Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел пирӯз шуд, муҳоҷирситезон пешрафт карданд


Germany - Merkel reacts on first exit polls in the German general election
Germany - Merkel reacts on first exit polls in the German general election

Эътилофи аҳзоби муҳофизакор ба раҳбарии Ангела Меркел дар интихоботи порлумонӣ пирӯз шуд, аммо назар ба давраҳои пешин раъйи камтар ба даст овард.

Бо вуруди нерӯҳои чапгарои тундрав ба порлумон мумкин аст, кор барои эътилофи Ангела Меркел, ки бори чаҳорум аст, дар қудрат мемонад, сахттар шавад.

Бар асоси назарсанҷии телевизионҳои ARD ва ZDF- Олмон, Ҳизби Масеҳиёни Демократ ва шарики он Иттиҳоди Масеҳиёни Сотсиалист дар интихоботи рӯзи 24-уми сентябр тақрибан 33.5 дар сади раъйи мардуми кишварро ба даст овардаанд.

НАТИҶАИ БАДТАРИН ДАР 12 СОЛИ АХИР

Агар ин пешбиниҳо собит шаванд, бадтарин натиҷа барои эътилофи ду ҳизб дар 12 соли ҳукуматашон аст. Бар асоси назарсанҷиҳо, Ҳизби Сотсиал-Демократҳо ба раҳбарии Мартин Шултз, ки дар ҳукумати эътилофии Олмон ҳамроҳ аст, аз 20 то 21 дар сади раъйи мардумро соҳиб мешавад, ки бадтарин натиҷа барои ҳизб баъди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум аст.

Дар ин миён ҳизби ростгарои ифротӣ ва шӯҳратталаб бо номи Алтернатива барои Олмон тақрибан 13. 5 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва дар мақоми сеюм аст. Дар Аврупо умедвор буданд, ки Ангела Меркел бо пирӯзӣ метавонад, низоми озодандеширо барқарор кунад, вале ҳоло маҷбур аст, ки аз барномаҳои тағйири назми Аврупо ҳамроҳ бо Эмануеэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса андаке ақибнишинӣ кунад.

Худаш, ки духтари як рӯҳонист ва дар Олмони Шарқӣ бузург шудааст, баъди интихобот гуфт:​ Ҷойи баҳс нест. Мо умедвори натиҷаҳои андаке беҳтар будем. Ин возеҳ аст.”

Эътилофи аҳзоби муҳофизакор ба раҳбарии ӯ дар интихоботи соли 2013 -ум 41.5 дар сади раъйи мардумро соҳиб шуд. Айни замон Ангела Меркел гуфт: “Мо қавитарин ҳизб ҳастем ва масъулияти ташкили ҳукумати нав дар дасти мост ва ҳукумати эътилофие, ки ба зидди мо бошад, вуҷуд дошта наметавонад.”

Александр Гауланд, як номзади аслии Ҳизби Алтернатива барои Олмон
Александр Гауланд, як номзади аслии Ҳизби Алтернатива барои Олмон

Пешрафти Ҳизби Алтернатива барои Олмон дар интихобот ба ин маънист, ки ин ҳизби мухолифи муҳоҷирон дар Олмон бори аввал соҳиби курсӣ дар Бундестаг мешавад. Дар 60 соли ахир болри аввал аст, ки ҳизби ифротие ба порлумони Олмон ворид мешавад, вале тамоми аҳзоби дигар гуфтаанд, ки бо ин ҳизб ҳамкорӣ намекунанд.

Садҳо нафар дар назди қароргоҳҳои Ҳизби Алтернатива Барои Олмон дар Берлин ҷамъ омаданд ва эътирози хешро аз вуруди он ба порлумон нишон доданд. Айни тазоҳурот дар шаҳрҳои Кёлн ва Франкфурт баргузор шуд.

ПОРЛУМОНИ ПАРОКАНДА ВА САХТ ШУДАНИ ТАШКИЛИ ҲУКУМАТ

Бо вуруди 6 ҳизб ба порлумони Олмон, ташкили ҳукумат аз ҳисоби онҳо моҳҳо тӯл мекашад. Ҳангоми муроҷиат ба тарафдоронаш, Ангела Меркел гуфт, барои ба тарафи худ кашидани онҳое, ки ба Ҳизби Алтернатива барои Олмон раъй додаанд, “изтироби” онҳоро ба инобат мегирад.

Ҳизби Мартин Шултз ба мухолифон мепайвандад.
Ҳизби Мартин Шултз ба мухолифон мепайвандад.

Мартин Шултз, эълон кард, Ҳизби Сотсиал-Демократ ба ҳамкорӣ бо ҳизби Ангела Меркел хотима дода ба мухолифон мепайвандад. Ӯ гуфт, ки “Имрӯз рӯзи талхе барои сотсиал-демократҳои Олмон аст, чун мо ба ҳадафҳоямон нарасидем.”

Ҳизби Алтернатива Барои Олмон ба сабаби вуруди 1 миллион нафар муҳоҷиру паноҳанда ва бахусус мусулмонон маҳбубият пайдо кард. Ҳизби Сабзҳо, Ҳизби Демократҳои Озод ва Ҳизби Чапҳо дар Олмон низ садди 5 дар садӣ барои вуруд ба порлумонро убур кардаанд ва мумкин аст, дар Бундестаг соҳиби курсӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG