Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҳамсари Ш.Қудратов ба ҳукми ӯ (ВИДЕО ва 3 АКС)


Додгоҳи шаҳри Душанбе Шӯҳрат Қудратов, вакили тоҷикро, ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Додраси парванда гуфт, Қудратов баъд аз раҳоияш аз зиндон низ ду сол ҳаққи адвокатӣ надорад.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 13 январи соли ҷорӣ бо ҳукми худ Шӯҳрат Қудратов -- вакили боздоштшудаи тоҷикро, бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ (320 ва 247) - "додани пора" ва "қаллобӣ" - 9 сол аз озодӣ маҳрум кард ва додраси парванда гуфт, ин ҳуқуқдон баъди раҳоияш ду сол ҳаққи адвокатӣ низ надорад. Тоҳирбек Мӯсобекзода, додраси парванда, ҳангоми қироати хулосааш гуфт, ин ҳукмро дар асоси он ки Шӯҳрат Қудратов се фарзанди ноболиғ дорад ва, инчунин, татбиқи қонуни афв, гирифтааст. Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ ё намояндаи додситонӣ аз додрас хоста буд, Қудратовро барои 11 сол ба зиндони низомаш шадид фиристад.

Ин ҳукми додгоҳ дарҳол бо вокуниши тунди хонаводаи Шӯҳрат Қудратов рӯбарӯ шуд. Гулафрӯз Қурбонова, ҳамсари ин вакили боздоштшуда, дар толори додгоҳ бо садои баланд додрасро барои, ба қавли ӯ, ноадолатияш муттаҳам кард ва гуфт, “ҳатто ин ҳукмро ба нафаре, ки одам куштааст, раво намебинанд”. Додраси парванда баъд аз ин ҳушдор дод, ки нисбат ба ҳамсари Қудратов "акт" тартиб медиҳад.

Шӯҳрат Қудратов ба муддати 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:56 0:00

Тоҳирбек Мӯсобекзода ҳангоми қироати ҳукм
Тоҳирбек Мӯсобекзода ҳангоми қироати ҳукм

Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шӯҳрат Қудратов, дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодӣ” ин ҳукми нафари таҳти ҳимояташро "фармоишӣ" донист ва гуфт, “қонуни афв ба эътибор гирифта нашудааст”. “Дар масъалаи моддаи 320 ҳаминро мегӯям, ки аслан дар таркиби он ҷиноят набуд. Умуман, тамоми далелҳои пешниҳодии моро додрас ба инобат нагирифт. Дар масъалаи Ҷӯрабек Охунов (моддаи 247). Бародари ӯ Тӯрабек омада, ариза навишт, ки ҷуброн барқарор шудаасту даъвое надорад. Вале додрас инро ҳам ба назар нагирифт”,-афзуд ӯ.

Ба ин тартиб оқои Зоиров бовар дорад, парвандаву маҳкумияти Шӯҳрат Қудратов фармоишист ва тасмим гирифтааст, баъд аз гирифтани ҳалнома зуд аз болои он ба Додгоҳи олӣ шикоят бубарад. Субҳи сешанбе, пеш аз шурӯи додгоҳ, пайвандони Шӯҳрат Қудратов, ба хабарнигори “Озодӣ” гуфта буданд, умеди озодии ӯро доранд. Гулафрӯз Қурбонова, ҳамсари ин вакили мудофеъ, ки аз моҳи июли соли гузашта ба инҷониб дар боздошт қарор дорад, гуфт, мисли ҳамаи инсонҳо мехоҳанд ӯ аз толори додгоҳ озод ва тамоми парвандаҳо бар муқобилаш қатъ шаванд.

Худи Қудратов рӯзи 12 январ дар баромади ниҳоияш дар додгоҳ гуфт, тафтишоти парвандааш аз сар гирифта шавад, чун, ба қавли ӯ, ҷузъиёти он дар ҷараёни мурофиа пурра омӯхта нашудааст. Вай гуфт, ба ҳеч ваҷҳ худро гунаҳкор намеҳисобад ва мехоҳад додгоҳ ӯро сафед кунад.

Видео дар Ютуб:

Шӯҳрат Қудратов, ки дар парвандаҳои пурсарусадои солҳои охир аз манфиатҳои афроде, чун раиси “Мовароуннаҳр” Ҷӯрабек Охунов, вазиир собиқи умури дохила Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва аз Диловаршоҳ Қосимов, нафари муҷрим дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи “Ҷангали Тоҷик” ва шавҳари хоҳари калонии президенти Тоҷикистон, ҳимоят кардааст, 21 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд.

Мақомот гуфтанд, ӯ мехост аз як муваккилаш бо номи Амиралӣ Суламаев, ки ба қаллобӣ айбдор мешуд, барои бастани парвандааш 2000 доллар гирифта, ба як додрас бидиҳад. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ин пулро ӯ бояд ба нафари ҷабрдида – раиси ширкати “Пайванд” Парвиз Бадалов - медод, то аз даъвояш алайҳи Суламаев гузарад.

Аммо Шӯҳрат Қудратов ва тарафдоронаш таъқибу боздошт ва муҳокимаи ӯро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва ба мавқеи фаъоли шаҳрвандиву сиёсии ӯ, аз ҷумла дар рафти ҳимоят аз вазири собиқи саноат Зайд Саидов рабт медиҳанд. Қудратов ҳамчунин аз раҳбарони ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматилло Зоиров аст. Ин ҳизб бо вуҷуди дар боздошт қарор доштани Қудратов, ӯро аз рӯйхати ҳизбӣ ба интихоботи порлумонии рӯзи 1 март номзад кардааст.

XS
SM
MD
LG