Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шарик"-и Зайд Саидовро озод кардаанд


Далер Бобоев
Далер Бобоев

Далер Бобоевро, ки ҳамроҳ бо Зайд Саидов ба додгоҳ кашонда шуда, ба "саривақт нарасонидани хабар ба мақомот" айбдор дониста мешуд, ҳанӯз рӯзи 26 декабр озод кардаанд.

Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ тибқи таъиноти ин додгоҳ озод шудани Далер Бобоевро тасдиқ намуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар таърихи 25 декабр -- рӯзи эълони ҳукми Зайд Саидов - бинобар гузаштани мӯҳлати ба ҷазо кашида шудани Бобоев, ӯро озод кардаанд. Аммо азбаски дар он рӯз таваҷҷӯҳи васоити ахбори умуми кишвар ба ҳукми пурсарусадои соҳибкори шинохта ва собиқ вазири саноат Зайд Саидов ҷалб шуда буд, раҳоии Далер Бобоев дар соя қарор гирифт. Дар рӯзҳои эълони ҳукм алайҳи Зайд Саидов, гуфта мешуд, ки ҳукми Далер Бобоев низ бояд содир шавад.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, дар моҳи август аз ирсоли парвандаи Далер Бобоев ҳамроҳ бо парвандаи Зайд Саидов ба Додситони кулл хабар дода буд. Далер Бобоев тибқи банди аввали модаи 347-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, «барои саривақт нарасонидани хабар аз ҳодисаи муҳим ва хабар надодан дар бораи шахси аниқ маълуми содирнамудаи ҷиноят ва бошишгоҳи ӯ», айбдор дониста мешуд.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қаблан алайҳи Далер Бобоев бо ҷурми мусоидат ба гирифтани пора, тибқи моддаи 319 ҳамчун иштирокчии ҳолати ришватситонӣ, парванда боз карда буд.

Тибқи моддаи 347-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, Оҷонсии зиддии коррупсия Далер Бобоевро дар ҳолати аз соҳибкори қазоқ Сериқбол Окушев дар Алма-Ато гирифтани пора дар соли 2005 айбдор дониста, барои саривақт аз ин ҳодиса ба мақомоти дахлдор хабар надодан, гунаҳкор медонист. Далер Бобоев дар ибтидо ҳамчун шоҳиди, ба қавли мақомот, "ҷиноятҳои иқтисодӣ"-и Зайд Саидов барои додани баёнот ба Оҷонсии зидди коррупсия даъват шуда, сипас ба таври мармуз алайҳи ӯ парванда боз карда шуд.

Як вакили мудофеъ, ки овардани номашро зарур нашуморид, мегӯяд, ки 7 моҳ дар боздоштгоҳ нигоҳ доштани Далер Бобоев ғайриқонунӣ буд ва ӯ танҳо ба хотири иваз накардани мавқеъаш дар баробари Зайд Саидов дар боздошт нигоҳ дошта шуда ва баробар бо эълони ҳукми Зайд Саидов аз толор озод карда шуд.

Аммо худи Далер Бобоев, шоҳид дар парвандаи Зайд Саидов, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, ки ҳангоми дар боздошт қарор доштани ӯ анҷом шуда буд, айбномаи аз тарафи Оҷонсӣ зидди ӯ эълоншударо рад карда, гуфта буд, ки худро гунаҳкор намедонад. Вай гуфта буд, ки ҳамчун шоҳиди ҳодиса тамоми маълумотро пас аз боз шудани парванда алайҳи Зайд Саидов ба маъмурони Оҷонсии зидди коррупсия нақл кардааст.

Далер Бобоев дар солҳои 90-ум бо ширкатҳои бонуфузи Британия дар ширкати муштараки истеҳсоли тилои «Зарафшон» кор кардааст. Вай намояндаи ин ширкат дар Тоҷикистон буд ва бо вазорати саноати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард.
XS
SM
MD
LG