Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорҳо зоири бидуни иҷозаро аз Макка "рондаанд"


Макка, акс аз соли 2023
Макка, акс аз соли 2023

Мақомоти Арабистони Саудӣ рӯзи 8-уми июн гуфтанд, ки нерӯҳои амниятии ин кишвар дар остонаи ҳаҷҷи имсола ҳазорҳо зоири ғайриқонуниро аз Макка "ронданд". Маросим рӯзи 14-уми июн оғоз хоҳад ёфт.

Ба гузориши оҷонси давлатии Арабистони Саудӣ, дар рӯзҳои охир зиёда аз 153 ҳазор хориҷӣ аз Макка берун карда шудаанд. Ин афрод, ба гуфтаи мақомот, на бо раводиди ҳаҷ, балки визаи сайёҳӣ дар онҷо қарор доштанд.

Арабистони Саудӣ дар моҳи феврали имсол ҳушдор дод, шахсонеро, ки бе иҷозатнома дар маросими Ҳаҷ-2024 иштирок мекунанд, "ҷаримаҳои сангин ва ҳабс" интизор аст.

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ гуфта буд, дар сурате ки шаҳрвандони кишварҳои дигар ва сокинони хориҷии муқими ин кишвар бе иҷозатнома дар маросими ҳаҷҷи фарзӣ ширкат кунанд, 50 ҳазор риёли Саудӣ, баробар ба 13 ҳазор доллар, ҷарима хоҳанд шуд.

Бар асоси эълони ҷониби Арабистони Саудӣ, имсол тақрибан 7000 аҳолии Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ иҷозат доранд.

Мансабдорони тоҷик, аз ҷумла раисҷумҳур аз сокинон даъват мекунанд, ки пули сафари ҳаҷ, бавижа ҳаҷҷи такрориро "ба корҳои хайр" ба мисли сохтани пулу мактаб ва роҳу иншооти дигар сарф кунанд. Мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал карданист.

XS
SM
MD
LG