Пайвандҳои дастрасӣ

Файзободи Боло: Дар қабристон хона созем, ё мурда гӯронем?


Тасмими мақомот барои иҷозати бунёди манзил дар бахше аз як қабристони маҳалла боис ба нигаронӣ ва нороҳатии сокинони атроф шуд. Аксари онҳое, ки мухолифи ин тасмими мақомот дар Кӯлоб ҳастанд, бунёди хонаҳои зист дар қаламрави оромгоҳро ғайриахлоқӣ ва хилоф бо фарҳанги диниву башарӣ арзёбӣ мекунанд.

Аввали моҳи ноябр буд, ки ду нафар омада инҷо мехост хона созад. Вале мо гуфтем, ки ин макон оромгоҳ аст ва дар инҷо на об асту на қувваи барқ.

Вале мақомот мегӯянд, дар шароити камбуди замин шиддати дастрасӣ ба манзил бештар мешавад ва ҷудо кардани бахше аз қаламрави оромгоҳ метавонад мушкили чанд хонаводаро ҳал кунад.

Сокинони маҳаллаи “Файзободи Боло”-и шаҳри Кӯлоб гуфтанд, замини як қисмати оромгоҳи маҳаллаи онҳо ба сокинон барои бунёди хона тақсим шуда, дафни пайвандонашон дар ин макон зери суол рафтааст. Ба иттилои мақомоти Кӯлоб, бо як қарори ҳукумати марказӣ қаламрави оромгоҳ моли Фонди манзил эътироф шудааст ва чанд хонаводае, ки дар ин ҳудуд порчаи замин гирифтаанд, омодаи бунёди манзил дар ҳудуди оромгоҳ шудаанд.

"Ба раиси ҷумҳур хоҳем гуфт"

Пӯлод Ҳафизов, муовини шаҳрдори Кӯлоб оид ба сохтмон, рӯзи 23-юми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ, ин минтақа бо қарори ҳукумати ҷумҳур ҳамчун фонди манзил ҷудо шудааст. Аммо ба гуфтаи Ҳафизов, ба хотири арвоҳи гузаштагон, ин минтақаро ба касе намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки сокинони маҳалла мегӯянд, то санади расмӣ ба онҳо дода нашавад, бовар нахоҳанд кард, ки ин макон ҳамчун оромгоҳ то охир боқӣ хоҳад монд.

Онҳо мегӯянд, маблағ ҷамъ карда, хостанд, гирду атрофи онро панҷара гиранд, вале то имрӯз ба онҳо иҷозат нашудааст, ки ин кор анҷом шавад. Ҳамакнун сокинони деҳаи “Файзободи Боло” мегӯянд, дар сурати мусбат ҳал нашудани ин масъала ба раиси ҷумҳур муроҷиат хоҳанд кард.

Саид Одинаев, сокини маҳаллаи “Файзободи Боло”-и шаҳри Кӯлоб, рӯзи 23-юми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 1970 дар ин маҳалла ба сар мебарад ва оромгоҳ ҳам аз ҳамон замон вуҷуд дорад. Одинаев гуфт, дар солҳои 1980 мавзӯи тақсими қитъаҳои замин ба сокинон аз майдони оромгоҳ чанд дафъа матраҳ шуда буд, аммо мақомот он замон тасмим гирифтанд ин маконро ба оромгоҳ табдил диҳанд.

"Дар инҷо аз кӯдаки гаҳвора то одами садсола дафн шудааст"

Саид Одинаев мегӯяд, агар қисмати оромгоҳ барои бунёди хона ба сокинон ҷудо гардад, мардуми деҳ дигар намедонанд, ки мурдаҳояшонро куҷо бурда дафн кунанд: “Замини оромгоҳ бояд барои бунёди хона тақсим намешуд, чунки дар ин макон аз кӯдаки гаҳвора то одами садсола дафн шудааст. Мо ду хонаи асосӣ дорем, ки охираташ ҳамин макон аст, аммо имрӯз ин маконро ба сокинон ҳамчун маҳалли бунёди хона тақсим кардаанд. Дар сурати сохтани хона дар ин макон, аз ин пас мурдаҳоро дафн накунанд ва бубаранд ба ҷамоат, ҷамоат мисли давлатҳои Эрону Покистон сағона ё ягон кори дигар мекунанд, ҳамингуна дафн кунанд”, - гуфт мусоҳиби мо.

Мадвалӣ Раҷабов, раиси маҳаллаи “Файзободи Боло”-и шаҳри Кӯлоб мегӯяд, аввали моҳи ноябр ду нафар мехост дар наздикии оромгоҳи деҳа хона бунёд кунад. Онҳо иддао кардаанд, ки дар ин замина қарори шаҳрдорӣ дар дасташон ҳаст.

“Аввали моҳи ноябр буд, ки ду нафар омада инҷо мехост хона созад. Вале мо гуфтем, ки ин макон оромгоҳ аст ва дар инҷо на об асту на қувваи барқ. Онҳо гуфтанд, ки дар поён ҳавзи об аст. Баъди ин ба раиси Кумитаи замин муроҷиат кардем, то масъаларо ҳал кунанд», - афзуд ӯ.

Кор ба ҷое расид, ки ҳоло Мадвалӣ Раҷабов, раиси маҳаллаи “Файзободи Боло”-и шаҳри Кӯлобро барои «шӯр андохтани мардум» гунаҳкор мекунанд.

"Файзободи Боло"

Ҳоло тибқи иттилои расмӣ дар маҳаллаи “Файзободи Боло”-и шаҳри Кӯлоб ҳудуди 400 хонавода ба сар мебарад ва ин оромгоҳ дар ин ҳудуд танҳо қабристонест, ки дар он сокинони маҳаллӣ наздикони худро ба хок месупоранд.

Маҳаллаи “Файзободи Боло”-и шаҳри Кӯлоб солҳои 1960-ум бунёд шуда, сокинонаш ба сабзавоткорӣ машғул буданд. Он солҳо ин макон бо номи “Совхози Назаров” машҳур буд ва дар ҳудуди он хонаҳои давлатӣ бунёд шуда буд. Пас аз сели харобиовари моҳи майи соли 2010 дар маркази шаҳри Кӯлоб, қисмати зиёди зарардидагон ба ин минтақа кӯч дода шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG