Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷиҳо ба Аврупо бе виза сафар мекунанд. ВИДЕО


Аз рӯзи 28 март низоми сафарҳои бидуни раводид ё виза миёни шаҳрвандони Гурҷистон ва Иттиҳодияи Аврупо амалӣ мешавад. Онҳое, ки соҳиби шиносномаҳои биометрии гурҷӣ ҳастанд, метавонанд, ба мӯҳлати то 90 рӯз як бор дар ним сол аз кишварҳои аврупоӣ дидан кунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Гурҷистону Иттиҳоди Аврупо режими рафтуомади озод ҷорӣ намуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Дар Тифлис -- пойтахти Гурҷистон ба ин муносибат шоми 27 март як ҷашни калон барпо шуд. Донишҷӯ Мариам Тевзадзе мегӯяд, аз ин муқаррарот хеле хушҳол шудааст. Вай гуфт, “сабукӣ дар низоми виза ба мо имкони дидани Аврупо, шиносоӣ бо фарҳанги онро фароҳам меорад ва мо ҳам бахше аз ин фарҳанг хоҳем шуд. Ташаккур!”

Онҳое, ки соҳиби шиносномаҳои биометрии гурҷӣ ҳастанд, метавонанд, ба мӯҳлати то 90 рӯз як бор дар ним сол аз кишварҳои аврупоӣ дидан кунанд.

Сокини дигари Гурҷистон Георги Чумбуридзе мегӯяд, низоми бевиза танҳо оғози кор аст. “Бешубҳа, ин хабари хуб аст. Вале ҳадафи калонтарин – ҳамоиши сиёсӣ бо Иттиҳоди Аврупо аст”, - гуфт ӯ. Донишҷӯ Татия Мтварелидзе мегӯяд, барояш имкони таҳсил дар Аврупо хеле муҳим аст: “Ин қарор барои гурҷиҳое, ки дар фикри таҳсил ҳастанд, имкониятҳои хуб фароҳам меорад. Мо дар давоми сол чандин бор ба Аврупо меравем ва дар гузашта саддҳои зиёде буд, ки кори моро душвор мекард. Акнун хеле беҳтар хоҳад шуд”.

Гурҷиҳо аз қарори сафар бидуни раводид ба Аврупо, истиқбол карданд.
Гурҷиҳо аз қарори сафар бидуни раводид ба Аврупо, истиқбол карданд.

Яке аз аввалин нафароне, ки аз имкони сафари бидуни виза ба Аврупо истифода кард, нахуствазир Георгий Квирикашвили буд. Ӯ гуфт, «ин натиҷаи кори батадриҷ ва пойфишориҳои ҳукумат ва ҳам саҳми сокинони кишвари мо буд. Қонунгузории Гурҷистонро ба меъёрҳои муқарраркардаи Комиссияи Аврупо мутобиқ кардем. Ба ҳама ҳамкороне, ки дар ин роҳи мушкил моро дастгирӣ карданд, сипосгузорем.”

Қонун рӯзи 7 феврал аз ҷониби Порлумони Аврупо қабул шуд. Ин қонун ба шаҳрвандони Гурҷистон имкони сафари бемамониатро ба ҳама кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ба ҷуз Бритониё, аз ҷумла Ирландия, Исландия, Лихтенштейн, Норвегия ва Швейтсария фароҳам меорад. Дар муддати то 90 рӯз онҳо метавонанд барои ҷаҳонгардӣ, ҳалли мушкилоти оилавӣ ва тиҷорат, ба Аврупо сафар кунанд.

Дар сурати вайрон кардани қоидаи буду бош, шахс ба 3 ҳазор евро ва 5 соли манъи сафар ба Аврупо муҷозот мешавад. Режими бидуни виза ҳаққи кор дар Аврупоро намедиҳад.​

XS
SM
MD
LG