Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози нишасти сарони G20 дар Петербург


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия нишасти сарони 20 кишвари аз назари саноатӣ пешрафтаи ҷаҳон оғоз ёфт.

Сарони 20 кишвари саноатӣ ё G20 қарор аст, масъалаҳои иқтисодии ҷаҳонро баррасӣ кунанд. Ин бистгона, ки 90 дарсади тавлидоти ҷаҳонро таъмин мекунад, умедвор аст, дар мавзӯъҳое мисли рушди иқтисодӣ, тиҷорат, шаффофияти умури бонкӣ созиши умумӣ ба даст орад. Ҳамчунин қарор аст, дар ин ҳамоиши дурӯза масъалаи мубориза зидди фирор аз андозу молиёт низ баҳс шавад.

Оғози нишасти сарони G20 дар Петербург
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00
Линки мустақим


Ҳарчанд ҳамоиш дар пасманзари вазъи бӯҳрони Сурия ҷараён мегирад, расман ин мавзӯъ ба рӯзномаи он шимол нашудааст. Бо вуҷуди ин интизор меравад, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама, ки хостори “амалиёти маҳдуди ҳарбӣ” дар Сурия шудааст, ин мавзӯъро дар нишасти умумӣ ё дидорҳои ҷ удогона пеш гузорад. Маскав ба иттилои истифода шудани гази марговари зарин аз тарафи нерӯҳои давлати Сурия шубҳа дорад. Бино бар хабарҳо истифодаи ин силоҳ рӯзи 21-уми августи соли равон сабаби ҳалокати 1400 нафар дар канораи Димишқ шудааст.
Ҳамоиши сарони G20 дар Санкт Петербург
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00


Дар остонаи ҳамоиш Обама гуфт, талошҳояшро ба мутақоид кардани ҳамтои руусаш Владимир Путин идома хоҳад дод: “Оё ман умеде дорам, ки мумкин аст, ҷаноби Путин ақидаи худро бар бархе азин масъалаҳо тағйир диҳад? Ман ҳамеша умедворам ва талошҳои ҷалби ӯро идома медиҳам, зеро бар инам, ки агар Русия бархӯрдаш ба масъаларо тағйир диҳад, иқдоми байнулмилалӣ самарбахштар хоҳад буд ва метавонем, ба марги инсонҳо қатъиян хотима гузорем.”

Аммо масъалаи Сурия танҳо мушкиле нест, ки мояи сардии равобит миёни Амрико ва Русия шудааст . Ҳарчанд ин масъала Вашингтонро водор кард, мулоқоти як ба яки Обама бо Путинро дар ҳошияи нишасти сарони 20 кишвари саноатӣ лағв кунад, моҷарои Сноуден, паймонкори хадамоти махфии Амрико, ки асрори барномаҳои дидбонии электронӣ ва телефонии Вашингтонро фош намуд, бӯҳрони равобитро амиқтар намуд. Русия ба Сноуден паноҳгоҳи муваққат дод.

Дар ҳошияи ҳамоиши Санкт-Петербург Обама бо ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия мулоқот хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқ қонуни ахири зидди таблиғи ҳамҷисгароиро дар Русия танқид мекунанд. Президенти Русия Владимир Путин гуфтааст, қонун зидди афроде нигаронида нашудааст, ки тамоюли фарқкунандаи ҷинсӣ доранд ва ҳадафи он чизи дигар аст.

Рӯшан нест, сарони 20 кишвари саноатӣ то куҷо дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ комёб хоҳанд шуд, вале таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки он ба вазъи равобити Русия ва Амрико таъсири зиёд нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG