Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон соҳиби мушакҳои "Замин ба Ҳаво" шудаанд?


Ҳошим Муҳманд
Ҳошим Муҳманд

Баъзе аз манобеи амниятии Афғонистон эълон кардаанд, ки Эрон мушакҳои "Замин ба Ҳаво"-ро дар ихтиёри фармондеҳони нируҳои Толибон қарор додааст.

Баъзе аз манобеи амниятии Афғонистон эълон кардаанд, ки Эрон мушкаҳои "Замин ба Ҳаво"-ро дар ихтиёри фармондеҳони нируҳои Толибон дар вилоятҳои Ғазнӣ, Кунар ва Нуристон қарор додааст. Ин манбаъ, ки нахостааст аз вай ном бибаранд, гуфтааст, ки ин мушакҳо ба Мулло Сангин ва Мулло Аҳмадулло дода шудааст.

Сухангӯи нерӯҳои байналмиллалии зиддитеррор дар Афғонистон гуфтааст, онҳо дар ихтиёри Толибон қарор гирифтани мушакҳои 120 миллиметриро таҳқиқ мекунанд. Аммо ҳукумати Афғонистон то ҳол ба таври мустақил ин хабарро таъйид накардааст. Ҳошими Муҳманд, коршиноси умури Афғонистон дар радиои Озодӣ дар ин бора ин гуна тавзеҳот дод:

Ҳошими Муҳманд: Як манбаи амниятии Афғонистон ба шарти зикр накардани номи худ ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин мушакҳо дар чаҳор вилояти Афғонистон дар ихтиёри фармондеҳони Толибон қарор гирифтааст. Ин манбаъ, аз ҷумла аз ду манбаи Толибон бо исмҳои Мулло Сангин ва Мулло Аҳмадулло ном бурдааст. Ин мушакҳо дар чаҳор вилоят тақсим шудааст, вале маълум нест, ки шумораи ин мушакҳо чӣ қадар аст ва аз кадом роҳҳо дохили хоки Афғонистон шудааст.

Озодӣ: Оё коршиносон гуфтаанд, ки ин мушакҳо чӣ тавоноӣ доранд ва барои задани ҳавопаймоҳо ва чархболҳо низ истифода мешаванд?

Ҳошим Муҳманд: Ҳамин манбаи амниятӣ, ки номашро зикр намекунад, ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин мушакҳои навъи Замин ба Ҳавост. Ин мушакҳоест, ки бар зидди ҳавопаймоҳо аз он истифода мешавад ва ҳадафро дар баландии 3 ҳазор метр мавриди ҳамла қарор дода метавонад. Соҳаи парвози ин мушак 3 ҳазор метр аст.

Озодӣ: Метавонем бигӯем, ки нерӯҳои ҳавоии эътилофи байналмиллалӣ, аз қабили ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳои онҳо осебпазир хоҳанд буд?

Ҳошим Муҳманд: Яқинан. Аз ин мушакҳо бар зидди ҳавопаймоҳои нерӯҳои эътилоф истифода шуда метавонанд. Мо имрӯз бо сухангӯи нерӯҳои эътилоф генерал Якобсон сӯҳбат кардем. Вай гуфт, ки дар мавриди ин мушакҳо таҳқиқот идома дорад. Онҳо ҳам медонанд, аммо мехоҳанд, мутмаин бошанд, ки ин мушакҳо ба чӣ теъдод ва аз куҷо дохили хоки Афғонистон шудаанд.

Озодӣ: Оё коршиносон ҳам дар ин бора изҳори назар кардаанд, ки режими Теҳрон аз як сӯ барои ҳамкорӣ бо ҳукумати Ҳомид Карзай дар Кобул изҳори омодагӣ мекунад, вале аз сӯи дигар дар “паси парда” ҳамин гуна задубандҳое дорад бо нерӯҳои Толибон ва аслиҳаро дар дастрасии онҳо қарор медиҳад?

Ҳошим Муҳманд: Бале, ин аввалин бор нест, ки мушакҳои Эрон дар
Афғонистон дида мешавад. Дар гузашта ҳам мушакҳои навъи Замин ба Замин, яъне мушакҳои зиддитонк ва баъзе силоҳҳои дигари Эрон дар Афғонистон ёфт шуданд. Аммо гуфтан душвор аст, ки ин корро ҳукумати Эрон мекунад. Маълумоте дар ин бора вуҷуд надорад. Шояд баъзе ҳалқаҳое дар даруни Эрон бошанд, ки чунин ёриҳоро ба нерӯҳои Толибон мерасонад. Аммо ба таври аниқу дақиқ гуфтан душвор аст, ки ин силоҳҳо аз тарафи кӣ ба Афғонистон фиристода мешаванд.

Озодӣ: Оё баъд аз ифшои ҳамин задубанд ва дар ихтиёри Толибон қарор гирифтани мушакҳои Эрон, ҷониби худи Толибон ҳам дар ин бора изҳори назар кардаанд?

Ҳошим Муҳманд: Ин хабар имрӯз нашр шуд. То ба ҳол тарафи Толибон дар ин маврид изҳори назар накардааст. Ин хабарро таъйид ҳам накардаанд.

Озодӣ: Бо қарор гирифтани ин навъи аслиҳа дар ихтиёри Толибон, дар раванди ҷанги нерӯҳои Толибон бар зидди нерӯҳои эътилофи байналмиллалӣ ё нерӯҳои давлати Афғонистон тағйироте пеш хоҳад омад?

Ҳошим Муҳманд: Хеле имкон дорад. Агар ҳақиқатан ин силоҳҳо ва ин мушакҳо дар ихтиёри нерӯҳои Толибон қарор гирифта бошад, ҳатман Толибон ҳам дар тактики ҷангии худ тағйиротеро ворид мекунанд ва шояд ҳамлаҳои кушандатару хунинтареро боис шаванд.
XS
SM
MD
LG