Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарони ҳамла ба Айдос Содиқов маълум шудаанд


Рӯзноманигор Наталя Содиқова, ҳамсари мухолифи қазоқ Айдос Содиқов гуфт, пулиси миллии Украина шахсияти онҳоеро, ки шавҳарашро паронданд, муайян кардааст.

Додситонии кулли Украина 20 июн хабар дод, ки зидди ду шаҳрванди Қазоқистон Алтай Жаканбоеви 36-сола ва Майрам Каратаеви 33-сола тафтишотро оғоз кардааст.

Ба иттилои додситонӣ, ин ду нафар бо фармоиши шахсе, ки дар ҳоли ҳозир шахсияташ номаълум аст, мехостанд рӯзноманигори мухолифи қазоқро ба қатл расонанд.

Ҳамлагарон 2 июн вориди шаҳри Киеви Украина шуда, барои иҷрои нақшаи худ мошини "Opel Vectra"-ро ба иҷора гирифтаанд.

Наталя Содиқова гуфтааст,Майрам Каратаев дар Департаменти корҳои дохилии вилояти Костанайи Қазоқистон кор кардааст. Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон баъди нашри ин хабар гуфт, яке аз гумонбарон соли 2019 аз сафи кормандони умури дохилӣ ронда шудааст ва дигарӣ корманди ин ниҳод нест.

Шахси ношинос рӯзи сешанбе дар Киев ба самти мошине, ки дар дохили он Содиқовҳо ҳузур доштанд, оташ кушод.

Айдос Содиқов соли 2014, баъди он ки дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон зидди Наталя Содиқова парванда боз шуд, ба Украина рафта, ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст. Содиқов мегӯяд, ӯро дар ватан бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Мақомоти Қазоқистон Содиқовҳоро бо гумони барангехтани бадбинӣ таҳти пайгард қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG