Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди аэрокеросин масири парвозҳоро дигар кард


Камбуди сӯзишворӣ ё аэрокеросин, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро ба мушкил дучор кардааст.

Ҳавопаймоҳои «Тоҷикэйр» ва «Сомонэйр» - ду ширкати ватанӣ айни ҳол ин мушкилро тариқи такмили сӯзишвории худ дар фурудгоҳҳои кишварҳои сарироҳ ҳал мекунанд. Ҳудуди 15 ширкати хориҷие, ки бо интиқоли мусофирон ба Душанбе меоянд, сӯзишвории рафтуомади худро аз кишварҳояшон мегиранд, то дар Тоҷикистон ба мушкил дучор наоянд.

Лола Кенҷаева, сухангӯи «Тоҷикэйр» ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ҳавопаймоҳои ин ширкат ҳудуди як моҳ аст, ки аз фурудгоҳҳои мобайнӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Русия сӯзишвории худро такмил мекунанд, аммо ин вазъ нороҳативу хароҷоти дигарро дар зимн дорад: «Агар хатсайр се ё чор соат бошад, мусофирон маҷбуранд, ки ҳангоми такмили сӯзишворӣ дар фурудгоҳи мобайнӣ вақти худро аз даст диҳанд ва ба рейсҳои транзитии худ саривақт рафта нарасанд. Ин нороҳатии мо ҳам ҳаст. Ҳамчунин фуруд омадан дар фурудгоҳи кишвари дигар мо бояд пардохт кунем, яъне барои ширкат ҳам хароҷот иловагӣ мешаванд. Аз ин сарфакорӣ фоидае ҳам нест, ба ҷуз зоеъ кардани вақт.»

29--уми октябр Ширкати таъмини сӯзишворӣ (ТЗК), ягона муассисае, ки ҳавопаймоҳоро дар фурудгоҳи Душанбе бо аэрокеросин таъмин мекунад, барои тайёраҳо лимити сӯзишворӣ дар ҳаҷми 5 тон ҷорӣ карда буд. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, дар оғоз ин маҳдудият ба ҷуз «Сомонэйр» ба дигар ширкатҳо дахл дошт, аммо ҳоло ҳавопаймоҳои ин ширкати соҳиби имтиёз низ дар фурудгоҳҳои мобайнӣ барои такмили сӯзишворӣ поён мешаванд.

Масъулини «Ширкати таъмини сӯзишворӣ» аз сӯҳбат бо мо худдорӣ карданд, аммо тибқи як маълумоте, ки аз ин ширкат дастраси мо шуд, зимни созишномаҳо 5 ҳазор тонна аз корхонаи коркарди нафти шаҳри Орски Русия ва 3 ҳазор тонна аз Туркманистон аэрокеросин то охири моҳ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Бино ба ин манбаъ, Тоҷикистон солона аз хориҷ 68 ҳазор тонна - 80 дарсад аз Русия ва бақия аз Туркманистон ин навъи сӯзишвориро ворид мекунад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:31 0:00
Линки мустақим

Анвар Нуров, сарвари шӯъбаи фурудгоҳҳои раёсати авиатсияи вазорати нақлиёти Тоҷикистон нигарониҳо дар мавриди боло рафтани қимати чиптаҳои ҳавопаймоҳоро бепоя хонд. Вай гуфт, то охири моҳ ин мушкил ҳалли худро меёбад ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ дигар дар фурудгоҳҳои мобайнӣ нахоҳанд нишаст: «Аслан ин мушкил соли 2012 сар зад, вақте дар Русия барои маводи нафтӣ боҷи гумрукӣ ҷорӣ карданд. Ин қимати сӯзишвориро боло бурд. Аммо ҳоло мақомоти зидахл дар ҳамдастӣ бо Ширкати таъмини сӯзишворӣ вориди амал шудаанд ва пас аз ворид шудани аэрокеросин аз Русияву Туркманистон ин мушкил ба пуррагӣ ҳалли худро хоҳад ёфт».

Русия шурӯъ аз соли 2010 барои маводи нафтие, ки ба Тоҷикистон мефурӯхт, боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард ва дар қатори дигар навъҳои сӯзишворӣ қимати аэрокеросин – навъи стратегии он низ боло рафт. Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло аз Русия як тони аэрокеросин бо қимати 1300 доллар вориди Тоҷикистон мешавад. Бо иловаи 416 доллар боҷӣ гумрукӣ ва ҳам хокпулӣ ё ҳаққи транзит дар масири миёни ду кишвар, қимати аслии он ба 1800 доллар мерасад. Ҳавопаймоҳо онро дар ҳоли ҳозир ба 1900 доллар мехаранд, дар ҳоле ки онро, масалан, дар Русия ба 900 ва дар Қирғизистон ба 1 ҳазору 140 доллар дастрас кунанд.

Ҳафтаи қабл Русия эълон дошт, ки муваққатан боҷи гумрукиашро аз маводи нафтӣ барои Тоҷикистон лағв хоҳад кард. Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, аввалин сӯзишвории бидуни боҷи гумрукӣ 2 декабр ворид ва ба мизоҷон бо нархи арзонтар дастрас хоҳанд шуд. Аммо коршиносон мегӯянд, ба коҳиши қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон наметавонанд бовар кунанд, чун аз қабл мақомот эълон доштаанд, ки ҳамчунин арзониро пешбинӣ намекунанд, чун тоҷирон ҳам намехоҳанд даромадҳои худро коҳиш диҳанд.

Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик.
Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик.
Коршинос Зафар Абдуллоев мегӯяд, ин ба он маъно хоҳад буд, ки қимати чиптаву дигар молу маводи ниёзи мардум низ тағйир нахоҳад буд: «Гумони ғолиб бар он аст, ки қиматҳо боло мераванд, на поён. Он чӣ имрӯз мушоҳида мешавад. Ҳарфи имзо шудани созишнома садо доду камбуди маводи нафтӣ ҳам ба миён омад. Ҳоло қимати бензин ҳам боло рафта, дар нуқтаҳои сӯзишворӣ ҳатто камбуд ба назар мерасад. Чун дар бозор рақобати солим нест, инро интизор набояд дошта бошем, ки пас аз лағви боҷи гумрукӣ арзонӣ мешавад. Ва бар хилофи ҳамаи қонунҳои бозор Худо накунад, ки бадтар шавад»

Коршиносон мегӯянд, бозори ҳавонавардии Тоҷикистон бо ин вазъе, ки дорад, пойдор буда наметавонад, чун агарчи ҳоло рақобати воқеӣ дар дохили кишвар нест, алтернативаи худро дар хориҷ пайдо кардааст. Онҳо шурӯи равуои мардум тариқи фурудгоҳҳои Қирғизистон дар Бодканду Ӯшро мисол меоранд, ки рӯз ба рӯз муштарии бештареро аз Тоҷикистон ба худ ҷалб мекунанд, чун нархи чиптаи онҳо аз дар қиёс бо ҳавопаймоҳои тоҷикӣ як баробар арзон аст.
XS
SM
MD
LG