Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Хованское. Русия 5 сокини Тоҷикистонро ба 3-солии зиндон маҳкум кард


Додгоҳи ноҳиявии Шербинскии вилояти Маскав панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро дар робита ба муноқишаи қабристони Хованское ба 3-солии зиндон маҳкум кард. Мурофиаи ин афрод моҳи сентябри имсол шуруъ шуда, рӯзи 11-уми декабр ба поён расид.

Хабаргузории РИА Новости аз қавли мақомоти додгоҳ навишт, ин афрод ба авбошӣ айбдор шуданд. Аммо иттиҳоми “барқасдона хароб кардани молу мулки ғайр” ва “авбошӣ бо маслиҳати пешакӣ” аз парвандаи онҳо соқит шудааст.

Қаблан намояндаи додситонӣ ба ҳар кадоме аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон 3,5-солии зиндон талаб карда буд. Ҳоҷиқурбон Бӯриев, Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Шоймардон Аҳмадов ва Раҳмиддин Садриддинов баҳори соли гузашта дар ҷараёни занозанӣ дар қабристони Хованское боздошт шуданд.

Қаблан Сироятулло Юнусов, бародари Диловар Юнусов, яке аз панҷ муттаҳамон, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "гунаҳкорони асосӣ аз тӯри тафтишот берун монданд. Ҳоло нафароне боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, ки дар ин занозанӣ даст надоранд."

Рӯзи 14-уми майи соли гузашта як гурӯҳи ҷиноӣ бо талаби ҷудо кардани “ҳақ” ба коргарони тоҷики қабристони Хованское, воқеъ дар канори пойтахти Русия ҳамла карданд. Қаблан тафтишот гуфт, ки Чабуев, Макарйев ва Бочарников бо ҳадафи зӯран аз кор дар қабристон берун кардани муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин амал даст заданд.

Баҳси ду тараф ба занозанӣ ва тирпарронӣ печид, ки дар натиҷа се зодаи шаҳри Роғуни Тоҷикистон - Сӯҳроб Хушакови 22-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола - кушта шуда ва тақрибан 30 тани дигар захм бардоштанд. Аммо Вазорати умури хориҷии Русия теъдоди захмиҳо дар ин занозаниро 23 нафар ҳисоб карда буд.

XS
SM
MD
LG