Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи бензин боло рафт


«Газпромнефт – Тоҷикистон», умдатарин ширкати нафтрасони Тоҷикистон мегӯяд, қимати газу бензинро 10 дирам қимат кардааст.

Саъдулло Бафоев, муовини директори кулли «Газпромнефт – Тоҷикистон» ба Радиои «Озодӣ» гуфт, афзоиши қимат бо иҷозати мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст: «Мо ҳамагӣ 10 дирам қимат кардем ва сабабаш ҳам қурби асъор аст. Мо амалан пешниҳод кардем, ки иҷоза диҳанд нархи бензини навъи 92-ро 25 дирам боло бардорем, аммо надоданд. Илова бар ин, вобаста ба нарх андоз низ тағйир мехӯрад ва ин ҳама бидуни шак, ба нарх таъсир мерасонад»

Аммо «Газпромнефт» дар ҳоле аз 10 дирам боло бурдани қимати маводи нафтӣ суҳбат мекунад, ки амалан дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ин ширкат як литри бензин ё газ аз то 30–ву 40 дирам боло рафтааст. Агар як ҳафтаи қабл бензини навъи 92 ба 4 сомониву 80 дирам дастрас мешуд, ҳоло ба 5 сомониву 10 дирам расидааст. Навъи «Ҷи драйв» ва 95–и бензин низ дар қиёс бо як ҳафтаи қабл аз 30 то 40 дирам фарқ мекунад.

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон дар шарҳи расмии худ ба Радиои «Озодӣ» гуфт, аз нимаи моҳи май ба ин сӯ дар нуқтаҳои фурӯши чаканаи маҳсулоти сӯзишворӣ нархи як литр бензини АИ 92 аз 4 сомониву 80 дирам ба 5 сомониву 10 дирам (6,25%), навъи АИ 92 «Ҷи драйв» аз 4 сомониву 95 дирам ба 5 сомониву 25 дирам (6,1%), сӯзишвории дизелӣ аз 5 сомониву 35 ё 40 ба 5 сомониву 45 ё 50 дирам (1,85%) афзоиш ёфтааст. Сабаби афзоиши қимати сӯзишвориро ин ниҳод ба боло рафтани нархи маҳсулоти корхонаҳои истеҳсоли нафти Русия ва биржаҳои ҷаҳонӣ марбут медонад.

Шамсиддин Насриддинов, масъули матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар нуқтаҳои сӯзишворӣ нархи бензини АИ 92 агар 6,25 дарсад боло рафта бошад, нархи хариди он дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Хуҷанд аз корхонаи коркарди нафти Омск нисбат ба моҳи январ 9,6 ва моҳи январ 5, 9%, аз корхонаи нафти «Салаватнефторгсентр» мутаносибан 8, 21% ва 14,5%, аз корхонаи нафти «Оргнефтеоргсинтез» - и Русия 4,2 ва 7,3% зиёд шудааст. Вай афзуд, Тоҷикистон танҳо аз ин се корхона маводи нафтӣ ворид мекунад ва бензини навъи АИ 92 дар ин корхонаҳо нимаи аввали моҳи июн дар қиёс бо моҳи май 65 доллар ва моҳи январ 71 доллар қимат шудааст:

«Танҳо аз ҳисоби то 65 доллар бо назардошти пардохтҳои гумрукӣ арзиши аслии як тоннаи бензини АИ 92 дар маҷмӯъ 76, 7 доллари амрикоӣ (376 сомонӣ) ё барои як литр 0,28 сомонӣ (28 дирам) меафзояд».

Дар ҳоле, ки мақомот болоравии нархи маводи нафтиро ба воқеиятҳои бозори ҷаҳониву корхонаҳои Русия рабт медиҳанд, ин вазъ умеди сокинони Тоҷикистонро ба коҳиши нархи сӯзишворӣ дар пайи Созишномаи интиқоли маводи нафтии Русия ба Тоҷикистон аз байн бурдааст. Ҳоҷӣ Алӣ, як ронанда ҳам дар тамос бо «Озодӣ» гуфт, нигарониаш аз он аст, ки ин болоравии якбора нест: «Мегуфтанд, ки бензин арзон мешавад, давлатҳо ба мувофиқа расидаанд, аммо ҳоло мебинем, ки нархҳо боз баланд мешаванд. Имрӯз ин қадар баланд мешавад, пагоҳ боз бо ягон баҳонаи дигар баланд мекунанд, пас оқибат чӣ мешавад?»

Созишномаи интиқоли маводи нафтии Русия ба Тоҷикистон миёни ду кишвар ҳанӯз соли гузашта ба имзо расида буд. Бино ба ин созишнома, Русия солона 1 миллион тонна маводи нафтиро бидуни боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон интиқол медиҳад. Ҳамчунин бо ин созишнома боҷӣ гумрукӣ аз маводи нафтии Русия бардошта шуд, ки ҳудуди 400 доллар ба ҳар тоннаи маводи нафтӣ рост меомад ва масалан, бензини навъи 92 – 6 сомонӣ ва навъи 95 – қариб 7 сомонӣ қимат дошт. Аммо ба дунболи ин ҳукумати Тоҷикистон сари ҳар тоннаи бензин - 55 евро, сӯзишвории дизелӣ - 8 евро ва авиакеросин - 25 евро аксиз ҷорӣ кард.
Бино ба иттилои расмӣ, ҳудуди 80 дарсади маводи нафтии Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад ва ҳиссаи воридот аз сӯи «Газпромнефт» наздик ба 40 дарсад аст.

Ба ҳамин тартиб, қимати маводи нафтӣ дар Тоҷикистон поён наомад ва аввалин болоравии нархҳо пас аз имзои Созишномаи миёни Русияву Тоҷикистон ин нуктаро рӯшан мекунад, ки аз ин ба баъд афзоиши нарх як раванди давомдор хоҳад буд. Заробиддин Файзуллоев, муовини вазири энержии Тоҷикистон мегӯяд, ин ниҳод танҳо иҷрои барномаро назорат мекунад ва болоравии нархҳо вобаста ба талаботи бозор аст: «Масъалаи нарх аз мо умуман вобастагӣ надорад. Мо танҳо инро назорат мекунем, ки чӣ қадар омаду чӣ қадар монд. Мо инро то охири сол назорат карда, сипас хулосаҳои худро мебарорем».

Иддае ҳам бар инанд, ки Русия баробари боло бурдани қимати маводи нафтӣ ба далели воқеиятҳои бозори ҷаҳонӣ рӯзе «обро ба лаби ҷӯй баробар хоҳад кард». Ва азбаски Тоҷикистон узви Иттиҳоди гумрукӣ нест, пайваста бо ин 60 ва 70 доллар боло бурдани қиматҳо ҳамон боҷи гумрукии лағвшударо амалан барқарор мекунад.
XS
SM
MD
LG