Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таърихи дин" дар мактабҳо -- сипари зидди тундгароӣ?


Дар мактабҳои миёна ба таълими 3 фанни нав, аз ҷумла "Таърихи дин", оғоз мекунанд. Ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав як ҳадафи аслӣ аз ҷорӣ кардани "Таърихи дин" гуфта мешавад.

Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мехоҳанд, аз 1 сентябр, яъне аз оғози соли нави таҳсил дар мактабҳои миёнаи ин кишвар якбора таълими 3 фанни нав - “Таърихи дин”, “Маърифати оиладорӣ” ва “Асосҳои иқтисодиёт”-ро ҷорӣ кунанд. Баҳси таълими хусусан “Таърихи дин” дар ҷомеаи Тоҷикистон чанд сол боз идома дошт.

Шарифмуроди Исрофилниё, мудири Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 4 июн дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ҷорӣ шудани таълими бахусус “Таърихи дин” дар мактабҳои миёнаи кишварро фавқулода муҳим номид ва гуфт, ин имкон медиҳад, то насли ҷавон ба моҳияти динҳои асосӣ, бахусус ба арзишҳои мазҳаби Ҳанафия, ки аксари аҳолии Тоҷикистон аз ҳамин равия пайравӣ мекунанд, сарфаҳм раванд ва ба доми гурӯҳҳои мухталифи мазҳабӣ ва хурофоту таассуб наафтанд. Ӯ афзуд, “як ҳадафи аслӣ ин аст, ки хонанда дини воқеии Исломро аз хурофот фарқ кунад.”

Озодӣ: Сабаби ҷорӣ кардани таълими ин фанни нав дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон чӣ буд?

Шарифмуроди Исрофилниё: “Бино бар зарурат, воқеаҳои солҳои охир ва берун мондани ҷавонон, хусусан хонандагони мактабҳои миёна аз маърифати дин, дар фикри мо андешаи ҷорӣ кардани фанни нав - “Таърихи дин” - пайдо шуд. Воқеан пештар, яъне то чанд соли қабл ин фан буд, вале онро бардоштанд аз барномаи таълимӣ. Ва бо тасмими вазорат, вазифаи ин фанро мебоист ду фанни дигари “Адабиёт” ва “Таърихи халқи тоҷик” иҷро мекард. Мутаассифона, ин вазифа иҷроношуда монд.”

Озодӣ: Аммо андешаи барқарор кардани фанни “Таърихи дин” дубора кай бархост?

Шарифмуроди Исрофилниё: “Баъд аз онки дар паёми раисиҷумҳур ин мавзӯъ бори дигар баррасӣ шуд, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки ин фанро аз сари нав ҷорӣ кунад. Бо дидгоҳи нав, чунки китобе ки қаблан навишта шуда буд, ба талабот ҷавобгӯ нест. Ин бор ду корманди исломшиноси Академияи илмҳо Муҳаммад Музаффарӣ ва Шерзод Абдуллоҳзода ҳамроҳ бо ду нафар аз Кумитаи дин мутасаддӣ шуданд барои навиштани “Таърихи дин”. Дастнависи китоб алакай тайёр аст ва дар ҳоли коркард қарор дорад. Ҳадафи асосӣ аз ин фан ба хонандагони тоҷик додани маърифати динист. Дар ин фан натанҳо дар бораи дини Ислом, балки аксари адёни мурсал, чун динҳои зардуштӣ, насронӣ ва яҳудӣ низ маълумот дода мешавад. Вале албатта, бештар моҳияти дини Ислом ва мазҳаби Ҳанафия, ё мазҳаби Имоми Аъзам, ки дар Тоҷикистон маъмул аст, ба хонандагон таълим дода мешавад. То ки бохабар бошанд ва ба гурӯҳҳои динӣ нагароянду ба хурофоти динӣ дода нашаванд.”

Озодӣ: Ин фанҳо дар кадом синф ва дар кадом сатҳу ҳаҷм дарс дода хоҳанд шуд?

Шарифмуроди Исрофилниё: “Таърихи дин”-ро дар синфи 9 гузоштем, чунки баъд аз хатми синфи 9 баъзе хонандагон ё ба омӯзишгоҳҳо мераванд ва ё тарки таҳсил мекунанд. Аммо “Маърифати оиладорӣ”-ро, бино бар онки барои дар як синф гузоштани 3 фан соат намерасад, дар синфи 10 гузоштем. “Асосҳои иқтисодиёт”-ро дар синфи 11 таълим хоҳанд дод. Барои ҳар яке аз се фан дар барномаи таълимии мактабҳои миёна ҳафтае яксоатӣ, яъне дар умум дар давоми як соли таҳсил 34 соат ҷудо шудааст.”

Озодӣ: Агар аз “Таърихи дин” бигзарем, чӣ зарурате барои ҷорӣ кардани ду фанни дигар - “Маърифати оиладорӣ” ва “Асосҳои иқтисодиёт” вуҷуд дошт?

Шарифмуроди Исрофилниё: “Мурод аз фанни “Маърифати оиладорӣ” огоҳ шудани ҷавонон аз фарҳанги хонадорист. Мо бояд унсурҳоеро, ки хусусияти миллӣ доранд, суннатҳо ва анъанаҳои хонаводадории миллиро ҳифз кунем. Ин ҳама бояд дар китоби дарсӣ дарҷ шавад. “Маърифати оиладорӣ” бо раҳбарии академик Абдуҷаббор Раҳмонзода навишта мешавад ва ҳам равоншиносон, ҳам ходимони тиб ва ҳам мутахассисон аз Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси омӯзгорон ба таҳияи ин китоб ҷалб шудаанд. Фанни сеюм - “Асосҳои иқтисодиёт” - бино бар зарурати замон, замоне ки замони сармояву замони бозаргонист, дар синфи 11 таълим дода мешавад, то хонандагон аз вазъияти бозори муосир ва иқтисодиёти замон огаҳ шаванд.”

Озодӣ: Оё то 1 сентябр, яъне дар камтар аз 3 моҳе, ки мондааст, ҳамаи ин китобҳо чоп ва ба мактабҳо дастрас мешаванд?

Шарифмуроди Исрофилниё: “Бале, бояд шавад. Дастнависи китоби “Таърихи дин” алакай тайёр аст. Ду рӯз пеш бо раҳбари гурӯҳ профессор Музаффарӣ сӯҳбат доштам. Дастхат тайёр аст, вале бояд забонашро содатар кунем. Олимони мо онро бо забони мураккаби илмӣ навиштаанд, вале барои хонандаи мактаби миёна бо як забони содатар баён кардани мавзӯъҳо зарур аст, ки фаҳмо бошад ва ба зеҳни онҳо ҷо бишавад. “Маърифати оиладорӣ” ҳам навишта шуда истодааст. Мо умед дорем, ки то 1 сентябр ҳарсе китоб ба дасти хонандагон бирасад.”

Озодӣ: Як суол тавзеҳ мехоҳад. Ин се фанни комилан нав аст, ки дар низоми донишгоҳҳои омӯзгории мо то имрӯз тарбияи устодони ин фанҳо пешбинӣ нашуда буд. Пас, “Таърихи дин”, “Маърифати оиладорӣ” ваё “Асосҳои иқтисодиёт”-ро ба хонандагон кӣ дарс хоҳад дод?

Шарифмуроди Исрофилниё: “Устодони фанҳои забону адабиёт ба сурати умум, аз дин бохабаранд, чунки касе ки даъво мекунад адабиётро мефаҳмад, бояд аз дин бохабар бошад. Саропои адабиёти мо аз “Қуръон”-у аз суннат аст. Аз тарафи дигар, мо дар Донишгоҳҳо риштаи фалсафа дорем, метавонем хатмкардаҳои ин риштаро ҷалб кунем. Донишкадаи исломӣ ҳам дорем, ки кадрҳои зиёде тарбия кардааст, вале онҳо бояд дар баробари дини Ислом пиромуни динҳои дигари асосӣ ҳам иттилоъ дошта бошанд. “Маърифати оиладорӣ” низ мушкили камбуди кадр ба бор намеорад. “Асосҳои иқтисодиёт”-ро хатмкардаҳои риштаҳои иқтисодии мактабҳои олӣ, ки беш аз зарурат кадр мебароранд, метавонанд дарс бигӯянд. Гумон мекунам, аз лиҳози кадрҳо танқисӣ нахоҳем кашид.”

Озодӣ: Вале давраҳои омӯзишӣ гузаронда мешаванд, то омӯзгорон омода бошанд?

Шарифмуроди Исрофилниё: “Албатта. Вазорат тасмим гирифтааст, ки дар давраҳои такмили ихтисоси омӯзгорон ҳатман ин се фанни нав ҷоришударо ҳам бифаҳмонанд. Ин се фанни нав хеле заруранд. Бахусус “Таърихи дин”. Бубинед, мо аз моҳияти дини Ислом берун рафта истодаем ва хурофот дар мо бештар мешавад. Ва мақсади аслӣ ҳамин аст, ки хонанда дини воқеии Исломро аз хурофот фарқ кунад. Мо ҳоло аз дини Ислом дида, ба хурофот бештар дода шудаем, таассуб дорем, ростӣ. Вазифаи ин фанни нав ба хонандагон таълим додани муҳити дин, бавижа дини Ислом ва хусусан мазҳаби Ҳанафист.”

XS
SM
MD
LG