Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи бесарнишинҳо ба Осетияи Шимолӣ


Дронҳои сохти Украина
Дронҳои сохти Украина

Мақомоти Русия хабар доданд, ки шаби 8-уми июн дар ҳудуди ин кишвар ва Қрими ишғолшуда 27 бесарнишинро сарнагун кардаанд.

Дрон ё бесарнишинҳоро дар Осетияи Шимолӣ, Краснодар, Астрахан, Белгород, Ростов ва Тула сарнагун кардаанд.

Бархе бесарнишинҳо ба ҳадаф расидаанд.

Бори аввал аст, ки бо дрон ба Осетияи Шимолӣ ҳамла мешавад. Сергей Меняйло, раҳбари ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ гуфтааст, ки зоҳиран ҳадафи ҳамла фурдугоҳи низомии Моздок будааст. Ӯ гуфтааст, ки бархе дронҳо зарари нонамоёне расондаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, Украина тариқи дрон ба хоки Русия ҳамла мекунад. Мақомоти Украина ин ҳамлаҳоро шарҳ намедиҳанд, вале мегӯянд, ҳақ доранд, ки ба хоки Русия ҳамла кунанд.

XS
SM
MD
LG