Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфу тундбодҳои шадид дар Амрико


Дар пайи барфрезиҳои шадид дар 11 аёлати Амрико вазъи фавқулодда ҷорӣ кардаанд.

Барф ва тундбоди охири ҳафтаи гузашта ба 20 аёлати соҳили шарқии ИМА асар намуда, ҳаёти наздик ба 85 миллион аҳолии ин минтақаро ба қадри кофӣ печида кард. Тибқи иттилои расмӣ камаш 20 нафар дар зери барф ва садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд.

Дар иёлоти Мериленд ва Пенсилвания бомҳои амборҳои бузург, сохтмонҳои саноатӣ ва толорҳои варзишӣ ба барфи зиёд тоб наоварда, фурӯ рехтаанд.

Мақомоти аёлати Вирҷиния 13 ҳазор мошини барфрӯбӣ ва 9500 нафарро барои покккории кӯчаҳо сафарбар намудааст.

Рӯзи душанбе аксари мактабҳо ва муассисаҳои давлатӣ баста хоҳанд буд, зеро барои поккорӣ вақти беш тар зарур аст.

Барфи зиёд барои ҳайвонотро ба шаҳр овард . Шоҳидони айнӣ убури дастаи оҳувон аз парки Кливленди Вашингтонро ба навор гирифтанд.

Барфи тоза ва истироҳати ғайричашмдошт садҳо сокини Вашингтонро ба сайру гашт баровард. Дар яке аз паркҳои пойтахти ИМА мардум ба ду гурӯҳ тақсим шуда, муҳорибаи барфӣ ташкил карданд. Дар ин бархӯрд билохира дӯстӣ пирӯз шуд.

Барф ва тундбоди даҳшатбор дар шарқи ИМА
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG