Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон: Эрон то ҳол фанновариҳои ҳастаӣ меҷӯяд


Акси Хумайнӣ ва Хоманаӣ дар коргоҳи ғайрисозии уран дар Натанзи Эрон
Акси Хумайнӣ ва Хоманаӣ дар коргоҳи ғайрисозии уран дар Натанзи Эрон

Мақомоти иктишофии Олмон мегӯянд, ки Эрон дар тӯли соли 2015 низ барои ба даст овардани фанновариҳои ҳастаӣ ва мушакӣ талош мекард ва зоҳиран нирӯҳое дар Эрон дар фикри ба ҳам задани муомилаи Теҳрон бо Ғарб мебошанд.

Олмон рӯзи 8 июл гуфт, нирӯҳои муҳофизакор дар Эрон зоҳиран талош доранд, ба фанновариҳои ҳастаӣ даст биёбанд ва ин кор зоҳиран бо мақсади тахриби муомилаи ҳастаии Теҳрон бо Ғарб анҷом мешавад. Оҷонсии иктишофии Олмон дар гузориши солонааш гуфт, талошҳои пайвастаи Эрон барои ғайриқонунӣ ба даст овардани фанновариҳои ҳастаӣ дар Олмон дар соли 2015 низ дар “сатҳи баланд” идома дошт.

Гузориши алоҳидаи оҷонсии иктишофии сарзамини Рейни шимолӣ –Вестфалия дар ин ҳафта гуфт, ки соли гузашта 141 талоши даст ёфтан ба фанновариҳоро сабт кардааст, ки аз се ду ҳиссааш ба Эрон рабт дошт.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Олмон Мартин Шафер рӯзи 8 июл дар шарҳи ин гузоришҳо гуфт, хондани ин маълумот “нохушоянд” аст, вале онҳо давраи то 1 январи соли ҷориро, ки муомила бо Эрон ба иҷро даромад, фаро мегиранд. Ӯ ҳадс зад, ки талошҳои дар ин гузоришҳо сабтшудаи Эрон шояд аз сӯи нирӯҳои дар дохили Эрон анҷом шуда бошад, ки мухолифи муомилаи ҳастаиянд.

Олмон дар бораи талошҳои ҳастаиву мушакии Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00
Линки мустақим

Бар асоси он муомилаи моҳи июли соли 2015 бадастомада бо қудратҳои ҷаҳонӣ, Эрон розӣ шуд, то дар ивази сабуктар кардани таҳримоти иқтисодии Ғарб танҳо ба фаъолиятҳои ҳастаии сулҳомез маҳдуд шавад.

Мартин Шафер гуфт, “дар дохили Эрон нирӯҳое ҳастанд, ки барояшон сиёсати раисиҷумҳур ва вазири хориҷаи ин кишвар мисли хор дар чашманд. Онҳо метавонанд бо ин ё он роҳ талош кунанд, то муомилаи ҳастаӣ ва оддӣ шудани равобити байни мо ва Эронро хароб кунанд ва ё дар роҳаш сад бисозанд. Мо инро аз наздик пайгирӣ мекунем.”

Коршиноси масоили ҳастаии Эрон Ҷалили Рӯшандил мегӯяд, гузоришҳои ниҳодҳои иктишофии Олмон заминаи нигонӣ дорад, вале “ҳанӯз намешавад ба таври қотеона гуфт, ки ин иттилооти маҳрамона далели ин аст, ки Эрон барои корҳои атомӣ иқдомоти ғайриқонунӣ анҷом медиҳад ваё қасд дорад, тавофуқ бо кишварҳои Ғарбро ботил бикунад.”

Озмоиши навбатии мушакҳои Эрон
Озмоиши навбатии мушакҳои Эрон

Ҷалили Рӯшандил мегӯяд, дар воқеъ дар дохили Эрон нирӯҳои тундрав то ҳол бар ҳифзи фаъолиятҳои ҳастаӣ ва алайҳи муомилаи ҳастаӣ бо Ғарб пойфишорӣ мекунанд ва ин як ҳолати сардаргумиеро ба вуҷуд овардааст: Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ – раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ – аз тундравҳо ҳимоят мекунад. Дар ҳоле ки давлати Эрон мехоҳад иртиботашро бо тамоми дунё барқарор кунад, аммо дасташ баста аст ва иқдоми амалие наметавонад бикунад. Ҷаҳон хостори маҳдуд кардани он талошҳои Эрон аст, ки тавозунро дар минтақа ба ҳам мезанад. Ҳамаи инҳо бо якдигар, хусусан вақте ки фаъолиятҳои мушакиро агар дар назар бигирем, як тасвири хеле дарҳам ва печидаеро ба даст меоварад.”

Сухангӯи вазорати хориҷаи Олмон Мартин Шафер ҳам гуфт, ҳамон нирӯҳои муҳофизакор дар Эрон дар пушти озмоишҳои батакрори мушакҳои раҳбурдӣ истодаанд. Олмону Амрико ин озмоишҳоро нақзи қатъномаҳои СММ мешуморанд.

Шафер гуфт, “мо алакай бо шариконам дар Ню-Йорк ва ҳар куҷои дигар музокира дорем ва мехоҳем ин мавзӯъро бо Теҳрон ҳам баҳс кунем.” Шафер афзуд, Олмон ҳамзамон ба раисиҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ва вазири хориҷааш Ҷавод Зариф “эътимоди зиёд” дорад ва мутмаин аст, ки онҳо барои иҷрои муомилае, ки бояд ба 12 соли мухолифатҳо бо Ғарб бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон нуқта бигузорад, тамоми талошро анҷом медиҳанд.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ки дар низоми раҳбарии Эрон назар ба мақомоти аз сӯи мардум интихобшуда, яъне парлумон ва раисиҷумҳур, қудрати хеле бештареро дар даст дорад, аз ин муомила пуштибонӣ кардааст. Вале муттаҳидони тундрави Хоманаӣ, аз ҷумла Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, як танзими хеле бонуфуз дар низоми нирӯҳои мусаллаҳи Эрон, нигаронанд, ки дар сурати боз кардани дари Эрон ба рӯи Ғарб, қудрати беандозаашонро аз даст медиҳанд. Онҳо пайваста сиёсати хориҷии ҳукумати Рӯҳонии амалгаро(прагматик)-ро ба боди шадиди интиқод мекашанд.

Гузориши оҷонсии иктишофии сарзамини Рейни шимолӣ-Вестфалия мегӯяд, талошҳои Эрон дар соли 2015 барои даст ёфтан ба фанновариҳо асосан рӯи фанновариҳои ба истилоҳ “дугуна”-е, ки ҳам дар бахши низомӣ ва ҳам дар бахши ғайринизомӣ қобили истифодаанд, тамаркуз карда буд. Ва дар ҳоле ки талоши даст ёфтан ба фанновариҳои марбут ба барномаҳои ҳастаӣ як андоза коҳиш ёфта буд, айни талошҳо барои ба даст овардани фанновариҳои марбут ба барномаҳои мушакии Эрон баръакс афзоиш ёфтааст.

Ғарб дар тӯли солҳои мухолифаташ бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон Теҳронро ба талоши сохтани бомби ҳастаӣ айбдор мекард, вале Теҳрон исрор меварзид, ки барномаҳои ҳастаияш табиати сирф осоишта доранд.

XS
SM
MD
LG