Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷовуз ба номус - даҳшате аз даҳшатҳои ҷанги Косово


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар солҳои ҷанги Косово қариб 20 000 зани албанӣ дар ин сарзамин аз сӯи аскарону шибҳанизомиёни серб таҷовуз шудаанд. Вале аксари онҳо ин розро то ҳол аз ҷомиа ва наздикони худ пинҳон нигоҳ медоранд.

Аз 20 ҳазор зани албанӣ, ки дар ҷараёни ҷанги Косово ба таври систематик ё пайваста таҷовуз шудаанд, танҳо 100 нафар ин фоҷеаи худро ба дигарон ошкор кардааст. 80 дарсади дигар муҳри хамушӣ ба лаб задаанд ва намехоҳанд асрори ҷисми таҳқиршудаи онҳо ба гӯши дигарон бирасад.

Ҷетта, як зани албанӣ аз рустои Дренитсаи Косово рӯзҳои умрашро бештар дар ошхона сипарӣ мекард ва гоҳе то 17 дона нон мепухт, то шиками шавҳар, фарзандон ва набераҳояшро сер кунад.

Субҳи тирамоҳи соли 1998 низ яке аз чунин рӯзҳои маъмулӣ буд. Шавҳари Ҷетта ва писари бузурги ӯ ҳамроҳ бо мардҳои дигари деҳа дастаҷамъона рӯ ба фирор оварданд, то аз дасти аскарони Сербия ва Югославия кушта нашаванд. Аксари занону кӯдаҳон низ аз деҳа рафтанд. Аммо Ҷетта ба онҳо ҳамроҳ нашуд. Ӯ дар гӯшаи дилаш бовар дошт, ки аскарони серб ба занҳои муштипар ва кӯдакон кордор намешаванд.

Ҷетта иштибоҳи худро вақте дарк кард, ки яке аз танкҳои ҳомили аскарон дар назди хонаи ӯ манъ шуд ва аскарони серб аз он ба замин ҷаҳиданд.

“Онҳо аз танк ба ҳавлии мо ҷаҳиданд, панҷ марди мусаллаҳ. Онҳо пушти ҳам ба хона даромаданд. Ёд дорам, ки баробари ворид шудан ба хона онҳо ба рӯи худ ниқоби сиёҳ кашиданд. Ман аз духтаронам хостам, ки аз барам дур нашаванд. Мо дар як ҷо ҷамъ шудем ва онҳо аз мо талаб карданд, ки ба таҳхона фароем. Макони фоҷеъа онҷост. Духтари ман он вақт ҳамагӣ 13 сол дошт,” - мегӯяд бо гиря Ҷетта.

Набераҳои Ҷетта бо фарзанди маъюбаш аз тарси аскарони серб дар болохона пинҳон буданд. Ҷетта бо се духтараш дар таҳхона шадидан латту кӯб ва соатҳо таҷовуз шуданд.

Ҷетта, ки ҳоло 50 сол дорад ва нисбат солаш бузургтар ба назар меояд, мегӯяд, ӯ ҳатто дар вақти ҳуҷум низ ҳушу ёдашро аз даст надод: “Ман дарк мекардам, ки ба чӣ балое гирифтор шудаем, аммо баъдан ба нуқтае расидам, ки дигар наметавонистам фикр кунам. Ман танҳо мехостам бидонам, ки акнун чӣ хоҳад шуд? Моро хоҳанд кушт? Чигуна мемурда бошем? Ман аз мурдан наметарсидам, ҳатто мехостам бимирам. Духтари бузургам фарёд мекашид, ки “моро бикушед, зинда нагузоред!”

Ҷетта ва духтарони ӯ аз ҷумлаи ҳудудан 20 ҳазор занону духтарони албаниянд, ки дар ҷараёни ҷанги 16-моҳаи Косово ҳадафи таҷовузи дастаҷамъонаи аскарони Сербистон ва Югославия қарор гирифтаанд.

Бар пояи гузоришҳои созмони ҳуқуқи башари Ҳюман Райтс Вотч, таҷовузҳои гурӯҳии занҳо асосан аз тарафи шибҳанизомиҳо ва бо ҳадафи тарсонидани мардуми мулкӣ анҷом мешуданд.

Дар Косово ба монанди Босния, ки дар он аксарони серб ҳудудан 40 ҳазор зани мусалмонро таҷовуз кардаанд, ҳадаф таҳқир ва нанги иҷтимоӣ буд. Ҷетта ва духтарони ӯ низ ба ин нанг рӯ ба рӯ буданд.

Вақте таҷовузгарон бо фарорасии шаб аз хонаи онҳо бадар рафтанд, марде аз хешовандони Ҷетта ба хона баргашт. Вақте ӯ аз қазия огаҳ шуд, дафъатан амр кард, ки ин розро ба ҳеҷ ваҷҳ ошкор накунанд. “Нанги таҷовуз фоҷеаи бадтар аз марг аст,”- гуфт он мард.

Ҷетта дар ростои ин нанг ва хатари радди маърака будан хомӯшӣ ихтиёр кард. Ӯ 15 сол хомӯш буд. Ӯ пароканда шудани оилаашро хомӯшона таҳаммул кард. Се духтари ӯ аз Косово рафтанд. Яке аз духтаронаш издивоҷ кард, аммо шавҳараш баробари шунидани қазияи таҷовуз ӯро талоқ дод. Духтари чаҳорумаш, ки маъюби модарзод аст, натавонист аз кишвар берун равад.

Ҷетта фоҷеаи 15 соли пешро аз шавҳараш низ пинҳон медорад. Ӯ афсурдагии худаш ва духтаронашро дар солҳои минбаъда барои шавҳараш ба гунаи дигар қисса кард. Ӯ гуфт, ки аскарони серб ӯ ва духтаронашро як муддати кӯтоҳ асир гирифтанд ва баъдан раҳо карданд. Шавҳари Ҷетта ба ӯ гуфтааст, ки агар онҳо таҷовуз мешуданд, обрӯи хонавода мерафт. Шавҳараш борҳо такрори ба такрор таҳдид кардааст, ки агар аскарони серб ба ӯ ва духтаронаш даст мерасониданд, ӯ аз баҳри онҳо мегузашт.

“Магар бо чунин инсон мешавад дар бораи фоҷеаи мисли таҷовуз ҳарф зад?” – мегӯяд бо алам Ҷетта. Ӯ ҳатто замоне, ки роҳии сӯҳбат бо хабарнигор буд, ба шавҳараш дурӯғ гуфт, ки барои муоинаи тиббӣ ба Приштина меравад. Танҳо теъдоди ками занҳо, эҳтимолан 4-5 нафар розӣ шудаанд, ки фоҷеъаи худро бо хабарнигорон дар миён гузоранд.

Ҷетта афсуӯс мехурад, ки аскарони серб ӯро зинда гузоштанд. “Зиндагии ман лаззате надорад, ман ҳеҷ гоҳ наметавонам эҳсосоти худро ба ӯ баён кунам. Ҳатто дар лаззабахштарин лаҳзаҳо ҳам ман худро дар бадтарин мавқеъ дармеёбам,” – мегӯяд Ҷетта.

Эҳсоси тарс баъди хатми ҷанг дар соли 1999 низ Ҷеттаро тарк накард, ҳатто замоне, ки ӯ барои кӯмак ба Маркази эҳёи қурбониёни шиканҷа дар Приштина муроҷиат кард. Ходимони ин марказ мегӯянд, занҳои таҷовузшуда парда аз рӯи ин роз бардоштан намехоҳанд. Аз байни ҳазорон нафар, танҳо 100 тан ҷасорат пайдо кардаанд ва кӯмак хостаанд. 80 дар сади дигар ба мисли Ҷетта аз тарси танҳо мондан ин розро ҳатто аз ҳамсарони худ пинҳон медоранд.

Ҳукумат низ дар расидагӣ ба қазияи занҳои таҷовузшуда шитоб накард. Бо гузашти 15 сол аз анҷоми ҷанг, порлумони Косово танҳо моҳи марти соли равон қонун дар бораи ҷуброни ҷабрдидаҳои таҷовузи замони ҷангро тамдид кард.

Ҷубронпулии моҳона 400 доллар аст, ки дар баробари харҷи кунунии 150 доллар дар моҳ барои хонаводаи Ҷетта маблағи баде нест. Аммо ҳоло мушкил дар ҷойи дигар аст. Мушкил ин аст, ки оё Ҷетта барои дарёфти ҷубронпулӣ ба ҳукумат муроҷиат мекунад ё хайр? Мушкил ин аст, ки ӯ билохира ба шавҳараш мегӯяд, ки 15 соли пеш дар як субҳи тирамоҳ дар таҳхонаи ҳавлии худаш аскарони серб бо ӯ ва духтаронаш чӣ карданд?
XS
SM
MD
LG