Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паркинсон: Русия GPS-ро баста наметавонад


Ихтироъкунандаи GPS таҳдиди Русияро, ки гуфтааст, ин шабакаи моҳвораиро дар қаламраваш масдуд хоҳад кард, рафторе "бачагона" номид ва гуфт, бастани GPS имкон надорад.

Яке аз бунёдгарони сохтори GPS ё шабакаи байналмилалии таъини мавқеият таҳдидҳои ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозинро, ки гуфтааст, Русия мехоҳад фаъолиятҳои заминии ин сохторро дар қаламрави худ масдуд кунад, рад кард. Профессори фахрии Донишгоҳи Стенфорд Бредфорд Паркинсон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин ҳаракатҳои Русия ба корбарони GPS ҳеҷ таъсире надорад, магар ки ба худи Русия.

“Русия ҳеҷ гоҳ наметавонад фаъолияти GPS-ро на дар қаламрави худ ва на дар ҷойи дигар қатъ кунад. Коре ки Русия метавонад анҷом диҳад, танҳо эҷоди сигналҳои халалрасон аст, ки ба истифодаи GPS аз ҷониби корбарони оддӣ таъсир надорад. Мушакҳои кайҳонӣ ҳамчунон фаъоланд ва чун ҳамеша ба замин сигнал мефиристанд,”- гуфт профессор Паркинсон.

Дмитрий Рогозин рӯзи 13 май изҳор дошт, ки Маскав мехоҳад 11 истгоҳи амрикоии GPS-ро дар қаламрави Русия масдуд кунад. Ӯ ҳамчунин таҳдид кард, ки агар Амрико созишномаи истиқрори сохтори байналмилалии навигатсияи моҳвораҳои Русия – Glonass-ро то 1 уми сентябр имзо накунад, фаъолияти GPS комилан масдуд хоҳад шуд. ”Мо бо Иёлоти Муттаҳида вориди гуфтушунид мешавем, ки се моҳ идома мекунад. Умедворем, ки дар ҷараёни музокирот роҳҳалҳое пайдо шавад, ки имкони барқарор кардани ҳамкориҳои баробар ва мутаносибро эҷод кунанд,” – гуфт Рогозин.

Хадамоти истихбороти Амрико ва Пентагон дар масъалаи истиқрори Glonass, сохтори моҳвораии навигатсионии Русия дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида хушбин нестанд. Ба ин далел ки ин сохтор метавонад абзори идораи мушакҳоро ошкор кунад ва имкони ҷосусии Русия аз паси Амрикоро фароҳам биорад.

Яке аз аввалин мошинҳои муҷаҳҳаз бо GLONASS дар Русия
Яке аз аввалин мошинҳои муҷаҳҳаз бо GLONASS дар Русия
Дар ҳафтаҳои ахир мушкилоте дар фаъолияти Glonass ба мушоҳида расид ва яке аз дастгоҳҳои он ба муддати 11 соат аз кор монд. “Онҳо ҳозир нашуданд шарҳ бидиҳанд, ки мушкил чӣ буд ва корбарҳо дар оянда низ ба ин ҳолат рӯ ба рӯ хоҳанд шуд ё на?” - мегӯяд профессор Паркинсон. Ӯ ҳамзамон гуфт, ки бо шабакаи Glonass- и Русия ҳеҷ мухолифате надорад.

Бредфорд Паркинсон, ки аз соли 1970 ба ин тараф раҳбарии барномаҳои GPS-ро бар ӯҳда дошт, мегӯяд, изҳороти ахири Русия рафтори бачаеро мемонад, ки мардуми як шаҳрро таҳдид мекунад, ки “ҳушёр бошед ман шуморо воқеан зеру забар мекунам”. Профессор Паркинсон гуфт, “бисёр таассуфовар аст, ки Русия GPS-ро ҳамчун абзори сиёсӣ истифода мекунад.”
XS
SM
MD
LG