Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирор аз дӯзах. Роҳи душвор аз Сурия то Ватан


Ба қавли бархе аз коршиносон, имконияти афроде, ки аз "Давлати исломӣ" пушаймон шуда, онро тарк кардан мехоҳанд, хеле маҳдуд буда, асосан аз фирор дар фурсати муносиб иборат аст.

Падару модарони ҷавононе, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамроҳ шудаанд ва мақомоти Тоҷикистон теъдоди чунин афродро 486 нафар меноманд, ҳайрону музтаранд. Онҳо бо нигаронӣ аз хабари нохуш даст ба домони мақомоти кишвар мезананд, то фарзандашонро аз Сурия ё Ироқ бозпас ба Ватан баргардонанд. То ҳол ба чанд нафари ангуштшумор муяссар шудааст, ки аз қаламрави таҳти назорати "Давлати исломӣ" фирор кунанд. Бархе аз коршиносон чунин фирорро "мӯъҷиза" меноманд ва бархи дигар мегӯянд, гурехтан аз дасти "Давлати исломӣ" номумкин аст.

Фаррух Шарифов, сокини шаҳри Хуҷанд, ки мегӯяд, баъд аз дидани бераҳмиҳои "Давлати исломӣ" ва дидани он ки занони муҷоҳидони тоҷик хариду фурӯш мешаванд, аз сафари худ ба Сурия пушаймон шуд, танҳо ба шарофати як харитаи қаламие наҷот ёфт, ки марди арабе барояш кашид. Ин нақша барои ӯ имкон дод, аз минтақаҳои минакоришуда ва посгоҳҳои бешумори ҷангҷӯён эмин гашта, дар биёбон аз ташнагӣ намирад. Ба гуфтаи худаш ӯ аз шаҳри Раққаи Сурия ба марзи Туркия расид ва худро ба мақомоти турк таслим кард.

Фаррух Шарифов, ҷавоне, ки аз Сурия баргаштааст
Фаррух Шарифов, ҷавоне, ки аз Сурия баргаштааст

​Намунаи Фаррух Шарифов даҳҳо падару модарро умедвор кард, ки фарзандонаш метавонанд, бо ҳар роҳ ки бошад, ба ватан баргарданд ва дар Сурия ё Ироқ кушта нашаванд. Аммо фирор аз қаламравҳои таҳти назорати "Давлати исломӣ" ҳатто барои онҳое, ки дар Ироқ ё Сурия зода ва бузург шудаанд, осон нест.

Як духтари 20-солаи язидӣ бо номи Аёзбеҳ, ки баъд аз чаҳор моҳи гаравгонӣ, тавонист, ки бо азиятҳои зиёд шаҳри Раққаро тарк кунад, мегӯяд: "Хоҳари ман дар Раққа буд ва тавассути ӯ бо яке бародарҳоям телефон кардам. Ӯ ба як қочоқбар пул дод ва он қочоқбар ба фирори ману ҳафт духтари дигар кӯмак кард».

Аёзбеҳ ва 114 духтари дигар "ғуломони шаҳвонӣ"-и ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" буданд ва мавриди таҷовузи мусаллаҳон қарор мегирифтанд.

«Онҳо моҳи август ба русто ҳамла карда, ҳамаро дар бинои мактаб маҳкам карданд. Аз занҳо ҷавоҳирону соатҳо ва аз мардҳо телефонҳои мобилу мошинҳоро гирифта, занҳову мардҳоро аз ҳам ҷудо намуданд ва ҳама мардҳоро тирборон карданд".

Язидиҳо баъди раҳоӣ пас аз амалиёти курдҳо
Язидиҳо баъди раҳоӣ пас аз амалиёти курдҳо

Сипас, ба гуфтаи Аёзбеҳ, ситезаҷӯён онҳоро ба рустои Ченкел бурда, духтарони қадрасро аз занони кӯдакдор ҷудо намуданд. Ӯ аз сарнавишти он занҳо хабар надорад. Аёзбеҳ мегӯяд, ки ситезаҷӯён 114 духтарро дар автобусҳо ба Мовсил бурда, онҳоро боз ба се гурӯҳ ҷудо намуданд. Ду гурӯҳро ба шаҳрҳои Тал-Афар ва Раққа бурданд, дигарҳо дар Мовсил монданд.

Ба гуфтаи ин духтари язидӣ, дар Раққа ҳар шаб мусаллаҳони «Давлати исломӣ» омада, духтари дилхоҳашонро бо худ мебурданд ва ба номусаш таҷовуз мекарданд. "Мо дар як хонаи бузург 16 нафар мондем. Аввали моҳи сентябр хостем аз он ҷо гурезем, аммо нақшаамон ба хок хӯрд… Масъулиятро ман бар ӯҳда гирифтам. Пурсиданд, ки чаро фирор кардӣ? Гуфтам, ки ин гуна зиндагӣ тоқатфарсост, зеро ба мо таҷовуз мекунед, дини моро поймол мекунед ва мехоҳед, ки мо аз роҳи зӯр исломро қабул кунем... Се муҳофиз маро то хаста шудаашон лату кӯб карданд. Аз 2 сентябр то 1 ноябр ман дар хонаи як мансабдори ДИИШ мондам ва ба зану кӯдакҳои ӯ хизмат мекардам… Хоҳари ман дар Раққа буд ва тавассути ӯ бо яке бародарҳоям телефон кардам. Ӯ ба як қочоқбар пул дод ва он қочоқбар ба фирори ману ҳафт духтари дигар мусоидат кард».

Аёзбеҳ мегӯяд, ки бо вуҷуди раҳоӣ ӯ худро хушбахт намешуморад, зеро баъд аз бозгашт ба Синҷор нишоне аз волидайн ва се бародари дигараш наёфт.

Сергей Данилочкин
Сергей Данилочкин

Сергей Данилочкин, таҳлилгари масоили Ховари Миёна мегӯяд, онҳое, ки ба асорати ситезаҷӯён меафтанд ё ба онҳо пайваставу пас аз пушаймонӣ ба ватани худ баргаштан мехоҳанд, фақат ду роҳи наҷот доранд – яке гуфтушунид ва пардохти маблағ ва дигарӣ - фирор ҳангоми қулай омадани вазъият ё бар асари хунукназарии нигаҳбонҳо: “Афродеро, ки кӯшиши фирорашон ноком мешавад, ҳукми қатл интизор аст... Фирор осон нест, зеро, ба гуфтаи шоҳидон, дар атрофи шаҳру минтақаҳои зери назорати ДИИШ посгоҳҳои зиёд гузошта шудаанд ва тарки мавзеъ фақат бо гузарномаи махсус мумкин аст. Аслан ҳодисае, ки як каси навмедшуда аз ДИИШ фирор мекунад ва аз роҳу бероҳаҳову бидуни дучор омадан бо патрул ё аз канори постгоҳҳо ба минтақаи берун аз назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” мерасад, як мӯъҷиза аст”.

Вале ба ақидаи Андрей Казантсев, раиси Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии Русия, ки пажӯҳишҳое дар бораи "Давати исломӣ" анҷом додааст, шумораи афроди ноумедшуда аз “Давлати исломӣ” зиёд ҳам нест, зеро бештари онҳо ақидаи тундгароёнаи мазҳабӣ доранд ё онҳоро қабл аз ҳамроҳ шуданашон ба сафи “Давлати исломӣ” ба таври кофӣ мағзшӯӣ кардаанд. Зимнан, ба гуфтаи муҳаққиқи рус, то имрӯз ягона роҳи берун шудани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ аз манотиқи таҳти назорати "Давлати исломӣ" дар Сурия тавассути марзҳои Туркия аст.

Маҳдии Собир, таҳлилгари масоили амниятӣ, мегӯяд, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз фирори афроди пушаймоншуда ҷилавгирӣ мекунад, зеро аз ифшои асрор ва бераҳмиҳояш бим дорад. Аслан, ба гуфтаи ӯ, муҷоҳидони оянда на фақат аз тариқи Туркия, балки аз Дубай, марзҳои Эрону Ироқ ва дигар кишварҳо низ ба сафи “Давлати исломӣ” ҳамроҳ мешаванд. “Албатта, ҳозир масъала гузоштаанд, ки ҳар нафаре ба ин кишварҳо меравад, бояд санҷида ва ҳадафи сафарашон муқаррар шавад ва аллакай чанд нафарро қабл аз парвоз боздошт ҳам карданд...”

Маҳдӣ Собир
Маҳдӣ Собир

Аммо, аз нигоҳи Маҳдии Собир ҳам, “фирор аз майдони ҷиҳод тақрибан ғайримумкин аст, вақте шумо аз ҷабҳа гурехтанӣ мешавед, ҳамроҳони худатон шуморо ҳадафи тир қарор медиҳанд, ин қонуни ҳар ҷанг аст”...

То имрӯз, бино ба иттилои расмӣ, тақрибан даҳ тан аз шаҳрвандҳои Тоҷикистон баъд аз пушаймониву навмедӣ тавонистанд, ки сафи ДИИШ-ро тарк кунанд. Бори аввал фирор ба Одил Пӯлодов ва Комил Шукуров, сокинони ноҳияи Спитамен даст дод. Онҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд, аммо Турдиалӣ Пӯлодов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 2 июн аз қавли бародараш Одил гуфт, ки ӯ баъд аз ду ҳафтаи ҳузур дар Сурия аз карда пушаймон шуд ва бо заҳматҳои зиёде тавонист, ки худро то марзи Туркия расонад.

Фаррух Шарифов ҳам мегӯяд, гурӯҳи "Давлати исломӣ" он нафарони худро, ки камтарин нишонаи саркашӣ ё дигарандешӣ нишон медиҳанд ё фирор карданӣ мешаванд, аз байн мебарад. "Агар онҳо эҳсос кардаанд, ки ту ба ақидаи онҳо мухолифат нишон медиҳӣ ва дар ҷангҳо ширкат кардан намехоҳӣ, дарҳол ба қатл мерасонанд. Вале агар ба суханони онҳо "хуб" гуфта кор кунӣ, шонси зинда мондан ва ё дар амалиёт ҷароҳат бардоштану фирор кардан ба маротиб бештар аст”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон чанд рӯз пеш аз бозгашти бо ду тоҷики дигар аз майдонҳои ҷанг дар Сурия хабар дод. Ин ниҳод рӯзи 30 май бо нашри иттилоъ дар торнамои расмияш гуфт, Мавҷуда Сабурова ва Ризвон Аҳмадов, сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа, баъди чанд моҳи будубош дар таҳхонаҳои ҷангиён дар Сурия ва омӯзиши фаъолиятҳои террористӣ аз шаҳри Раққаҳ фирор карда, худро ба Туркия расондаанд ва аз он ҷо бо ёрии намояндагони Вазорати умури дохилӣ ба Душанбе баргаштаанд... Онҳо баъд аз раҳоӣ гуфтанд, ки бо чӣ душвориҳое тавонистанд аз дӯзахи "Давлати исломӣ" озод шаванд. Албатта, ба гуфтаи Маҳдӣ Собир, беҳтар мебуд агар касони дар сар ҳавои ширкат дар "ҷиҳод" дар Сурияву Ироқ қабл аз сафар андеша кунанд, ки роҳи бозгашт ба хонаи падарӣ доранд ё на...

XS
SM
MD
LG