Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия рӯзи 30 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шӯъбаи мубориза бо ифротгароии раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, ё ба таъбири маъруфтар, «шӯъбаи 6-ум»-и пулиси пойтахти Русия рӯзи 29 октябр дафтари кор, манзил ва бӯстонсарои ӯро дар чорчӯби як парвандаи «ғасби рейдерӣ» кофтукоб ва худи ӯро бозпурсӣ кард, вале ӯ боздошт нашудааст.
Аксари расонаҳо имрӯз хабар доданд, ки раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирон, яке аз ҷамъиятҳои ҳомии ҳуқуқи мардикорони тоҷик дар Русия боздошт ҳам шудааст. Вале Каромат Шарифов гуфт, ӯ шоми сешанбе баъди бозҷӯӣ дар «шӯъбаи 6-ум»-и Петровка, 38 раҳо ёфта ва ба хона баргаштааст. Каромат Шарифов гуфт, маъмурони пулиси Маскав дар ҷараёни кофтубкоб компутарҳо ва асноди марбут ба Ҷунбиши муҳоҷиронро мусодира кардаанд.
Оқои Шарифов гуфт, ӯро рӯзи 29 октябр дар пулиси Маскав бо намояндагони бозори «Садовод», ки ӯро ба даст доштан дар «ғасби рейдерӣ» айбдор мекунанд, рӯбарӯ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин парванда бар асоси шикояти раҳбари хадамоти амнияти бозори "Садовод" Николай Портних боз шудааст, вале дар ҳоли ҳозир ҳамаи онҳо дар ин қазия ҳамчун шоҳид мегузаранд.
Ин қазия ба занозании шоми 6 сентябр байни таксиронҳои тоҷик ва ронандагони ширкати маҳаллии “Сити-сервис” дар як истгоҳи назди бозори “Садовод”, воқеъ дар минтақаи Люблино - Котелники, дар километри 14-уми МКАД, шоҳроҳи асосии атрофи шаҳри пойтахти Русия, бармегардад. Гуфта мешавад, маъмурияти бозори “Садовод” бо “Сити – сервис” қарордод баста, ҳаққи кашондани мусофирон дар ҷодаҳои атрофи бозорро ба ронандагони ширкати “Жёлтое такси” супурд, ки боиси норозигии таксиронҳои тоҷик шуд. Шоми 6 сентябр баҳси як ронандаи тоҷик бо як таксисти маҳаллӣ дар назди бозор мунҷар ба занозание шуд, ки дар ҷараёни он, бинои ба хабарҳо, дастикам 6 нафар ҷароҳат бардошта, даҳҳо нафар, бо шумули шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд.
Каромат Шарифов шоми 6 сентябр дар иҳотаи гурӯҳе аз хабарнигорони рус ба бозори “Садовод” омада, бо масъулоорн ва муҳофизони бозор кашмакаш кард. Ҷараёни ин бигӯмагӯҳо аз сӯи Ҷунбиши муҳоҷирони Каромат Шарифов дар навори видеоие дар Ютюб бо номи "Таджик не может вечно быть рабом" ("Тоҷик як умр ғулом буда наметавонад") нашр шудааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аммо бо ишора ба ин ки ин муноқиша дар рӯзи иди шаҳри Маскав рух дод, гуфт, ки ин аз як иқво будани занозанӣ дар “Садовод” дарак медиҳад.
Каромат Шарифов, ки аз номи муҳоҷирони тоҷик дар ток-шоу ва барномаҳои мухталифи телевизионҳову радиоҳо ва расонаҳои дигари Русия баромад мекунад, бо пешниҳодҳои зиддунақизаш дар масъалаи ҳимоят аз мардикорони тоҷик маъруф аст. Ӯ ҳамин тавр, маъмурияти бозори “Садовод” ва бозорҳои дигари Маскавро айбдор мекунад, ки бо истифода аз “ҳоҷӣ-бригадир-ҳои тоҷик мардикорони тоҷикро дар корҳои сиёҳе, чун аробакашиву ҳаммолӣ ва рӯфтани бозор ҳамчун “ғулом” истифода мебарад.
Пешниҳоди дигари ӯ, ки “модари тоҷик набояд дигар аробакаш бизояд” ва ҳамаи онҳое ки дар Русия ҳаммоливу аробакашӣ мекунанд, ба Тоҷикистон баргардонда шаванд, низ ба мавҷи интиқодҳо аз сӯи муҳоҷирони тоҷик рӯбарӯ шуда буд. Ҳамин тавр, моҳе пеш Ҷунбиши муҳоҷирони ӯ хабар дод, ки бо ҷалби хабарнигорони “ТВ-Сентр”-и Маскав ду мардикори тоҷикро аз ғуломии як корфармо дар канори пойтахти Русия озод кардаанд.
Кофтукоби дафтари Ҷунбиши муҳоҷирон ва манзилу бӯстонсарои раиси ин созмон Каромат Шарифов дар ҳолест, ки дар ҳафтаи гузашта Хайриддин Абдуллоҳ, раиси кумитаи дини ин ҷунбиш аз сӯи мақомоти пулиси Маскав бо иттиҳоми ғайриқонунӣ паҳн кардани нашрияи “Голос таджикистанцев” дар бозори “Садовод” боздошт карданд. Каромат Шарифов гуфт, Хайриддини Абдуллоҳ алакай озод шудааст.
Дар ҳоли ҳозир, б манзури ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки шуморашон аз 800 000 то 1,5 миллион нафар баровард мешавад, беш аз 100 созмону ҷамъият амал мекунанд. Ахиран дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони чанде аз чунин ҷамъиятҳо дар Душанбе пешниҳод шуд, ки як созмони ягонаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳам таъсис шавад.