Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯ барои шомил шудани Украина ба Иттиҳоди Аврупо оғоз мешавад


Парчами Украина дар бинои порлумони Иттиҳоди Аврупо
Парчами Украина дар бинои порлумони Иттиҳоди Аврупо

Комиссияи Аврупо ба Шӯрои Иттиҳоди Аврупо машварат додааст, ки барои узви ИА шудани Украина ва Молдова гуфтугӯро оғоз кунанд.

Ана Пизонеро, намояндаи Комиссияи Аврупо гуфт, ки онҳо ба ин назаранд, ки Украина ва Молдова ҳама талаботи ибтидоиро иҷро кардаанд ва ҳоло бояд кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо тасмим бигиранд.

Талабот барои оғози гуфтугӯ барои шомил шудани Украина ба Иттиҳоди Аврупо тағйири мубориза бо фасод, ҷорӣ кардани нашри эъломияи дороии мансабдорон ва ҳифзи забони ақаллиятҳои миллӣ буд.

Денис Шмигал, сарвазири Украина ба Комиссияи Аврупо барои додани баҳои баланд ба Украина сипосгузорӣ кард. Ӯ гуфт, Украина талош мекунад, ки барои шомил шудан ба узвияти кишварҳои Иттиҳоди Аврупо талаботҳои дигарро низ иҷро кунад.

Венгрия, ки онро як кишвари тарафдори Русия дар Иттиҳоди Аврупо медонанд, ҳамеша мухолифи қарорҳо ба манфиати Украина аст. Эҳтимол ин бор низ Венгрия ба оғози гуфтугӯ барои шомил шудани Украина ба ИА розӣ нашавад. Барои оғози гуфтугӯ бояд ҳама кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо розӣ бошанд.

Украина рӯзи 28-уми феврал, як ҳафта пас аз ҳамалаи Русия ба хоки ин кишвар барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо ариза дода буд.

Украина барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо роҳи дарозеро бояд тай кунад. Шарл Мишел, намояндаи Шӯрои Аврупо гуфта буд, ки агар Украина ҳама талаботро иҷро кунад, эҳтимол то соли 2030 узви ин Иттиҳод шавад.

XS
SM
MD
LG