Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯ кунам ё накунам? Интихоби мушкили занони шавҳармурда


Акс аз бойгонӣ.

Издивоҷи дубора барои занони шавҳармурда дар Тоҷикистон як тасмими сахтест, ки ҳар чунин зан пас аз таамули зиёд ва бо ҳарос аз паёмадҳояш мегирад.

Шаҳрбонуи 31-сола баъд аз шабҳои зиёди фикру андеша интихоби худро кард, аммо ба зудӣ гирифтори мушкилоти зиёд шуд. Шаҳрбону мегӯяд, ҳоло бо талаби хешовандони шавҳари собиқаш натанҳо бояд манзилашро тарк кунад, балки аз баҳри фарзандонаш низ гузашта, кӯдаконро дар ихтиёри наздикони падари фақиди онҳо гузорад.

Шавҳари Шарҳрбону 4 сол пеш фавтид ва аз ӯ се кӯдаки хурдсол монд. Ин зан, ки дар яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар омӯзгори забони тоҷикист, мегӯяд, фишору таъқиби пайвастаи ҷинсии мардҳо ба ӯ ҳамчун зани бешавҳар маҷбураш кард, то бо як марди «хубу сазовор» издивоҷ кунад.

Аммо наздикони шавҳари собиқаш аз ин амал сахт нороҳатанд ва ӯро аз хона ва фарзандон маҳрум карданианд. Чун ин занро дар бевафоӣ ба шавҳари собиқаш ва истифодаи молу амволи ӯ ба фоидаи як марди бегона муттаҳам медонанд.

Шаҳрбону мегӯяд: «Ман падари кӯдаконамро дӯст медоштам, аммо чӣ кунам, ки дар насибам набудааст. Бешавҳар будан дар ҷомеаи мо сад гапу хабар дорад. Ҳама мардон бо нигоҳи бад нигоҳат мекунанд. Маҷбур шудам, ки бо як ҳамкорам издивоҷ кунам. Дар аввал хешу табори шавҳари худораҳматиам гуфта буданд, ки шавҳар кун, вале мо дарак наёбем. Фикр кардам, онҳо розианд. Ҳоло ҳамаашон ба по хестаанд, ки ту дар хонаи фарзанди мо як каси дигарро роҳ додаӣ. Онҳо пешам шарт гузоштаанд, ки бо шавҳари навам аз хона бароям ва фарзандонамро ҳам бо худ нагирам. Ҳайронам, ки чӣ кор кунам?»

Дар ҳамин ҳол, бародари шавҳари собиқи Шаҳрбону, ки худро Наҷмиддин муаррифӣ кард, дар як сӯҳбати кӯтоҳ танҳо гуфт: «Кадом марди баномус таҳаммул мекунад, ки дар бистари бародари фавтидааш як марди бегона бихобад?»

Қазияи Шаҳрбону барои Тоҷикистон ҳодисаи нодир нест. Ба ин хотир аксари занҳои бевамонда, ки кӯдак доранд, талош мекунанд, то дубора шавҳар накунанд.

Зарторбӣ Сатторова, равоншиноси тоҷик мегӯяд, дубора шавҳар накардан дар аксар маврид аз хоҳиши худи занҳо вобаста нест. Ба гуфтаи ӯ, ғолибан хешони шавҳари собиқ, муҳити атроф ва дар ниҳоят бо бузург шудан ҳатто фарзандон занро ба бевафоӣ ба шавҳари фақидаш муттаҳам мекунанд ва аз ин рӯ, занҳои шавҳармурда талош мекунанд, то кӯдаконашонро дар танҳоӣ ба воя расонида, дигар шавҳар накунанд.

Ин равоншинос мегӯяд, «дар ҷомеаи мо менталитет ҳамин аст, ки дар сурати дубора шавҳар кардани занҳои шавҳармурда ба онҳо зарбаи рӯҳӣ расонида мешавад. Бархе дар синни 20-25-солагӣ бева мемонад ва ӯ аз ҳама лиҳоз бояд шавҳар кунад. Ба ӯ кӯмаки рӯҳиву молӣ лозим аст ва дар ҷомеаи мо бидуни мард зиндагӣ кардан мушкил аст. Бархе наздикони шавҳари мурдаи зан ҳеҷ кӯмаке намекунанд, аммо талаб доранд, ки ӯ шавҳар накунад. Аз лиҳози рӯҳиву равонӣ зан ҳамеша ба мард эҳтиёҷ дорад ва бидуни мард зиндагӣ мушкил аст.»

