Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори хатар аз кӯҳҳо. Аҳволи пиряхи "Тоҷикистон" бадтар шудааст

Мутахассисони тоҷик вазъи пиряхи Тоҷикистонро рӯзи 6-уми август мушоҳида кардаанд.
Мутахассисони тоҷик вазъи пиряхи Тоҷикистонро рӯзи 6-уми август мушоҳида кардаанд.

Мушоҳидаҳои мутахассисон дар яке аз бузургтарин пиряхҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон нишон додааст, ки он ҳамчунон бо суръат об ва хурдтар мешавад.

Пиряхи “Тоҷикистон”, ки дар гузашта бо номи пиряхи Федченко маъруф буд, бо дарозии 77 километр ва бари 1700 то 3100 метр бузургтарин пиряхи кӯҳӣ дар ҷаҳон аст ва яке аз сарчашмаҳои асосии об барои миллионҳо нафар дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон дар як баёнияи расмӣ хабар додааст, ки мушоҳидаҳои пирях ва ҳавзаву шохаҳои он дар моҳи августи гузашта нишон дод, ки “дар низоми пиряхҳои Тоҷикистон таназзули пиряхҳои хурд, ақибнишинии шохаҳо, коҳишёбии забонаи пирях, тағйирёбии ҳаҷму масоҳати пирях ва ташаккули кӯлҳои пиряхӣ ба қайд гирифта шудааст.”

Обе, ки аз пиряхи Тоҷикистон ҷорӣ мешавад, рӯдхонаҳои Сурхоб, Вахш ва Амударёро пур мекунад, ки то 2000 километр ҷорӣ шуда ва ба Баҳри Арал мерезад. Дар Осиёи Марказӣ, ки як гӯшаи гарму хушки ҷаҳон аст, бисёре аз пиряхҳои Тоҷикистон ба ҳайси як бӯшкаи азими оби ширин хидмат мекунанд. Пирях дар қаторкӯҳи Язғулом дар Помири Ғарбӣ ҷойгир аст ва масоҳаташ 700 километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки бо ин масоҳат онро ба бузургтарин пиряхи ҷаҳон берун аз Арктика ва Антарктида табдил додааст.

Мутахассисони идораи ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтаанд, ҳадафи мушоҳидаи пиряхҳо дар кӯҳҳои Помир “арзёбии вазъи захираҳои барфу ях, муайян намудани тағйироти ҷории пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ, инчунин ҷамъоварии маълумоти саҳеҳ барои такмили низоми мониторинг ва арзёбии хавфҳои эҳтимолии вобаста ба пиряхҳо мебошад.”

Дар ҷараёни мушоҳидаҳо аз фазо, мутахассисон ҳавзаи дарёи Муқсу, Пиряхи Тоҷикистон (Федченко) ва ҳавзаи дарёи Сурхоб таҳқиқ кардаанд ва таҳқиқи онҳо натиҷаҳои нигаронкунандае ҳам доштааст. Аз ҷумла ба гуфтаи мутахассисон, мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар ин пиряхҳо равандҳои ақибнишинӣ, обшавӣ, коҳиши захираи барфу ях, коҳишёбии забонаҳои пиряхӣ ва ташаккули кӯлҳои пиряхӣ идома доранд.

Дар баёнияи Идораи обуҳавошиносии Тоҷикистон омадааст: “Дар байни пиряхҳои мавриди омӯзиш қарордошта пиряхҳои Деҳдал ва Қизилкӯл бо фаъолияти динамикӣ ва эҳтимоли ташаккули равандҳои хатарнок фарқ мекунанд. Дар пиряхи Сайид Нафисӣ (Баралмос) коҳиши захираи барф ва мавҷудияти кӯлҳои пиряхӣ мушоҳида гардидаааст. “

Рахнаи кӯлҳои пиряхӣ ва шикастани забонаҳои пиряхҳо умдатан фалокати азиме, аз ҷумла обхезиро дар пай дорад, ки чанде пеш дар Непал мушоҳида шуд. Дар ин кишвар ва дар марзи он бо Чин бар асари сел дар рӯзи 26 август 1300 нафар ҷон дода ва бештар аз 5 ҳазор каси дигар бенишон шуданд.

Моҳи октябри соли гузашта як шохаи бузурги пиряхи Деҳдал бо паҳнои то 120 метр канда шуда ба поён ҳаракат кард.

Дарозии забонаи пирях 1,5 километр ва баландиаш 50 метр буд. Дар ин ҳодиса, ки видеояш низ сабт шудааст, касе осеб надид. Натиҷаи мушоҳидаҳо нишон додааст, ки, дар як даҳсолаи гузашта ҳаҷми пиряхҳои бузург дар Тоҷикистон то 30 фоиз кам шуда, шумораи зиёди пиряхҳои хурд комилан аз байн рафтаанд.

Тибқи омори муҳаққиқон аз 14 ҳазор пиряхи дар соли 2001 ба қайд гирифта шуда, дар соли 2024 беш аз 1300 комилан аз байн рафтаанд ва сабаби аслӣ ҳам гармоиши курраи Замин ва боло рафтани ҳарорат дар саросари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон будааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG