Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи маъракаҳои солинавӣ дар Тоҷикистон бозори тоҷиронро сард кардааст. ВИДЕО


Тоҷирони бозорҳои Душанбе гуфтанд, ки манъи маъракаҳои солинавӣ шумори харидорони меваю арча ва тӯҳфаҳоро якбора кам ва бозори дар гузашта гарми онҳоро сард кардааст. Ситоди муқобила бо бемории ҳамагир дар Тоҷикистон тасмими худро ба пешгирӣ аз густариши коронавируси нав рабт дод.

Растаҳои холӣ, кам будани харидорон ва боло нарафтани нархҳо дар остонаи соли нав тоҷирони бозорҳои Душанберо ба ҳайрат андохтааст. Онҳо мегӯянд, ҳар сол дар ин шабу рӯз корашон хеле зиёд ва наздашон пур аз муштарӣ мешуд.

Мурод Ҳайдаров, ки ба тиҷорати мева машғул аст, рӯзи 24-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои пеш аз бистуми декабр якбора сафи харидорон меафзуд. "Хонандаҳои мактаб ва кормандони идораҳо омада, мева мехариданд. Намедонем, чаро имсол чунин нашуд", -- мегӯяд ӯ.

Масъулони баъзе аз бозорҳои пойтахт ҳам гуфтанд, маъмулан дар остонаи ҷашнҳо маҷбур мешуданд, барои пешгирӣ аз ҷаҳиши нархҳо ва танзими бозор чораҳо андешанд, аммо ин дафъа "вазъият дигар аст".

Наврӯз Бобоев, корманди бозори "Саховат"-и шаҳри Душанбе, рӯзи 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба фарқ аз солҳои пеш, имсол бо наздик шудани ҷашни Соли нав муҳити бозор ором аст. Вай афзуд: "Фикр мекунам, дар замони пандемияи коронавирус мардум дарк кардаанд, ки бояд хароҷоти худро кам кунанд. Онҳо аз харидани маҳсулоти зиёд худдорӣ меварзанд."

Гузориши видеоиро аз бозорҳои Душанбе дар ин ҷо бинед:

Дар Душанбе бозори солинавӣ гарм нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз сокинон гуфтанд, пандемияи COVID-19 даромадашонро кам ва мушкили онҳоро барои харидани маҳсулот бештар кардааст. Рӯзи 24-уми декабр дар баъзе аз бозору фурӯшгоҳҳои Душанбе нархи як дона тухм як сомонию 17 дирам, як кило шакар то 8,5 сомонӣ, як литр равған 16 сомонӣ ва гӯшт 48-50 сомонӣ буд.

Баъзе аз мусоҳибони дигари мо дар кӯчаҳои Душанбе гуфтанд, имсол азизонашонро аз даст доданд ва чандон рӯҳияи идона надоранд. "Вабо ҳанӯз ҳам ҳаст, чандон хоҳиши таҷлили соли навро надорем", мегӯяд сокини шаҳри Душанбе Мирзомурод Саидов.

Иддае дигар таъкид карданд, ки бо вуҷуди гаронии нархҳо ва вуҷуди пандемия, талош мекунанд бо оростани дастархони хоксорона дар доираи хонавода соли навро ҷашн бигиранд. Омӯзгор Зарина Раҷабова гуфт, "кӯдакон мунтазири чунин ҷашне ҳастанд ва ба қадри тавон бо фарзандон Соли навро таҷлил хоҳем кард."

Навори суҳбати роҳгузаронро дар ин ҷо тамошо кунед:

Соли навро чӣ гуна ҷашн мегиред?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00

Охири моҳи ноябри имсол Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 бо ҳадафи пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории ҳамагир эълон кард, ки баргузории ҳамагуна чорабинӣ ва нишастҳои ҷашнӣ ба муносибати Соли нав дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст.

Шумори расмии гирифторони бемории коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 24-уми декабр ба 13 ҳазору 106 кас расид.

Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел, замони эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон, то ин дам 89 нафар аз бемории ҳамагир ҷон бохта, беш аз дувоздаҳуним ҳазор нафар шифо ёфтаанд. Аммо иддае дурустии омори расмиро зери шубҳа мегузоранд.

XS
SM
MD
LG