Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи вакилони Зайд Саидов ба Абдулфаттоҳи Ғоиб (ВИДЕО)


Абдулфаттоҳи Ғоиб (дар марказ)
Абдулфаттоҳи Ғоиб (дар марказ)

Вакилони Зайд Саидов мегӯянд, иддаои Абдуфаттоҳи Ғоиб дар мавриди дурустии ташхиси ДНК-и зерҳимояашон асосе надорад ва ӯ бо ҳарфҳои худ мехоҳад аз муфаттишони Оҷонсии зидди фасод ҳимоят кунад.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов -- соҳибкори шинохтаи тоҷик, ки дар моҳи декабр аз тарафи Додгоҳи олӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, мегӯяд, иддаои раиси Оҷонсӣ дар мавриди натиҷаи ташхиси ДНК оид ба ҳаққи падарии Зайд Саидов нодуруст буд. Зеро вакилони мудофеъ низ пас аз ташхиси Оҷонсӣ ба ҳамин маркази «Био Папа» муроҷиат карданд ва натиҷаи ташхисеро, ки бо хоҳиши Оҷонсии зидди фасод анҷом дода шудааст, рӯшан карданд ва ин марказ масъалаи ҳаққи падарии Зайд Саидовро инкор кард.

Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, "мо навори видеоии кормандони маркази ДНК-и «Био Папа»-ро пешниҳод кардем ва онҳо расман дар сӯҳбати худ таъкид карданд, ки Зайд Саидов ба кӯдаке, ки оҷонсӣ ӯро барои доштани ҳаққи падарӣ муттаҳам карда буд, рабте надорад."

Абдулфаттоҳи Ғоиб(Фаттоҳ Саидов), ки ахиран аз табдили номаш дарак дод, рӯзи 4-уми феврал дар нишасти хабарии Оҷонсии зидди фасод гуфт, ки "ташхис дар чорчӯби қонун, ба салоҳияти тафтишот марбут буда ва Оҷонсӣ инро анҷом додаанд, ки натиҷааш 99,9 фоиз дуруст аст."

Абдуфаттоҳи Ғоиб дар робита ба навори видеоии кормандони ташхисгоҳи «Биопапа» ки аз тарафи вакилони Зайд Саидов пешниҳод шудааст гуфт, ки агар 100 сӯм диҳӣ, ба ҳар шакле хоҳӣ, хулоса мекунанд. Аммо вакилони дифои Зайд Саидов мегӯянд, ки даъвои раиси Оҷонсӣ дар иртибот ба ДНК ҳеҷ далелу рақам надорад ва ӯ танҳо ба хотири ҳимоят аз кормандони худ чунин иддао кардааст.

Зайд Саидов
Зайд Саидов
​Абдулфаттоҳи Ғоиб дар ин нишаст дар посух ба суоли хабарнигорон, ки вакилони дифоъ ташхиси ДНК тавассути тафтишотро нодуруст шумориданд, гуфт, ки "аслан барои ҳолати таҷовуз умуман ташхиси ДНК мумкин набуд, Чун чор-панҷ сол пеш ин кор сурат гирифта буд. Лекин ба ин нигоҳ накарда, ташхиси ДНК -ро тафтишот анҷом дод."

Ба гуфтаи ҷаноби Абдулфаттоҳи Ғоиб, "ҳатто вакилони дифоъ пешниҳод карданд, ки онҳо бояд ин ташхисро анҷом диҳанд, аммо дар чорчӯби қонун, ин салоҳияти тафтишот аст ва мо инро анҷом додем ва натиҷаи он 99,9 фоиз дуруст аст."

Аммо ба гуфтаи раиси Оҷонсии мубориза бо фасод, вакилони Зайд Саидов, ба хотири "пулҳои хӯрдаашон" бояд дар чашми пайвандони вай чунин намоишкорӣ мекарданд. Ҳатто Фаттоҳ Саидов, гуфт, ки ин вакилон 8 - 9 моҳ боз ҳатто субҳонаашонро дар манзили Зайд Саидов мехӯранд.

