Ҳарриси 59-сола аввалин зани сиёҳпӯстест, ки аз сӯйи як ҳизби бузурги Амрико вориди рақобати интихоботӣ шуд.
Ӯ ҳангоми суханронии 40-дақиқаии худ рақибаш аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трампро барои муҳаббаташ ба раҳбарони худкома танқид кард.
Камала Ҳаррис суҳбати нахустинашро дар назди мардум аз қиссаи зиндагии худ, волидони муҳоҷираш, ки аз Ҳиндустон ба Ямайка куч бастаанд, шуруъ карда, гуфт, ташвиш ва нигарониҳои ҳар як амрикоӣ барои ӯ ошнову наздик аст.
“Ман ваъда медиҳам, ки президенти тамоми амрикоиҳо бошам. Ваъда медиҳам, ки манфиати кишварро болотар аз манфиати ҳизб мегузорам,” – гуфт ӯ ва ваъда дод, ки барои ҳамаи амрикоиҳо “имкониятҳои иқтисодӣ” фароҳам меорад.
Вай махсусан ба хатарҳое таваҷҷӯҳ кард, ки ба гуфтаи ӯ Доналд Трамп эҷод мекунад. “Доналд Трамп дар бисёр масъалаҳо ҷиддӣ нест. Вале пайомади ҳузури Трамп дар Кохи Сафед хеле ҷиддӣ хоҳад буд,” – ҳушдор дод ӯ ва таъкид кард, ки Доналд Трамп метавонад исқоти ҳамлро дар кишвар манъ кунад.
Камала Ҳаррис ҳамчунин дар ин суҳбаташ ба масъалаи Украина таваҷҷӯҳ кард ва гуфт, дар сурати пирӯзӣ ёрии низомиро ба ин кишвар идома хоҳад дод.