир дар сиёсати давлати Ҷо Байден дорад, ки то кунун сарсахтона мухолифи истифодаи Украина аз аслиҳаи амрикоӣ барои анҷоми ҳамла дар хоки Русия будааст.

Русия дар ҳафтаҳои ахир ҳамлаҳои худро ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар минтақаи шимол-шарқи Харков ва дар шарқи минтақаи Донетск афзоиш додааст.

Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин ҳушдор дод, ки додани аслиҳаи ғарбӣ ба Украина "гоме бисёр хатарнок" аст, ба вижа агар кӯмаккунандагон истифода аз ин аслиҳаро "контрол" кунанд.

Владимир Путин ба таври хос ба Олмон ҳушдор дод ва гуфт, ки суҳбат дар бораи фиристодани мушакҳое, ки тавони зарба задани пойгоҳҳо дар хоки Русияро, метавонад робитаҳо байни Олмон ва Русияро вайрон кунад.

Путин дар бахши дигаре аз изҳороти худ ба сиёсати ҳастаии Русия ишора кард ва гуфт, агар кишваре ҳокимият ва тамомияти арзии Русияро таҳдид кунад, Маскав барои худ ин ҳақро медиҳад, ки аз ҳама абзорҳояш истифода кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG