Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дасти пулис ба Гулнора Каримова кӯтаҳӣ мекунад"


Пeлиси Швейсария даст доштани Гулнора Каримоваро дар амалиёти пулшӯӣ муттаҳам мекунад. Вале дар Тошканд атри нави GULI муаррифӣ шуд
Пeлиси Швейсария даст доштани Гулнора Каримоваро дар амалиёти пулшӯӣ муттаҳам мекунад. Вале дар Тошканд атри нави GULI муаррифӣ шуд

Пулиси Швейсария гуфт, қазияҳои марбут ба пулшӯӣ ба хонаводаи президенти Узбакистон иртибот мегиранд.

Додситонии федеролии Швейтсария дастрасӣ ба 600 миллион франки швейтсариро дар як бонки маҳаллӣ масдуд кардааст, ки ба шаҳрвандони Узбакистон иртибот мегиранд. Дар ин бора нашрияи Tagesanzeiger хабар медиҳад.

Ба навиштаи нашрия, муттаҳами аслӣ эҳтимолан Беҳзод Ахмедов, раҳбари собиқи ширкати мухобиротии "Уздунорбита" ва як шахси наздик ба духтари президенти Узбакистон Гулнора Каримова будааст. Нашрия мегӯяд, ин пулҳо дар ду суратҳисоби бонки Lombard Odier нигаҳ дошта мешуданд. Пулиси Швейсария мегӯяд, таҳқиқи мӯшикофонаи ин қазия собит кард, ки “дар пушти муомилаҳои пулии бонкӣ шахсиятҳое қарор доранд, ки ба хонаводаи Ислом Каримов иртиботи мустақим доранд”.

Муаллифи матлаб Андреас Валда менависад, мақомоти Швейтсария дар “қонунӣ будани ин даромадҳо шак доранд”.

Тибқи як хабари дигар, ки имрӯз дар Оҷонсии хабарии Tidningarnas Telegrambyr (TT) нашр шуд, хабарнигорони ин бунгоҳи иттилоотии Шведсия шаҳодати онро ёфтаанд, ки Гулнора Каримова инчунин бо Алишер Эргашев, соҳибкори дар Швейтсария бо иттиҳоми шустушӯи пул боздоштшуда, иртиботи мустақим доштааст.

Санадҳое, ки дастраси ин оҷонс шудаанд, ҳокӣ аз онанд, ки Гулнора Каримова дар Фаронса соҳиби ду ширкати тиҷоратӣ буда, раҳбари иҷроияи он Алишер Эргашев мебошад. Fergana.ru бо нашри ин хабар менависад, имзои Каримова ва Эргашев дар “регистри давлатии Фаронса” маҳфуз аст.

Хабарнигорони оҷонсии ТТ мегӯянд, Алишер Эргашев намояндаи расмии
ширкати оффшори Takilant аст, ки дар Гибралтар воқеъ будааст. Суратҳисобҳои ин ширкат ҳам бо иттиҳоми қарордодҳои машкук бо ширкати мухобиротии TeliaSonera дар Узбакистон дар соли 2007 масдуд шудаанд. Аз рӯи ин қазия ширкати TeliaSonera тафтиши мустақилонаи намояндагии худ дар Узбакистонро, ки зери тамғаи Ucell амал мекунад, ба роҳ мондааст.

Даст доштани духтари президенти Узбакистон Гулнора Каримова ба тиҷорати ғайрирасмӣ ва фасод муддатҳост вирди забони матбуот аст. Вале, тавре журналисти швейтсарӣ Андреас Валда менависад, дасти додситонии кишвараш барои ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани Гулнора Каримова кӯтаҳӣ мекунад, ба он хотир ки духтари калонии Ислом Каримов расман намояндагии доимии Узбакистон дар СММ-ро раҳбарӣ карда, масунияти дипломатӣ дорад.

Журналист мегӯяд, танҳо дар сурате, ки додгоҳи Швейтсария тавонад даст доштани Каримоваро дар шустушӯи пул собит кунад, метавонад ӯро ба унвони “persona non-grata” ё фарди номатлуб аз қаламраваш ихроҷ кунад.

Вале то ҳол худи Гулнора Каримова ба иттиҳомоти атрофи пулшӯиву амалиёти махфии молӣ дар хориҷ аз кишвар ҳеҷ вокуниш нишон надодааст. Ҳарчанд ду сол пеш маҷаллаи швейтсарии “Bilan” Гулнора Каримоваро бо маблағи тақрибан 900 миллион доллар, дар байни занони сарватманди ин кишвар дар мақоми 9-ум ҷой дода буд. Аз рӯи иттилои дастрас, ӯ дар Швейтсария ҳамоно дар як виллае ба сар мебарад, ки 18 миллион франк арзиш дошта, дар канори Женева ҷойгир аст. Айни замон, ӯ фаъолиятҳои худро дар риштаи мӯду дизайн ҳам идома дода, ин рӯзҳо дар Тошканд дар намоишномаи мӯди "Art Week Style.uz-2012" атри наверо муаррифӣ кард, ки бо исми ӯ - GULI номгузорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG