Пайвандҳои дастрасӣ

Соҳибкоре дар Тошканд: Барои мо тоза фурсати кор расид. ВИДЕО


Бо эҳсоси тағйири фазо дар Узбакистон соҳибкори маҳаллӣ Ҳикмат Абдураҳмонов мехоҳад дар Тошканд як бинои даҳошёна сохта, дар он фаъолияти ширкати машваратии тиҷорати хориҷиро раҳандозӣ кунад.

Дар давраи ҳукмронии президент Ислом Каримов Узбакистон дар байни

Дар гузашта мо нисфи вақти худро барои дарёфти ҳамкор ва нисфи дигарро барои дарёфти пули пардохт масраф мекардем. Ҳозир бахши молиёт метавонад бо қисмати молӣ машғул бошаду хариду фурӯши асъори хориҷиро такмил намояд

кишварҳои дар ҳолати инзивоъ ёд мешуд. Каримов, ки аз замони шӯравӣ сари қудрат омада буд, яке аз иқтисодҳои калонтарини Осиёи Марказиро таҳти назорати шадид қарор дода ва на ба Русия бовар дошту на ба Ғарб.

Захираҳои бузурги маводи сӯхт, пахта, ғизо, мошин ва маводи кимиёии ин кишвари Осиёи Марказӣ сафари тоҷирони зиёдро ба Узбакистон ташвиқ мекунад. Вале айни замон нигаронии сиёсӣ ҳам вуҷуд дорад. Омилони чор ҳамлаи террористӣ, ки дар солҳои охир дар Ню Йорк, Стокҳолм, Истанбул ва Санкт-Петербург рух дода ҳаёти даҳҳо нафарро аз байн бурдаст, шаҳрвандони Узбакистон будаанд.

Президент Шавкат Мирзиёев, ки як сол пеш сари қудрат омада буд, мубориза бо ифротгароии исломиро идома дода, ҳамзамон боэҳтиёт ислоҳоти иқтисодро низ пеш мебарад.

Моҳи август Узбакистон эълон кард, ки то соли 2019-ум визаи хуруҷ барои шаҳрвандони ин кишвар лағв шуда, узбакҳо ва хусусан муҳоҷирони корӣ бидуни маҳдудият имкони сафар ва кор дар хориҷаро ба даст меоранд. Муҳоҷирати корӣ дар Русия барои бисёр оилаҳои узбак манбаи асосии даромад аст. Моҳи сентябр баъди бойкоти тӯлонӣ Тошканд пахтачинии донишҷӯён, муаллимон ва табибонро манъ кард.

Ҳикмат Абдураҳмонов мегӯяд, барои соҳибкорон дар Узбакистон тоза фурсати кор расид. Ба гуфати ӯ, ислоҳоти пул, ки қурби воқеии сӯми миллиро собит карда нуфузи бозори сиёҳро коҳиш дод, барои пешбурди тиҷорат кумак хоҳад кард:

Вай гуфт: "Дар гузашта мо нисфи вақти худро барои дарёфти ҳамкор ва нисфи дигарро барои дарёфти пули пардохт масраф мекардем. Ҳозир бахши молиёт метавонад бо қисмати молӣ машғул бошаду хариду фурӯши асъори хориҷиро такмил намояд. Мо бошем, бо стратегияи корамон ва ҷустуҷӯи ҳамкорони эҳтимолӣ машғул шавем".

Қаблан табодули сӯми узбакӣ маҳдудияти бисёр дошта, қурби сӯм дар бонкҳои давлатӣ ва бозори сиёҳ то наздики 400 фоиз фарқ дошт.

Вале дар асл имрӯз ҳам сокинони оддии Узбакистон наметавонанд пули хориҷиро баосонӣ пайдо кунанд ва аз ин рӯ, то ҳанӯз нуфузи бозори сиёҳ эҳсос мешавад.

Дар ҳар сурат, ниятҳои неки мақомоти Узбакистон аз назари созмонҳои байналмилалии молӣ дур намондааст. Имсол Бонки ҷаҳонӣ беҳбуди фазои тиҷоратии Узбакистонро дар миёни даҳ кишвари сафи аввал гузошта, дар байни 190 кишвари олам дар мақоми 74-ум ҷой дод.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG