Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон сокини шимоли Ғаза аз хонаҳои худ гурехтаанд


Ҳазорон нафар аз сокинони навори Ғаза бинобар ҳушдорҳо аз ҳамлаҳои бештари артиши Исроил, манзилҳои худро тарк кардаанд.

Ҳафт рӯз пас аз оғози амалиёти густурдаи артиши Исроил дар навори Ғазза, беш аз 170 нафар фаластинӣ кушта шудаанд ва тибқи гузоришҳо, ҳазорон тан аз сокинони минтақаҳои шимолии Ғаза фирор кардаанд.

Артиши Исроил рӯзи якшанбе бо рехтани навиштаҳои ҳушдоромез аз тариқи ҳаво, аз сокинони минтақаҳои шимолии навори Ғаза бинобар анҷоми як амалиёти бузурги низомӣ хостааст, ки хонаҳои худро тарк кунанд. Тайи соатҳои гузашта Исроил ва Ҳамос бо вуҷуди дархости Шӯрои Амният ва мақомҳои ҷаҳонӣ барои эҷоди оташбас, ба ҳамлаҳо алайҳи якдигар идома додаанд.

Шумораи кушташудагони амалиёти Исроил ба гузориши хабаргузории Франс-пресс ба 172 нафар расидааст. Дар миёни кушташудагони субҳи душанбе як нафар зан аст. Як ҷавони 14 сола низ аз дигар қурбониёни ҳамлаҳои соатҳои ахир мебошад. Шумораи захмиҳои ҳамлаҳои Исроил ба 1330 нафар расидааст. Рӯзи шанбе бадтарин рӯзи нооромиҳо дар ҳафтаи гузашта буд ва 56 нафар фаластини бар асари ҳамлаҳои Исроил ҷони худро аз даст доданд.

Амалиёти артиши Исроил бо номи "марзи боздоранда" асри рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта оғоз шуд ва ба гуфтаи мақомоти Телавив, ҳадафи он поён додан ба мушакандозии гурӯҳи Ҳамос мебошад. Гурӯҳи Ҳамос дар муқобили ҳамлаҳои артиши Исроил, ба партоби мушак ба минтақаҳои гуногуни Исроил идома медиҳад. Дар чанд рӯзи гузашта ҳеҷ шаҳрванди исроилӣ дар пайи ҳамлаҳои мушакӣ аз Ғаза кушта нашудаанд.

Созмони Милали Муттаҳид пештар гуфта буд, 4 ҳазор нафар аз шимоли Ғаза гурехтаанд ва дар паноҳгоҳҳои муваққатӣ ҷой дода шудаанд. Аммо хабарнигори Ройтерз чанд соат қабл аз қавли як мақоми имдодрасонии СММ гуфт, ҳадди ақал як чаҳорум аз сокинони шаҳри 70 ҳазор нафарии Байтулийҳо аз он гурехтаанд.

Рӯзи шанбе 15 узви Шӯрои амният дар баёнияе хостори коҳиши танишҳо ва аз саргирии музокироти мустақим байни Исроил ва фаластиниҳо барои расидан ба тавофуқ фарогири сулҳ барои ташкили давлати Фаластин дар паҳлӯи Исроил шуданд. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, фишорҳои байналмилалӣ таъсире бар амалиёте, ки ӯ онро барқарории сулҳ ва оромиш номид, надорад.

XS
SM
MD
LG