Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стив Свердлов: Ҳукми Шӯҳрат Қудратов сиёсист (ВИДЕО)


Стив Свердлов
Стив Свердлов

Пажӯҳишгари созмони байналмилалии Human Rights Watch Стив Свердлов бо таъкид ба ангезаҳои сиёсии парвандаи Шӯҳрат Қудратов аз мақомоти Тоҷикистон хостори бозбинии ҳукми зиндони ин вакили мудофеъ шуд.

Пажӯҳишгари созмони байналмилалии Human Rights Watch мегӯяд, дар парванда ва ҳукми зиндон вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов ангезаҳои сиёсӣ хеле рӯшан мушоҳида мешаванд. Ба ақидаи Стив Свердлов, ин қазия ва ин ҳукм барои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ обрӯ нахоҳад овард ва бояд бозбинӣ шавад.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 13 январ вакили дифои маъруф Шӯҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Баъди анҷоми мӯҳлати зиндон, ду соли дигар ин вакили мунтақиди ҳукумат ва як фаъоли ҷамъиятӣ ҳақ нахоҳад дошт бо кори адвокатӣ машғул шавад. Додгоҳ гуфт, ки гуноҳи ин шахс дар иттиҳоми кӯшиши додани пора собит шуд, дар ҳоле, ки худи Қудратов дар сухани охиринаш худро бегуноҳ ва айбҳои ба ӯ боршударо исботношуда номид. Нозирон ҳукми Шӯҳрат Қудратовро сиёсӣ мегӯянд, ки сабабаш ҳам дар мавқеи сарсахти ӯ дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов аст.

Дар як мусоҳибаи видеоӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони байналмилалии Human Rights Watch Стив Свердлов, ки қазияи Қудратовро аз оғоз пайгирӣ кардааст, аз Бишкек назарашро ба ҳукми Шӯҳрат Қудратов баён кард.

Стив Свердлов: Мо аз ҳукми додгоҳ дар нисбати яке аз маъруфтарин ҳуқуқшиносон ва фаъолони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Шӯҳрат Қудратов нигарон шудем. Мо мӯътақидем, ки Тоҷикистон имрӯз ба як низоми адвокатии хеле қавӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳукми додгоҳ бидуни тардид ба ҳама аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам кормандони соҳаи ҳуқуқ аломат медиҳад, ки машғул шудан бо парвандаҳои ҳассоси сиёсӣ хеле хатарнок аст. Вале ин ҳукм ба манфиати Тоҷикистон нест ва мо талаб мекунем, ки ин парванда бознигарӣ шавад.

Озодӣ: Чаро, ба фикри шумо, ин қазия метавонад ангезаҳои сиёсӣ дошта бошад?

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов

Стив Свердлов: Албатта, мо ҳанӯз факту далелҳои ин қазияро омӯхта истодаем. Вале мо як чизро наметавонем нодида гирем, ки Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон баъди боздид аз Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2014 изҳороте пахш кард, ки қазияи Қудратов ангезаҳои сиёсӣ дорад ва вокуниши бадест ба он ки ӯ аз ҳуқуқи Зайд Саидов ҳимоят кардааст. Аз ин пеш, моҳи июли соли 2014 18 созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон изҳороте пахш карда гуфтанд, ки қазияи зидди ҳимоятгарони Зайд Саидов – Фахриддин Зокиров ва Шӯҳрат Қудратов сиёсӣ аст. Мо инро ба инобат гирифтем ва умедворем, ки мақомот ҳам ин чизро нодида намегиранд.

Озодӣ: Қазияи Фахриддин Зокировро мо медонем, ки чигуна анҷомид. Баъди 8 моҳи боздошт бо иттиҳоми муомилоти тақаллубии бонкӣ ӯ афв шуда, ба озодӣ баромад, вале аз ҳимояи ҳуқуқи Зайд Саидов канор рафт.

Стив Свердлов: Бале.

Озодӣ: Баъзеҳо мегӯянд, ки парвандаи Қудратов як нуқтаи таммат дар намоиши беҳуқуқиву кӯтаҳдастии чеҳраҳои сиёсӣ дар баробари додгоҳ ва адолат дар Тоҷикистон аст. Ба фикри шумо, воқеан ҳам чунин аст?

Эълони ҳукми Қудратов
Эълони ҳукми Қудратов

Стив Свердлов: Бале, ҳамин хел аст. Мо давоми чанд моҳ ин қазияро назорат мекардем. Мутаассифона, аз рӯи маълумоти дарёфтии мо, ҳангоми таҳқиқи қазияи Зайд Саидов, гурӯҳи ҳуқуқии ӯ мавриди таҳдид қарор гирифтаанд. Мо маълумоти дурусту санҷидашударо ба даст овардем, ки дар ҷараёни тафтиш, баъдан дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ва баъди он Шӯҳрат Қудратов ва ҳуқуқшиносони дигар таҳдиду таъқиб шуданд ва ҳам мавриди фишорҳои дигар қарор гирифтанд. Тавре гуфтем, ин аломати хеле бад аст, ки дар кишвар як фазои тарсро эҷод мекунад. Дар меҳвари равандҳои демократӣ дар ҷомеа маъмулан адвокатҳову ҳомиёни ҳуқуқ, яъне ҳуқуқшиносони бетараф қарор мегиранд. Барои Тоҷикистон ҳамингуна ҳуқуқшиносоне мисли Шӯҳрат Қудратов лозиманд, ки ҳамеша омода ҳастанд бо ҳассостарин парвандаҳо кор кунанд. Аз ҷумла, қазияҳои мисли ифротгароии мазҳабӣ, таҳқиру тавҳин, назири қазияи ҳафтаномаи “Азия-Плюс” ва дигар қазияҳо, ки ӯ бо онҳо сарукор дошт. Аз ҳамин хотир, дар ҳамин марҳила барои Тоҷикистон ҳамингуна ҳуқуқшиносон лозиманд. Мо бисёр умед мекунем, ки мақомот нигаронии моро шунида, барои бозбинӣ шудани ин парванда иқдом мекунанд.

ВИДЕОИ ЭЪЛОНИ ҲУКМИ ҚУДРАТОВ ИНҶОСТ:

XS
SM
MD
LG