Қарор аст музокироти тоза миёни Исроил ва “Ҳамос” бо миёнаравии Қатар, Миср ва Амрико имрӯз 15 август дар шаҳри Доҳа оғоз шавад.
Исроил қаблан эълон кард, ки намояндагони худро ба ин музокирот мефиристад.
Роҳбарони "Ҳамос", ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст, ба Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтаанд, ин гуруҳ дар "гуфтушунидҳое, ки Исроил дар зери пардаи он ҷангро давом дода истодааст", иштирок кардан намехоҳад.
Намояндагони ин гуруҳ гуфтанд, "харитаи роҳ" ва як тарҳи мушаххаси иҷрои созишҳоро дидан мехоҳанд.
Як узви роҳбарияти "Ҳамос" ба Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ин нақша бояд бар асоси пешниҳодҳои дар моҳи май ирсолкардаи раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден асос ёбад. Дар нақшаи Байден оташбаси шашҳафтаина дар Ғазза ва озодии гаравгонҳои исроилӣ пешбинӣ шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, Кохи Сафед эълон кардааст, ки сарфи назар аз худдории "Ҳамос" аз ширкат дар музокирот, гуфтугӯҳо баргузор мешавад. Қарор аст баъди поёни ин нишаст, миёнаравҳо бо намояндагони "Ҳамос" суҳбат кунад.
"Ҳамос" дар ҳоле аз ширкат дар музокирот худдорӣ мекунад, ки 31-уми июл роҳбари сиёсии ин гуруҳ дар Теҳрон кушта шуд ва Яҳё Синвор, роҳбари нави "Ҳамос" интихоб шуд.