Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷир ҳам инсон аст. Мерақсад, мегиряд... (ВИДЕО)


18 декабр бо ташаббуси СММ ҳамчун рӯзи байналмилалии муҳоҷир таҷлил шуд. Шореҳи Озодӣ мегӯяд, бояд дар симои муҳоҷирон на як тӯда, балки шахсиятҳоро дид.

Бо ташаббуси СММ шурӯъ аз соли 2000-ум 18 декабр ҳамчун рӯзи байналмилалии муҳоҷир таҷлил мешавад. Таҳлилгарон мегӯянд, мақоми муҳоҷирони корӣ дар иқтисоди кишварҳои ҷаҳон хеле муҳим аст ва падидаи солҳои охир ин аст, ки иқтисодҳои кишварҳои зиёд дар ин охирҳо маҳз аз саҳми муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ вобаста ҳастанд. Ҳисоб шудааст, ки се дар сади аҳолии ҷаҳон ва ё беш аз 200 миллион нафар дар мақоми муҳоҷири хориҷӣ ҳастанд. 1 миллион нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки ҳамасола дар Русия барои худ кору рӯзӣ меҷӯянд. Соли 2013 саҳми рекордии муҳоҷирони кории тоҷик дар иқтисоди ватан беш аз 4 миллиард долларро ташкил дод. Масъалаи муҳоҷирон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки бо вуҷуди мақоми хоссаи онҳо дар иқтисод, машғулият дар соҳаҳои кампардохту кори сиёҳ, ҳуқуқи онҳо пайваста поймол мешавад ва онҳо ба гурӯҳи заъфпазири ҷомеаи кишвари бегона шомиланд.

Ҳамсӯҳбати имрӯзаи мо шореҳи радиои Озодӣ дар масоили муҳоҷират Рей Фурлонг аст.

Радиои Озодӣ: Рей, мо шуморо нахуст бо ҷоизаи радиои Озодӣ, ки барои пӯшиши масоили муҳоҷират ба даст овардед, табрик мекунем. Бигӯед, чаро барои шумо таҳқиқи ин масъала муҳим аст?

Рей Фурлонг: Масъалаи муҳоҷират барои Аврупо як гузориши сол буд. Дар давоми тамоми соли 2015 наздики 1 миллион муҳоҷира ба Аврупо омад. Ин масъала дар Иттиҳодияи Аврупо як танише эҷод кард. Ин ҳолат низоми кори системаи Шенгенро дигар кард, ки мантиқаш дар зарур набудани доштани виза ва шиноснома ба ҳангоми сафар дар кишвари узви ин созишнома буд. Вале бо вуруди мавҷи муҳоҷирон, кишварҳои аврупоӣ дар марзҳояшон садд ҷорӣ карданд. Мавҷи муҳоҷират бо худ масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ овард. Ин масъала дар сиёсати баъзе давлатҳои аврупоӣ дар робита бо муҳоҷират ҳам инъикос шуд, ҳатто ба иттиҳоди сиёсии кишварҳои Аврупо ҳам таъсир кард. Ин ҳама масъалаҳо мавзӯъро ба гузориши сол табдил кард ва ман ҳам аз ин ҷиҳат ба он таваҷҷӯҳ кардам.

ВИДЕОИ МУҲОҶИРОТ ДАР СОАТҲОИ ИСТИРОҲАТ ДАР РУСИЯ

Муҳоҷирон дар вақти истироҳат
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00

Радиои Озодӣ: Масъалаи муҳоҷират ба уфтухезҳои сиёсиву иҷтимоии кишварҳо сахт вобаста аст, ҳамонтавре, ки мо моҳҳои охир дар мисоли мавҷи муҳоҷират аз Ховари Миёна ба Аврупо мушоҳида кардем. Вале ин мавзӯъ мо мебинем, ки солҳои охир дар Аврупо ё ҳамон Русия ба як силоҳи сиёсии гурӯҳҳое табдил мешавад, ки бештар ҳадафҳои миллатгароёнаро пеша кардаанд. Ин тамоюлҳо ба назари шумо хатарнок нест?

Рей Фурлонг: Ин ҷо як хатар аст. Сиёсатмадорони зиёд дар саросари Аврупо талош карданд, ки масъалаи муҳоҷиратро барои боло бурдани обрӯи худ ба як шакли бисёр ноҷавонмардона истифода кунанд. Онҳо ангушти ишораро ба сӯи муҳоҷирон баланд карда хеле содда мегуфтанд: “Инҳоянд мушкили мо”. Дар Фаронса нирӯи оппозитсионии “Фронти миллӣ” ва дар Аврупои Шарқӣ – ҳукумати Венгрия барои боло бурдани маъруфияти худ дар миёни мардум аз хатти маши зиддимуҳоҷират кор гирифтанд. Дар чунин шароит хеле муҳим аст, ки мо дар ин мавзӯъ гузориш нависем ва чеҳраи инсонии муҳоҷиратро ба намоиш гузорем, бигӯем, ки онҳо як мавҷ ё тӯда не, онҳо шахсият ҳастанд. Бархӯрди мо ҳам бояд инсонвор ва раҳмдилона бошад.

Радиои Озодӣ: Таърих намунаҳои мусбати зиёдеро дар рушди иқтисодиву сиёсӣ медонад, ки маҳз бо саҳми муҳоҷирон даст додааст. Шумо чанд намунаи онро метавонед мисол биёред?

Рей Фурлонг: Ман тамоми таърихро ҳоло ёдовар шуда наметавонам, вале аз намунаҳои муваффақи ватани худ – Бритониёи Кабир мегӯям. Ба ин кишвар аз қадим хориҷиҳо омада бумӣ шудаанд. Дар Бритониё ҷомеаҳои муҳоҷирон ба таври фавқулодда муваффақанд. Фарзанду набераҳои ин муҳоҷирон дар бизнесу тиҷорат дастболоянд, онҳо духтуранд. Шумо низоми беҳдошти Бритониё ва ё шифохонаҳои ин кишварро бидуни ҳузури духтарони хориҷие, ки замоне ба ин кишвар кӯч бастаанд ва ё фарзандони онҳо тасаввур карда наметавонед. Дар телевизионҳои маҳаллӣ дар миёни барандаҳо муҳоҷирон хеле зиёданд. Хулоса, қиссаҳои муваффақ хеле зиёданд. Ба назари ман, дар Аврупо як бовари нодурусте дар бораи ба истилоҳ “муҳоҷирони танбал” ҷой уфтодааст, ки мегӯянд, муҳоҷирон барои истифода аз имкониятҳои моливу пулии Аврупо ба ин ҷо меоянд. Вале воқеият ин аст, ки аксари муҳоҷирон хеле заҳматкашанд ва ба шарофати онҳо иқтисодҳои кишварҳои муҳоҷирпазир хеле манфиат мебинанд.

Дар чӣ ҳоле Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон таҷлил мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:43 0:00

XS
SM
MD
LG