Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё аз шаҳрвандонаш хост ба Бадахшон нараванд


Бритониё аз шаҳрвандонаш хостааст, ба Бадахшон нараванд, зеро ҳукумати Тоҷикистон амнияти онҳоро дар минтақа замонат намедиҳад.

Ба думболи эътирози як гурӯҳи занон дар назди сафорати Бритониё дар Душанбе, вазорати умури хориҷии ин кишвар аз шаҳрвандони Бритониё хостааст, ба истиснои сафарҳои зарурӣ дигар аз ҳар гуна сафар ба Вилояти Бадахшони Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Дар ҳушдори вазорат, ки дар торнамои сафорати Бритониё дар Душанбе нашр шудааст, омадааст, ки “Ҳукумати Тоҷикистон судури иҷозаи сафар ба шаҳрвандони хориҷӣ ба Бадахшонро муттавақиф карда ва тавсия додааст, ки айни замон амнияти шаҳрвандони хориҷиро дар минтақа замонат намедиҳад.”

Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Душанбе дар саҳифааш дар Твиттер навиштааст, ки тавсияҳои нав барои сафар ба Бадахшонро “баъди тавсияҳои возеҳи ҳукумати Тоҷикистон” тағйир додаанд.

Вазорати умури хориҷии Бритониё аз он шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Бадахшон ҳастанд, хостааст, “сари тарки ин минтақа андеша кунанд”, вале агар мехоҳанд бимонанд, бояд дар кӯчаҳо нагарданд ва ё аз ҳузур дар ҳар гуна ҷамъомадҳои бузург парҳез кунанд.

Ба навиштаи сафорат ба думболи хушунатҳои ахири моҳи май Хоруғ, рӯзи 10-уми июн дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва дар наздикии шаҳри Хоруғ як тирандозӣ сурат гирифт. Баъди ин ҳукумати Тоҷикистон тадобири амниятиро дар минтақа тақвият бахшида ҳузури низомиёнро дар кӯчаҳои Хоруғ зиёдтар кард. Дар ин ҳушдори сафорат, ки ҳафтаи гузашта нашр шудааст, омадааст, ки хатари такрори хушунат дар Хоруғ ҳамчунон боқӣ мемонад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон то кунун дар бораи манъи судури иҷозаи сафар ба хориҷиён шарҳе надодааст. Аммо ҳушдори сафорат ду рӯз баъд аз он содир шуд, ки дар гурӯҳе аз занон рӯзи 10 июн дар назди сафорати Бритониё дар Душанбе эътироз карда ва ба бинои сафорат санг андохтаанд ва гӯиё ҳангоми тазоҳурот дар бораи Бадахшон низ сухан мегуфтанд.
XS
SM
MD
LG