Мушкили издивоҷи дубораи занони бева дар ҷомеаи Тоҷикистон бештар хоси занҳоест, ки шавҳаронашон фавтидаанд. Занҳои талоқгирифта дар роҳи дубора шавҳар кардан мушкил камтар доранд. Бахусус, занҳое, ки аз шавҳари собиқашон кӯдак доранд, ба далели ин як василаи пайванд бо хешони шавҳари фақиди худ як умр пойбанд боқӣ мемонад.

Арафаи Дамин, як бонуи тоҷик мегӯяд, ин гуна фишорҳо боис мешаванд, занҳое, ки шавҳарашон даргузаштаанд, пинҳонӣ бо мардони дигар робитаи ҷинсӣ кунанд ва ё хеле эҳтиёткоронаву пинҳонӣ аз чашми мардум ҳамсари дуввуми марде шаванд. Ба гуфтаи Арафа, "ин занҳо маҷбур мешаванд, ки аз чашми мардум пинҳонӣ шавҳар кунанд. Аз тарафи дигар бархе занҳо ба хотири фарзандонаш тарбияи нохуб набинанд гуфта, шавҳар намекунанд.»

Арафаи Дамин мегӯяд, бархе занҳо баъди фавти шавҳар умри худро ба тарбияву ба воя расондани фарзандон мебахшанд, вале қисме аз онҳо вақте пушаймон мешаванд, ки агар дар пиронсолӣ фарзандон ӯро дуруст парасторӣ накунанд.

Аммо Назира Назриқулова, як зане, ки шавҳараш 12 сол пеш фавтидаву то кунун шавҳар накардааст, мегӯяд, барояш мушкиле дар миён набуд ва ӯ худаш шавҳар накардааст. Ӯ мегӯяд: «Тамоми ҳастиам фарзандонам мебошанд. Дигар ба бешавҳарӣ одат кардам. Ҳарчанд, даҳҳо мард муроҷиат кард, вале розӣ нашудам. Аз рафтори худи зан вобаста аст, ки мардони атроф бо ӯ чӣ гуна муносибат мекунанд. Як бор нигоҳи бад карданд, ҷавоби сазоворашон диҳӣ, дигар тамом. Ҳозир тамоман шавҳар кардан намехоҳам. Ва алакай писари хурдиам синфи даҳро ҳам тамом мекунад.»

Аз сӯи дигар, Назира мегӯяд, дар ҳоле ки барои духтарони боре шавҳар нокарда дар ҷомеаи Тоҷикистон шавҳар пайдо кардан мушкил аст, дар бораи дубора шавҳари хуб пайдо кардани занҳои шавҳармурда сӯҳбат кардан дур аз мантиқ аст. Дар Тоҷикистон чунин занон, ҳатто бо вуҷуди синни хеле ҷавон, аксаран метавонанд танҳо ба издивоҷ бо ягон марди пир умед банданд. Ба ҷуз фишорҳои атрофиён, ба гуфтаи Назира, зани шавҳармурда, инчунин наметавонад мантиқан «шавҳари худ»-ро дошта бошад. Ҳатман дар ин ҳолат зани дуввум ва ё саввуми як нафари дигар мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, пас аз фавти шавҳар ва гирифтани хатти вафот аз идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дигар барои шавҳар кардани зан ҳеҷ мушкили қонуние вуҷуд надорад.

Сафаралии Зоир, як марди рӯҳонӣ ҳам мегӯяд, пас аз се моҳи шавҳар мурдан зан тибқи шариат ҳақ дорад издивоҷ кунад: «Худо марду занро дар чунин ҳолатҳо иҷоза додааст, ки дубора издивоҷ кунанд. Аз лиҳози дигар ҳам шавҳар кардани зан ҷанбаи иҷтимоӣ, рӯҳонӣ ва иффат дорад. Вақте зан як сарпараст дорад, дигар касе ӯро бо нигоҳи бад нигоҳ намекунад. Дигар на ӯ гуноҳ мегирад ва на каси дигарро гунаҳкор мекунад.» Ба гуфтаи ин рӯҳонӣ, ҳатто дар ҳадисҳо омадааст, ки пас аз фавти падар фарзандон то се бор аз модарашон ҳаққи пурсидан доранд, ки оё майли шавҳар кардан дорад ё на?

Дар Тоҷикистон дар ҳоле ки завҷаи мард бимирад, ӯ метавонад алакай моҳе баъд зан бигирад, аммо барои занҳои шавҳармурда шавҳар кардан як амр ва интихобои хеле сахту мушкил боқӣ мемонад. Зимнан, Оҷонсии омори Тоҷикистон дар соли гузашта 474 занеро сабти ном кардааст, ки дар рӯйхатҳо ҳамчун занҳои шавҳармурда мегузаранд. Вале дар асл шумораи чунин занҳо, албатта, бамаротиб аз ин омор бештар аст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG