Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбари Сатторро ба хок супурданд


Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи расонаҳои "Чархи гардун" дар зодгоҳаш деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд.

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистон ва яке аз медиа-магнатҳои Тоҷикистон 29 август дар зодгоҳаш рустои Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд. Дар маросими видоъ бо ӯ Усмон Сабзов - раиси ноҳияи Ҳисор, Муродалӣ Алимардон - раҳбари “Агроинвестбонк” ва собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон ва теъдоди зиёди хабарнигорон аз минтақаҳои кишвар иштирок доштанд.

Акбари Саттор рӯзи 28 август дар 50-солагияш аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, Акбари Саттор бар асари сактаи қалбӣ дар манзили худ ҷон додааст. ​Умед Бобохонов, сардабири "Азия-Плюс", ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари марги Акбари Саттор таконаш додааст. Акбари Саттор аз соли 2007 раҳбарии бузургтарин созмони журналистии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва узви Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар ва Шӯрои зидди фасоди молӣ буд.

Маросими видоъ бо Акбари Саттор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:30 0:00

Ӯ соли 1990 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт-Петербурги имрӯза)-и Русияро хатм карда, фаъолияташро дар нашрияи “Ҷумҳурият” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп оварда, ба дунболи он дар соли 1994 "Чархи гардун"-ро таъсис дод. Иттиҳодияи эҷодии “Чархи гардун”-и Акбари Саттор бар иловаи ин ду нашрия ҳамчунин “Вечерний Душанбе”, “Аладдин” ва “Марду зан”-ро фаро мегирифт.​

Рав, чархи гардунро бигӯ, Акбар видоят карду рафт...

Абдуҷаббор Раҳмонзода
Абдуҷаббор Раҳмонзода

Хабари марги нобаҳангоми Акбари Саттор бисёриҳоро такон додааст. ​Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин хабар алакай ба дастгоҳи иҷроияи президент ҳам расидааст. Оқои Раҳмонзода афзуд, "Акбари Саттор бисёр инсони хуб буд, худо раҳмат кунад. Соҳаи рӯзноманигориро бисёр хуб медонист. Мутахассиси хуб буд. Бо ҳамаи рӯзноманигорон ҳамкорӣ мекард. Кӯшиш мекард, ки арзишҳои милливу давлатии мо дар сатҳи аввал бошад. Ба наздикӣ дар ҳайати гурӯҳи корӣ дар сафари вилояти Хатлон буданд, дар Бадахшон буданд. Корҳои зиёде кардаанд. Бисёр ҷавонмарди хуб буданд, Худо раҳмат кунад."

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, даргузашти Акбари Сатторро барои ҷомеаи журналистии кишвар “талафоти сангин” номид. Ӯ гуфт, ки Акбари Саттор дар ҳама ҳолатҳои вазнин дар канори хабарнигорону созмонҳои журналистӣ буд ва ҳаргиз аз ин ҷомеа худро канор нагирифтааст.

Ҷамилаи Мақсуд аз кӯҳнатарин хабарнигорони “Чархи гардун” ва нафаре, ки 15 сол боз дар нашрияҳои Акбари Саттор фаъолият мекунад, ӯро раҳбари ғамхор номид ва гуфт, ки "ӯ ҳамеша ба хабарнигорон озодӣ медод”. Ба қавли Ҷамилаи Мақсуд, “ҳеч вақт монеагузорӣ намекард, ҳеч вақт аз мо талаби аз субҳ то шом дар кор буданро намекард. Тӯли 15 сол шоҳид будам, ки хеле аз журналистон ҳатто аз дигар идораву нашрияҳо барои кумаки моливу маънавӣ барояш муроҷиат мекарданд ва ҳатман дастгирӣ меёфтанд. Ин ҳам бартарии Акбари Саттор буд.”

Қироншоҳ Шарифзода, ки солҳо дар нашрияи “Садои мардум” бо

Акбари Саттор якҷоя кор кардааст, мегӯяд, "вижагии вай ин буд, ки тавонист дубора мардумро рӯзномахон кунад ва барои нашрияҳои хусусӣ роҳ кушояд. Маҳз дар пайравӣ ба Акбар Саттор, ки аввалин нашрияҳои хусусӣ “Дайджест-Пресс” ва “Чархи Гардун”-ро рӯйи чоп овард, ҳамкасбони дигараш дар фикри таъсиси нашрияву расонаҳои худ шуданд." Ба гуфтаи Шарифзода, Акбари Саттор марди сиёсии соҳаи журналистика буд ва бо рафтани ӯ журналистикаи тоҷик як талафоти бузург дод.

Муҳиддин Идизода, журналисти тоҷик, хабари даргузашти Акбари Сатторро “наштари ҷонсӯзе бар қалбу ҷону ҷигар” хонд. Ӯ гуфт, “чанд муддат пеш ҳамроҳ бо ӯ суҳбат доштам ва шӯхиомез месароид: "Рав, "Чархи гардун"-ро бигӯ, Акбар видоят карду рафт..." Гӯё медонист, ки баъд аз чанде сафари охират дорад...”

Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав: «Акбари Саттор нигоҳи тоза дошт, бо як бағоҷи пур аз дониш аз

таҳсил дар Санкт-Петербург баргашта буд. Ӯ аввалин шахсе буд, ки журналистикаи тоҷикро ба бизнес-журналистика табдил дод ва нишон дод, ки журналистика метавонад ҳам аз лиҳози молиявӣ ва ҳам аз лиҳози нигоҳу мавқеият мустақил бошад. Солҳои охир, ки Акбари Саттор Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард, ман дар симои ин бародар ва шахси бароям бисёр ҳам наздик нафареро медидам, ки тавозун ва нигоҳи накӯеро дар миёни ҳукумат ва воситаҳои ахбори умум, ҷомеа ва журналистонро ба миён оварда буд.

Ташаккул ва пайдоиши нахустин нашрия ба забони тоҷикӣ дар Русия бо номи «Тоҷикони Русия» маҳз бо кӯмак ва дастгирии Акбари Саттор сурат гирифтааст. Ман он вақт муҳассили Академияи дипломатии Русия дар шаҳри Маскав будам. Баъдан то охир дӯст, бародар ва мушовир ва кӯмакрасони тамоми дигар корҳои мо буд. Барои журналистикаи тоҷик, барои аҳли сухан ва публитсистикаи тоҷик ин як талафоти бузург аст. Дар ҳалқаи дӯстони ман боз як нафар кам шуд…"

Кормандони Радиои Озодӣ аз марги Акбари Саттор, журналисти шинохта ва меҳмони ҳамешагии барномаҳои Радиои Озодӣ андӯҳгин буда, ба хешу ақрабояш изҳори таслият баён мекунанд.

XS
SM
MD
LG