Нишасти Оҷонсии мубориза бо фасод
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Ба гуфтаи Абдулфаттоҳи Ғоиб, барои анҷом додани ташхиси ДНК, бояд маҳлул ё оби даҳони кӯдакро гирифт, аммо кӯдак дар назди модараш аст ва вакилони дифоъ ин корро накардаанд, балки ба хотири худашонро "ҳаққ" баровардан ин корро "махсус" ташкил карданд.

Аммо раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар маврид молу мулки Зайд Саидов гуфт, ки ҳоло ин молу мулк дар ҳабс аст ва ҳамакнун дар мавриди 5 иттиҳоми дигар тафтишоти ҷиноятҳои иқтисодӣ идома дорад. Ба таъкиди масъулони ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир танҳо корхонаи "Тоҷикатлас", ошхона ва ороишгоҳи воқеъ дар бинои вазорати саноат, ки мутааллиқ ба Зайд Саидов ва пайвандони ӯ буд, ба нафъи давлат мусодира шудааст.

Масъулони Оҷонсии мубориза бо фасод ҳамчунин дар мавриди молу мулки дигари Зайд Саидов мегӯянд, ки вақте тафтишот исбот кард, ки ин молу мулк ба ӯ тааллуқ дорад, баъд масъалаи мусодираи он матраҳ хоҳад шуд. Чун ба таъкиди ин масъулон, бештари ин молу амвол ба номи хешу табораш аст ва ҳатто 15 хона ба номи хешу табораш мебошад.

"Идораҳои барқ қарзи аҳолиро 5 баробар зиёд нишон медиҳанд"

Раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, ки санҷиши ахир нишон дод, ки идораҳои барқ, қарздориро бар сари аҳолӣ мезананду худро бегуноҳ мепиндоранд.

Абдулфаттоҳи Ғоиб рӯзи сешанбеи 4 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки" маълум шуд, ки идораҳои барқ дар шаҳру ноҳияҳо то 5 баробар қарзи аҳолиро зиёд нишон дода ва ба ин восита худро бегуноҳ медонанд."

Ҷаноби Абдулфаттоҳи Ғоиб афзуд, ки "санҷиши ахири мо зиёда аз 400 корхонаву хонаҳои аҳолиро дар бар гирифт ва ҳатто маълум шуд, ки ба корхонаҳо барқ медиҳанд, аммо пулашро ба ҷайби худ мезананд, аммо қарздориро бар сари аҳолӣ мезананд."

Вай барои мисол, яке аз корхонаи вилояти Суғдро зикр кард, ки дар ин корхона беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи дуздии барқро ошкор карда шуд. Абдулфаттоҳи Ғоиб гуфт, ки "аҳолӣ ҳавасманд аст, ки пули истифодаи барқро диҳад, зеро дар ин фасли зимистон мӯҳтоҷи барқ, аммо шабакаҳо ба корхонаҳои мухталиф, аз ҷумла корхонаҳои хишт ба таври фасодкорӣ медиҳанд". Ин ҳам дар ҳоле, ки гуфтаи раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия, дар кишвар беш аз 30 корхонаи хишт аст.

Фасод торафт бештар мешавад

Раиси Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯяд, бо вуҷуди муборизаи беамон алайҳи фасодкорӣ дар кишвар, ҳамоно сатҳти коррупсия дар ҷомеа кам намешавад.

Абдулфаттоҳи Ғоиб гуфт, ки "танҳо дар нисбати чор корманди андоз парвандаи ҷиноӣ боз кардем, аммо бо ҳам сатҳи фасод кам намешавад."

Вай гуфт, ки сӯҳбату мулоқотҳо ва вохӯриҳо дар вазорату кумитаҳо ва идораҳо барпо мешавад ва талоши мо ин аст, ки ин падида коҳиш ёбад, аммо боз ҳам дида мешавад, ки фасод дар ҷомеа вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG