Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раиси "Ғулакандоз" барои дуздии 4 млн сомонӣ


Оҷонсии мубориза бо фасод раҳбари як корхонаи пахтаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар шимоли Тоҷикистонро барои дуздии 4 миллион сомонӣ боздошт кардааст.

Тибқи иттилои Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон, Иброҳим Бобоҷонов, раиси корхонаи пахтаи «Ғулакандоз» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҳамзамон вакили маҷлиси ноҳиявиро, борои дуздии 4 миллион сомонӣ боздошт кардаанд.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди корупсия рӯзи 5-уми март бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ахиран кормандони ин ниҳод дар вилояти Суғд зимни анҷоми як амалиёти тафтишотӣ маълум карданд, ки директори корхонаи пахтаи «Ғулакандоз»-и Ҷаббор Расулов аз «Амонатбонк» 4 миллион сомониро ҳамчун қарз гирифта, мавриди тақаллуб қарор додааст.

Иброҳим Бобоҷонов ҳамроҳи муҳосиби худ маблағи аз бонк гирифтаи худро бо нишон додани рақамҳои тақаллубӣ аз худ кардааст, ки дар натиҷа ба «Амонатбонк» 5 миллиону 63 ҳазору 333 сомони зарар ворид кардааст.

Ваколати вакили маҷлиси ноҳиявии раиси корхонаи пахтаи «Ғулакандоз» дар ҳафтаи гузашта лағв карда шуд ва феълан корхона дар боздоштгоҳи Оҷонсии зидди корупсия нигоҳдорӣ шуда, дар нисбати вай тафтишоти пешакӣ идома дорад. Бобоҷон Иброҳимов бо моддаи 246 банди 3, яъне аз худ кардани маблағи махсусан калон, айбдор дониста мешавад.

Мубориза бо фасод аз чанд сол ба ин сӯ дар садри барномаҳои давлати Тоҷикистон қарор дорад ва ҳамчунин ба ин манзур ба изофаи ниҳодҳои дигар, Оҷонси мубориза бо коррупсия низ таъсис шуда ва амал мекунад. Аммо то ҳоло ягон мансабдори сатҳи болоии давлат бо иттиҳоми фасод боздошт ва муҷозот нашудааст, то ба воқеияти ин мубориза таъкид шавад.

Ба назари таҳлилгарон, як мушкили фасод ва густариши он, мавҷуд набудани иродаи сиёсӣ барои мубориза бо ин зуҳурот аст. Далели он ҳам ин аст, ки Оҷонси мубориза бо фасод дар солҳои ахир бархе аз вазоратхонаҳои кишварро ба унвони фасодзадатарин ниҳод эълон карда буд. Аммо вақте расонаҳо айни ҳамин хабари оҷонсиро нашр карданд, додгоҳ онҳоро барои тӯҳмат ба вазорат маҳкум кард. Ин амр ба гуфтаи таҳлилгарон, иродаи мақомоти сиёсӣ барои мубориза бо фасодро заъиф нишон медиҳад ва баёнгари тарҷеҳ додани робита бар зобита ва ё манфиати гуруҳӣ ба амри қонун аст.

Ин дар ҳолест, ки гузориши солонаи муассисаи Шаффофияти Байналмилал ё Transparency International, ки моҳи декабри соли гузашта ба нашр расид, мегӯяд, ки фасоди идорӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба соли гузашта камтар шудааст.
Гузориши нави cозмони Шаффофияти Байналмилал ё Transparency International дар ҳоле аз коҳиши фасод дар Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси гузориши Оҷонсии омори Тоҷикистон дар моҳи май, мизони фасод дар кишвар ҳудуди 22 дарсад афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG