Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Содиқов ба Душанбе оварда шуд (ВИДЕО)


Александ Содиқов дар намоиши Телевизиони Бадахшон, 19-уми июни соли 2014.
Александ Содиқов дар намоиши Телевизиони Бадахшон, 19-уми июни соли 2014.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шоми 20-уми июн хабар дод, ки Александр Содиқов аз Хоруғ ба Душанбе, ба Боздоштгоҳи муваққати КДАМ оварда шудааст.

Шоми 20-уми июн Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳорот дод, ки Александр Содиқов аз Хоруғ ба боздоштгоҳи муваққати ин кумита дар Душанбе оварда шуд. Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ дар ин баёнияи кӯтоҳ гуфтааст, аз тарафи Раёсати тафтишотии он нисбати Александр Содиқов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, рӯзи 19-уми июн Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дастури боздошти ӯро нашр кард. Сипас гуфта мешавад, аз лаҳзаи боздошташ Содиқов бо вакили дифоъ таъмин буда, ба хонаводаи ӯ дар бораи боздошт ва макони будубошаш хабар дода шудаст.

Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки Созмони Афви байналмилал аз мақомоти Тоҷикистон хост, макони будубоши Александр Содиқовро, ки аз рӯзи 16 июн дар Хоруғ боздошт шудааст, эълом дорад ва ӯро бо вакили дифоъ таъмин намояд. Таври маълум мақомоти Тоҷикистон Содиқовро тибқи банди 305 кодекси ҷиноӣ барои "хиёнати беасос бар зарари давлат", яъне "ҷосусӣ ва фош намудани сирри давлатӣ" муттаҳам донистааст. Дар сурати собит шудани ин айбнома ба Содиқов аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Порае аз суханронии Содиқов дар телевизиони Бадахшон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00


Дархости бархӯрди қонунӣ ва одилона нисбати унвонҷӯи Донишгоҳи Торонтои Канада ҳамчунин аз тарафи Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Дидбони Ҳуқуқи Башар, созмони “Хонаи Озодӣ” низ дархост шудааст. Даҳҳо олим аз донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳон дар як номаи дастаҷамъона аз Содиқов ҳамчун пажӯҳишгар ном бурда, иттиҳоми ҷосусии ӯро беасос хондаанд.

Вале Амирқул Азимов, раиси Кумитаи амният ва дифои порлумони Тоҷикистон, мегӯяд, унвонҷӯ будани Содиқов, маънои онро надорад, ки ӯ наметаванд ба ҷиноят даст даст назанд. Ӯ мефзояд, «на танҳо унвонҷӯҳо, балки вазирҳо ва шахсони баландмақом низ ҷиноят содир мекунанд. Барои ҳамин ҳам фарқият

Амирқул Азимов
Амирқул Азимов

даровардан, ки вай унвонҷӯ ё ягон коргари оддӣ аст, дар назди қонун ҳама баробаранд. Давлату давлатдорӣ ва сохторҳои давлат ҳастанд. Ва ҳамаи корҳое, ки сохторҳои давлат анҷом медиҳад ба хотири осудагии мардум ва дар асоси қонунҳои мавҷуда сурат мегирад. Аз ин берун ягон чораҷӯӣ кардан ғайриқонунист ва онҳо ҳеҷ гоҳ ин корро намекунанд.»

Ҷаноби Азимов афзуд, бовар дорад, ки сарнавишти шахси боздоштшуда дар доираи қонун ҳал мешавад ва тафтишот гунаҳкор ва ё бегуноҳ будани ӯро муайян мекунад. Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи иносони парлумон низ бар ин аст, ки Александр Содиқов беасос боздошт нашудааст. Вай мегӯяд, «агар асос барои дастгир кардан намебуд, ӯ боздошт намешуд. Аммо барои боздошт чӣ далел вуҷуд дорад, инро танҳо мақомоти тафтишотӣ медонад.»

Ин дар ҳолест, ки худи Александр Содиқов дар баёноташ аз тариқи телевизиони Бадахшон мегӯяд, ҳамагӣ барои 3 рӯз ба Хоруғ ва бо ҳадафи таҳқиқи рисолаи илмияш омадааст. Дар ин навор, ки дар ихтиёри радиои Озодӣ қарор дорад, Содиқов мегӯяд, қабл аз сафар ба Хоруғ бо сафири Бритониё дар Тоҷикистон мулоқот доштааст.

Содиқов меафзояд, «мо бо Ҷон Хизершоу раҳбари илмиям рӯзи 12-уми июн дар Душанбе вохӯрдем ва баъд аз сӯҳбат кӯтоҳ якоҷоя ба қароргоҳи сафири Бритониё рафтем. Сафир ин қабулро ба муносибати омадани Хизершоу ташкил карда буд ва дар он 8 нафар ширкат доштанд, мо бо ҳам сӯҳбат кардем, ғизо хӯрдем. Баъд аз ин Ҷон Хизершоу ба ман гуфт, ки бо сафир сӯҳбат доштааст ва ӯ гуфтааст, ки дар марзи Бадахшон тирпаронӣ шудааст ва ӯ ба Хоруғ наравад. Аз ин хотир Хизершоу пешниҳод кард, ки ман дар танҳоӣ ба Бадашон биравам ва ин мулоқотҳоро анҷом бидиҳам. Ман ҳам розӣ шудам.»

Содиқов дар идомаи сӯҳбаташ мегӯяд, ки барои ду рӯзи корӣ ва гузаронидани 5 мусоҳиба ба ӯ 300 доллар пешниҳод кардаанд. Ба ғайр аз ин ба ӯ пардохти хароҷоти роҳкиро низ ваъда шудааст. Вале зимни гузаронидани нахустин мусоҳибааш бо Алим Шерзамонов Александр Содиқов боздошт шуд.

Раҳматуллоҳ Зоиров
Раҳматуллоҳ Зоиров

Дар ҳамин ҳол Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲСДТ ва ҳуқуқдони тоҷик боздошти Содиқовро нишони бесалоҳиятии мақомот медонад. Вай мегӯяд, «агар аз лиҳози ҳуқуқӣ бигирем ва агар ин ки корҳои оперативӣ-таъҷилии мақомот бошад бояд ӯро дар Душанбе боздошт мекарданд ва ё ҳадди ақал пешниҳод менамуданд. Аммо на ба ин шакл ки ӯ мақоми махусус дораду татқиқотчии илмӣ аст ва барои мулоқот мераваду маҳз дар ҳамин асос ӯро дастгир мекунанд. Чунин амалро дар забони русӣ «нонсенс» мегӯянд. Зеро дар ин ҷо ман ягон асоси ҳуқуқиро аз ҷиҳати қонунгузорӣ намебинам. Дигар ин, ин ки тибқи қонунгузорӣ ва сарқонуни кишвар аз рӯзи аввали боздошт вай ҳуқуқ ба ҳимоятчиро дорад ва бояд адвокат нисбати ин масъала ақидаи худро пешниҳод кунад.»

Ба назари ҳуқуқшиносон, исботи айбномаи расмии зидди Александр Содиқов осон нахоҳад буд, зеро кори илмии ӯ ба низоъҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо рабт дорад, ки пурсуҷӯи ҳама гуна маълумоти дахлдорро тақозо мекунад. Зимнан ба гуфтаи манбаҳои наздик ба хонаводаи Содиқов, дар рӯзи дуввуми боздошти вай кормандони пулис хонаи модари ӯро кофтуков ва компутеру флеш-картаҳои Содиқовро мусодира кардаанд.

HRW: Тоҷикистон Содиқовро ё озод кунад, ё ҷурмашро бигӯяд

Созмони Human Rights Watch аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, то Александр Солдиқвро ё билофосила озод кунанд ваё алайҳи ин блогнавис ва муҳаққиқ иттиҳомоти “қобили боварӣ” эълон намояд. Созмони Human Rights Watch (HRW) рӯзи 19 июн бо нашри як изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хост, Александр Солдиқвро ё билофосила озод кунанд ваё алайҳи ин блогнавис ва муҳаққиқ иттиҳомоте эълон кунанд, ки “қобили боварӣ” бошад. Ҳю Виллямсон, мудири барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Human Rights Watch гуфт, мақомоти тоҷик 3 рӯз боз дар бораи куҷо будану вазъи ин муҳаққиқ маълумоте надодаанд. Виллямсон гуфт, “ҳукумати Тоҷикистон бояд Александр Содиқовро ё билофосила озод кунад ваё алайҳаш иттиҳоми қобили боварӣ эълон карда, дастрасии ӯ ба вакили мудофеъ ва аҳли хонаводаашро таъмин кунад.”

Ӯ афзуд, “давлати Тоҷикистон зоҳиран тибқи мақоли “аввал боздошт ва баъд – пурсуҷӯ” амал кардааст.” Манобеъи наздик ба игн созмони ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, пулис манзили модари Содиқов дар Дуланберо низ ҷустуҷӯ карда, компутарҳо ва флеш-картаҳояшро мусодира кардаанд. Human Rights Watch боздошти Содиқовро ба “гум шудан” шабоҳат дода, мегӯяд, “гум шудан”-ҳо эҳтимоли шиканҷа ё бадрафториро зиёд мекунад. Ин созмон мегӯяд, “иҷборан гум кардани афрод ҷинояти ҷиддист ва дар кишваре, ки азми эҳтиром гузоштан ба ҳукми қонунро дорад, рух намедиҳад.”

Александр Содиқов дар Телевизиони Бадахшон

Содиқов, ки мақомот ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам мекунанд, дар наворе, ки аз сӯи КДАМ дар ихтиёри Телевизиони Бадахшон гузошта шудааст, аз сафараш ба Хоруғ ва мулоқоташ бо Алим Шерзамонов, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Бадахшон ҳикоят кард. Содиқов мегӯяд, Шерзамонов дар сӯҳбат бо ӯ гуфтааст, агар дар соли 2012 ҷавонони Бадахшон ба мақомоти қудратӣ эътимод надоштанд, дар пайи нооромиҳои соли 2014 онҳо боварияшонро ба мақомоти қудратӣ, ҳукумат, шабакаҳои Оғохон ва ҳатто худи Оғохони 4-ум аз даст додаанд.

Дар ин наворе, ки ду дафъа пахш шуд, Содиқов гуфт, барои пажӯҳиши «нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли низоъ» ба Бадахшон омадааст. Ӯ зикр кард, ки нахуст раҳбари илмиаш Ҷон Хизершоу ба ӯ супориш додааст, то ба Бадахшон биравад, аммо баъдан бо ӯ тамос гирифта таъкид мекунад, ки сафарашро анҷом надиҳад, зеро Хизершоу бо сафири Бритониё дар Тоҷикистон сӯҳбат кардааст ва авзои Бадахшонро ноамн хондааст.

Бинандагони Телевизиони Бадахшон мегӯянд, аз навор маълум мешуд, суханони Содиқов “таҳрир” шуда, зеро вай ҷумлаашро ба охир нарасонида, зуд ҷумлаи дигарро оғоз мекард ва тасвир ҳам «мепарид”.

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Дар ҳамин ҳол Алим Шерзамонов, дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, бо Александр Содиқов дар мавриди Оғохон ва шабакаҳояш ҳарфе нагуфтааст. Ба бовари ҷаноби Шерзамонов, ҳадаф аз пахши ин навор ва дар миён андохтани исми Оғохон, нохун задан ба эътиқоди мазҳабии мардуми Бадахшон ва бо ин васила сиёҳ кардани вай дар чашми ин мардум аст: «Ҳадафи онҳо аслан ман ҳастам. Зеро ҳанӯз 1 ҳафта пеш ба ман пайғом дода буданд, ки агар ман бо талаби онҳо розӣ нашавам ва Тоҷикистонро тарк накунам, онҳо дар назди мардум маро сиёҳ хоҳанд кард, аммо ман гуфтам ихтиёратон. Он вақт шояд Содиқов дар тарҳ ҳам набуд. Ин навори сохта аст ва маълум аст, ки Содиқов баъди фишор ин гапҳоро гуфтааст.»

Ба миён овардани номи Оғохони Чаҳор дар пасманзари намоиши эътирозӣ дар назди сафорати Бритониё дар Душанбе дар рӯзҳои сафари сафири ин кишвар ба Хоруғ ишораи мақомотро рӯшантар мекунад. Аммо раҳбари Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов, мегӯяд, ин шабака дар ноором кардани вазъи Бадахшон ҳеч манфиате надорад.

Вай дар бораи розӣ ё норозӣ будани мардум аз кори ин шабака гуфт: «Мардуми Бадахшон аз бисёр корҳо розӣ ҳастанд, аз бисёр корҳо норозӣ нестанд. Нигаронӣ ҳам зиёд аст, интизорот ҳам хеле зиёдтар аст. Ман намегӯям, ки мардум 100 дарсад аз кори мо розӣ бошад. Ҷое меравем, ки таъриф мекунанд, раҳмат мегӯянд, ки ҳамин корро кардед. Боз меравем ҷое ки мегӯянд, бояд ҳамин корро мекардед, вале накардед. Сабабҳои объектививу субъективии зиёде ҳаст, ки мо наметавонем ҳар корро кардан - ҳам аз нуқтаи назари молиявӣ, ҳам аз нуқтаи назари сиёсӣ ва ҳам аз нуқтаи назари динӣ. »

Бо пайдо шудани Александр Содиқов дар телевизиони Бадахшон, бархе аз бинандаҳо интизори инро доштанд, ки вай зери фишор ба ҷосус будани худ иқрор мекунад. Аммо Содиқов дар ин бора чизе нагуфт ва тавре дида мешавад, ба иттиҳом тан надодааст. Дар ҳоли ҳозир аз ин навор “интиқод”-и Алим Шерзамонов аз Бунёди Оғохон дар ёдҳо монд.

Freedom House: "Ба қазияи нопадид шудани Содиқов рӯшанӣ андозед"

Созмони Хонаи Озодӣ ё Freedom House мегӯяд, ки боздошти Александр Содиқов аз сӯи мақомоти тоҷик, ба нопадид шудан шабоҳат дорад. Дар вокуниш ба боздошти шаҳрванди Тоҷикистон ва унвонҷӯи Донишгоҳи Торонтои Канада Александр Содиқов аз сӯи мақомоти амниятии тоҷик ба иттиҳоми ҷосусӣ, созмони Хонаи Озодӣ ё Freedom House, марказаш дар Амрико баёния пахш кардааст. Дар он омадааст, ки мақомоти тоҷик бояд хонаводаи Александр Содиқов ва ҳамкорони ӯро аз иллати боздошт ва ҷои нигаҳдорияш дар ҷараён гузорад.

Давид Крамер, раиси Хонаи Озодӣ дар ин баёния гуфтааст, ки Содиқов бояд бо тасмими худ вакили мудофеъ интихоб намуда, аз худ дифоъ кунад. Дар ин баёния аз ҷумла гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳоли ҳозир шеваи боздошти Александр Содиқов ба нопадид шудан шабоҳат дорад. Аз ин рӯ Freedom House аз мақомоти тоҷик хостааст, ки ба ин масъала рӯшанӣ биандозанд.

Дар ҳамин ҳол Едвард Счатз ( Edward Schatz), ки худро раҳбарии илмии Александр Содиқов муаррифӣ кардааст, тай як нома ба унвониии вазоратҳои умури хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистон аз вазъи пешомада дар нисбати шогирдаш дар Хоруғ, нигаронии амиқ баён кардааст. Ӯ аз мақомоти тоҷик дархост кардааст, ки дар амри ҳифозати Александр Содиқов ва ҳуқуқи хонаводаи ӯ иқдом намоянд. Дар ин нома ҳамзамон нигаронӣ шудааст, ки Александр Содиқов ҳеҷ гуна тамос бо вакили мудофеъ, ҳамкорон ва хонаводааш надорад. Аз ин пеш сафири Бритониё дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит аз боздошт шудани Александр Содиқов изҳори нигаронӣ карда, ҷӯёи рӯшанӣ дар ин қазия шуда буд.

Алим Шерзамонов, муовини раиси ҲСД дар Бадахшон мегӯяд, Александр Содиқов, ҳанӯз чанд моҳ қабл бо ӯ аз Торонто тамос гирифта, хоҳиши мулоқотро карда будааст. Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, то он даме, ки боздошт шавад, Александр Содиқов, тӯли яку ним ним соат бо ӯ дар мавриди ҳодисаҳои соли 2012 - и Хоруғ сӯҳбат доштааст.

Дар номаи расмии Донишгоҳи Торонто, ки рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ расид, донишҷӯи ин муассисаи таълимии Канада будани Александр Содиқов тасдиқ шуда, омадааст, ӯ аз соли 2011 дар ин ҷо бо навиштани рисолаи докторӣ машғул аст.

XS
SM
MD
LG