Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба як анбори аслиҳа дар вилояти Твери Русия


Акс аз бойгогнӣ
Акс аз бойгогнӣ

Бино ба гузоришҳо, як ҳавопаймои бесарнишин, ки эҳтимол меравад ба Украина тааллуқ дорад, ба анбори аслиҳа дар вилояти Твер, шимоли ғарби Маскав, бархӯрдааст.

Ҳодиса шаби 17 ба 18-уми сентябр рӯй дод.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Телеграм” нашру пахш шуданд, дар наздикии шаҳри Торопетс, ғарби вилояти Твер, таркиш ва алангаи оташ тасвир ёфтаанд.

Игор Руденя, волии Твер, дар “Телеграм” навишт, ки боқимондаи ҳавопаймои бесарнишини украинӣ боис ба сӯхтор дар шаҳри Торопетс шудааст, вале нагуфт, ки чӣ оташ гирифт.

Мақомоти расмии Украина дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд. Як манбаъ дар Хадамоти амнияти Украина ба оҷонси “Рейтерс” гуфта, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ як анбори аслиҳа ва муҳимот хароб шуд.

“РИА Новости”, хабаргузории давлатии Русия, дар соли 2018 гузориш дода буд, ки дар Торопетс як анбори аслиҳа сохта мешавад. Ин шаҳр ҳудуди 11 ҳазор аҳолӣ дорад.

Тибқи гузоришҳо, дар шаҳри Торопетс ду воҳиди низомии Русия ҷойгир аст. Яке аз онҳо дар шаш моҳи охир ду бор ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG