Як ҷавони 18-соларо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо иттиҳоми пайравӣ аз "Салафия" (созмони мазҳабии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон) ҳафт сол зиндонӣ кардаанд.
Ҷузъиёти парванда ва шарҳи мақомот дастрас нест.
Яке аз пайвандонаш рӯзи 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Осиф Санавбаров чор рӯз пеш бе ҳузури хешовандон содир шуд.
"Ӯ вакили мудофеъ ҳам надошт," – гуфт ҳамсуҳбати мо, ки ба далели амниятӣ нахост номашро нависем.
Ҳукмро Додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ эълон кардааст, вале масъулонаш рӯзи 9-уми июн ба зангҳои мо посух надоданд.
Хешованди Осиф Санавбаров гуфт, ӯ дар Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб мехонд ва моҳи марти имсол боздошт шудааст.
"Ба дидани модараш меравад, ки дастгир мекунанд. Падараш барвақт фавтидааст. Танҳо модараш аз ҳоли ӯ дар боздоштгоҳ хабар мегирифт. Гуфтаанд, ӯ салафӣ аст, вале дуруст нест," – афзуд ӯ.
Мусоҳиби мо ҳамзамон гуфт, пайвандон зидди ҳукми додгоҳ шикоят намекунанд, чун ба мунсифона баррасӣ шудани қазияи Осиф Санавбаров бовар надоранд.
Дар як моҳи охир бори дувум аст, ки додгоҳҳои Тоҷикистон чанд нафарро бо гумони пайравӣ аз "Салафия" аз озодӣ маҳрум мекунанд. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи майи имсол се сокини пойтахтро бо ҳамин иттиҳом ба зиндон фиристод.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2009 фаъолияти салафиҳоро манъ кард. Пас аз афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурия ва инки аксари онҳо пайравони “Салафия” будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14-уми декабри соли 2014 ин ҷараёнро экстремистӣ номид.
То кунун даҳҳо нафар бо гумони пайравӣ ё ҷонибдорӣ аз “Салафия” боздошту зиндонӣ шудаанд. Пештар Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мақомоти Тоҷикистонро танқид карда буд, ки сокинонро бо баҳонаи "Салафия" боздошту зиндонӣ мекунанд.
Хонаводаи Осиф Санавбаров аз язгуломиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будаанд. Дар тақрибан ду соли охир даҳҳо язгуломӣ дар ноҳияи Ванҷу шаҳри Душанбе бо иттиҳоми ифротгароӣ ва пайравӣ аз равияҳои навпайдои мазҳабӣ дастгир ва ба зиндон андохта шудаанд. Худашон иттиҳомҳоро намепазиранд.